Профессор Худойназар Асозода: “Раҳим Ҷалил яке аз саромадони насри тоҷик буд”. Охираш
Романи “Одамони ҷовид” натиҷаи заҳмати даҳсолаи Р. Ҷалил мебошад. Яъне нависанда ин муддат, сараввал романро бо номи “Гулрӯ”, соли 1941, рӯйи чоп овард, аммо аз он қаноатманд нашуду баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум онро аз нав таҳрир намуда, мавзӯъро инкишоф дода, қисми дуввуми романро навишт ва ба ҳарду қисм дар якҷоягӣ номи “Одамони ҷовид”-ро гузошт. Ин роман, воқеан моҳияти аслии мавзӯи доғи таърихи нави тоҷикро нишон дода метавонист. Дар солҳои 50-ум ва баъд ҳам ин роман аз хонданбобтарин асар ҳисоб меёфт.
Нақши қаҳрамонони марказии он, ба хусус Пӯлод ва Гулрӯ ниҳоят ҷолиб аст. Агар ба таърихи номгузории фарзандони тоҷик дар солҳои мавриди назар мутаваҷҷеҳ шавем, хоҳем дид, ки маҳз дар ҳамин айём дар хонаводаҳои тоҷик исмҳои Пӯлод ва Гулрӯ пайдо шудаанд ва падарону модарон орзу карданд, ки фарзандонашон монанди Пӯлоду Гулрӯ намунаи ибрати ҷомеаи тоҷик бошанд. Агар зиндагиномаи ин ду қаҳрамони бадеии Р.Ҷалил дар шахси Пӯлод ва Гулрӯ, ки ҷанбаи ҷамбастӣ касб кардаанд, воқеият намедошт, онҳо аз дӯстдоштатарин тасвирҳои одамӣ шинохта намешуданд ва ҳам миёни хонандагон шӯҳрат пайдо наменамуданд. Аз ин ҷост, ки намунаи беҳтари Пӯлоду Гулрӯ чунонки Рустами “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар адабиёти бадеӣ ба вуҷуд наомад, дар насри тоҷики даврони шӯроии тоҷик низ падид наомаданд. Метавон гуфт, ки Р. Ҷалил бо инъикоси мавзӯи романи “Одамони ҷовид” насри таърихии устод Айниро инкишоф дода ва дар як ҷода романҳои таърихӣ- бадеии “Дохунда” ва “Ғуломон”-и С. Айнӣ Р. Ҷалилро илҳоми романнависӣ бахшидааст. Ба ҳамин монанд мавзӯи инъикоси бадеии табақаи коргар, ки Р. Ҷалил дар се қисми романи “Шӯроб” анҷом додааст, сарчашмааш повести “Одина”-и устод Айнӣ аст, ки чи навъ коргарони мавсимӣ дар корхонаҳои саноатии Фарғонаву Қуқанду Тошканд ва ғайра марказҳои саноатии Тоҷикистон заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд, то ки қутти лоямуте барои рӯзгори хонавода ба даст оварда бошанд. Аз ин ки дар маҷмуъ синфи коргари тоҷик маҳз дар мисоли сарнавишти коргарони кони ангишти Шӯроб дар қалами Р. Ҷалил мавриди баҳс қарор гирифтааст, воқеияти таърихӣ дорад, ба ин маънӣ, ки шаҳри Хуҷанд қабл аз инқилоби Уктабр ҳам маркази саноатӣ маҳсуб меёфт. Яъне, ин табақаи иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам шаҳрчаи Шӯроб анъанаи таърихӣ дошт ва фақат ҳамин минтақаи Тоҷикистон барои адибе, ки асари бадеие оид ба фаъолияти коргарони тоҷик навиштанӣ мешуд, мавод дода метавонист. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби муаррихи зиндаёд Темур Каримов мебошад, ки нигоштааст; “… Муаллиф барои нишон додани ташкилёбии синфи коргари тоҷик барои он конҳои ангиштсанги Шӯробро қарор додааст, ки дар он ҷо қариб аз ҳамаи районҳои ҳозираи Тоҷикистон коргарон кор мекарданд ва ин кон дар ҳамон вақт яке аз муассисаҳои калонтарини капиталистӣ на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Миёна ҳисоб меёфт…” (Т.Каримов. Инъикоси ҳодисоти таърихи дар романи “Шӯроб”- Шарқи Сурх, 1964.№7, с. 16). Гузашта аз ин баъд аз солҳои 50-уми асри бистум инъикоси бадеии мавзуи синфи коргар тамоми мактабҳои адабии Шуравиро фаро гирифт ва чунин шуд, ки дар ҳар ҷумҳурӣ адибони хосае ба тасвири бадеии синфи коргар пардохтанд. Воқеият ин буд, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи Шуравӣ синфӣ коргар шинохта мешуд. Аммо то солҳои мавриди назар мавзӯи синфи коргар ба ҷойи дуввум қарор мегирифт. Ҳамин айём аст, ки Р. Ҷалил менависад; “Эътироф бояд кунем, ки саноат ҳанӯз дар маркази диққати мо- нависанндагони тоҷик нест” (Р. Ҷалил. Ин парастиш нест//Садои Шарқ- 1966,-№5,-С.126). Ба таъбири шоири шинохтаи рус Константин Симонов; “Мавзӯи меҳнати қаҳрамонона – ин мавзӯи инсонӣ, ки таърихи одамон, характерҳо, муносибатҳои одамон мебошад” (К. Симонов. Проблемы развития прозы- Литературная газета,18.17 1954). Яъне, дар доираҳои адабии Шӯравӣ инъикоси мавзӯи синфи коргар ҷанбаи сиёсӣ касб намуд ва дар байни 10-15 сол намунаҳои повесту романҳои коргаршиносӣ арзи вуҷуд карданд, ки ин ҷо аз зикри муаллифон ва номи асарҳои онон худдорӣ менамоем. Ҳамин қадар мегӯем, ки ҳамагӣ сарчашмаи эҷоди асарҳои худро ба “Модар”-и М. Горкий нисбат доданд. Зеро оғози Давлати Шуравӣ ҳам ба фаъолият табақаи коргар нисбат дода мешуд ва ин давлатро гоҳе “давлати коргарӣ” ҳам муаррифӣ менамуданд. Албатта, ин ҷиҳатро дар эҷоди романи “Шӯроб” ба мушоҳида мегирем ва эътирофи Р. Ҷалил ҳам зарурат дошт.
Р. Ҷалил ба мавзӯи аз таърихи эҷоди романи сеҷилдаи “Шӯроб” дахл намуда, зимнан чунин мегӯяд; “..”Шӯроб”-ро ман дар зарфи даҳ сол навиштам. Чандин моҳ ҳамнишин, ҳамнафас ва ҳамкори ангиштканон будам. Миннат ба ҷонам, кусури тамоми душворӣ, шабҳои бехобӣ, заҳмати асарофариро хурсандие мебаровард; романро бо қаҳрамонони худ, ангиштканони Шӯроб мехондам ва барқи нигоҳи онҳоро медидам..” (Р. Ҷалил. Ҳамон махаз, с.127).
Қаҳрамонони марказии романи “Шӯроб” дар шахси Холи ворухӣ, Давлати бадахшонӣ, Акбар, Файзуллоҳи қаротегинӣ ва амсоли онон меросӣ ё авлодӣ нестанд, балки онҳо деҳқонони дирӯза мебошанд, ки ба сафи коргарони конҳои ангишти Шӯроб худро пайвастаанд. Р.Ҷалил намояндагони коргарони тоҷикро дар якҷоягӣ бо коргарони миллатҳои дигар – қиргиз, қазоқ, туркман, рӯс, украин ва ғайра ба тасвир мегирад. Бартарии романи “Шӯроб” аз дигар романҳои адибони ҷумҳуриҳои даврони шуравӣ дар он аст, ки он рӯзгор ва фаъолияти коргарони тоҷикро дар ду давраи иҷтимоӣ ҳам қабл аз инқилоб ва ҳам баъд аз он ки ба ҷомеаи сотсиалистӣ иртибот мегирад, ба тасвир гирифтааст. Аз ин ҷиҳат, “Шӯроб” ягона роман мебошад. Ба эҷоди ин роман Р. Ҷалил ба таъбири устод Турсунзода; “худро як бори дигар ҳамчун нависандаи маҳоратноки насри тоҷик нишон дод.….. Дар хотири ман, таъкид мекунад М. Турунсунзода, бисёреи аз образҳои роман, ки Раҳим Ҷалил офаридааст, абадӣ нақш бастанд. Худи ин дар бораи қиммати баланди асар шаҳодат медиҳад” (М. Турсунзода. Ҳаёт ва адабиёт, с 14). Маҳз ҳамин роман соли 1970 Р.Ҷалилро ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардонд.
- ПРОФЕССОР ХУДОЙНАЗАР АСОЗОДА: “РАҲИМ ҶАЛИЛ ЯКЕ АЗ САРОМАДОНИ НАСРИ ТОҶИК БУД”. Бахши 1
https://kmt.tj/professor-hudojnazar-asozoda-rahim-jalil-yake-az-saromadoni-nasri-tojik-bud-bahshi-1/
Баъд аз ин ки синни Р. Ҷалил аз шаст боло рафт, ӯ боз ҳам дар пайравӣ ба устод Айнӣ нияти эҷоди асари ёддоштӣ мекунад. Адиб, ки худ зодаи Хуҷанд буду ин шаҳри кӯдакиву ҷавонӣ ва бакамолрасиашро бисёр дӯст медошт, мехоҳад, ки воситаи асаре қадррасии худро аз зодгоҳаш изҳор бидорад. Ба ин мақсад, ӯ сараввал дар бораи инкишофи иқтисодиву фарҳангӣ, рӯзгору сарнавишти шахсиятҳои шинохтаи Хуҷанд, қаҳрамонони меҳнат, зиёиён ва олимони машҳури он ҳофизон, мутрибон, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва хулоса ҳама ашхосе, ки дар ободии ин шаҳри бостонӣ мусоидат карданд, асарашро бо номи “Маъвои дил”, соли 1970, рӯйи чоп меорад. Аммо нависанда мебинад, ки дар бораи шаҳри Хуҷанд боз ҳарфҳои мегуфтанӣ боқӣ мондаанд. Бинобар ин Р. Ҷалил ба навиштани китоби дуввуми “Маъвои дил” мепардозад, ки он соли 1979 ба чоп омода мегардад. Акнун дар ин қисми асари ёддоштиаш Р. Ҷалил аз таърихи корхонаи азими Ҷумҳурӣ – Комбинати абрешими Хуҷанд баҳс менамояд ва одамони номдори онро ба хотир меорад ва ба заҳмати ҳар кадом арзи эҳтиром мегузорад. “Маъвои дил” дар боби осори ҳуҷҷатнигорӣ ва ёддоштнависии муосир саҳифаи тозаеро ба исбот мерасонад Муҳиммаш он аст, ки Р. Ҷалил дар ҷараёни ҳодисаву воқеа ва лаҳзаҳои дилчаспи асари худро бо қаҳрамонҳояш омезиши мантиқӣ медиҳад ва ба ин восита асарро хонданбобтарин мегардонад. Китоби дуввуми “Маъвои дил”-ро Р. Ҷалил ба ёдбуди ҳамсараш Робиябону мебахшад, ки то поёни умр ҷои ӯро бонуи дигаре ишғол карда наметавонад. Дар ҳамин қисми асар нависанда ба хонандааш муроҷиат карда, услуби эҷодии ёддоштнависии С. Айниро пеши назар оварда, чунин менигарад. “Шумо, хонандаи муҳтарам, албатта дар ёд доред. Ман дар анҷоми китоби якуми “Маъвои дил” навишта будам, ки мою шумо ҳиссае аз қиссаи шаҳри Ленин ва одамони онро дар ин ҷо ба поён мерасонем. Акнун дар қисми дуюми ин асар гашту гузорамонро давом медиҳем. Боз ба чанд маҳаллаю гузар, кӯчаю тангкӯчаҳо рафта, аксаран ба одамони нав ва гоҳо ба онҳое, ки дар китоби аввал вохӯрда будем, дучор мешавем. Аз қисмату саргузашт, аз барору нобарориҳояшон воқиф мегардем” (Р. Ҷалил. Маъвои дил, қ,2-Душанбе Ирфон, 1982,с 3).
Тавре ки дида шуд, саҳми Р. Ҷалил дар тақвияти пояҳои халқии насри муосири тоҷик чашмрас мебошад. Р. Ҷалил ягона насрнависе хоҳад буд, ки то поёни умр ба навъи ҳикоя содиқ монд. Албатта, фаъолияти адабии Р. Ҷалил бо эҷоди ҳикояву очерк ва повесту роман интиҳо намеёбад, балки ӯ дар соҳаи драматургия низ маҳорат нишон додаст, ки аз воқеияти сотсиалистии ҳаёти мардуми шимоли ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо ин чанд, мулоҳизаи иҷмолӣ боби шахсияти Раҳим Ҷалилро, ки агар умраш бақо мекард, садсола мешуд, ба поён расонида гуфтанием, ки Р. Ҷалил дар саҳифаи таърихи адабиёти садаи ХХ боқӣ мемонад ва бо гузашти айём осори дилчаспи ӯ боз хонандаи воқеияшро пайдо мекунад.
19-20 майи соли 2009.
(Поёни матлаб)
МАНБАЪ: Худойназар АСОЗОДА: “”Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. душанбе, соли 2010.
Хоҳишмандон ин китоби пурмуҳтавои профессор Х.Асозодаро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон
теги: хизматрасонӣ ба истифодабарандагон