Профессор Худойназар Асозода: “Таҷдиди назар дар соли таваллуди С.Айнӣ”

Одатан, бузургон ба мурури замон кӯшиш менамоянд, ки худ тарҷумаи ҳолашонро барои ояндагон бинависанд. С. Айнӣ ҳам дар ин боб аз солҳои сиюм сар карда, саҳифаҳое аз рӯзгори худро рӯи коғоз овардааст. Ин нахусткӯшиш метавон китоби “Мактаби кӯҳна”-и ӯро ҳисобид, ки ҷумлаи аввали он ин аст: “Ман бояд шашсола бошам, ки …падарам ба мактаби пеши масҷиди қишлоқ бурда монд…”. Ин ҳарфҳоро устод С.Айнӣ охирҳои соли 1934 пайваста ба давраи дар мактаби кӯҳна хонданаш иброз доштааст, ки дар маҷмӯъ 39 саҳифаро ташкил дода, соли 1935 рӯи чоп омаданд.
Чунонки худи С. Айнӣ иқрор мешавад ин китобча ҳикояҳоеро аз мактаби ибтидоии ӯ дар бар кардааст. Аз ин китобча бар меояд, ки С. Айниро, тақрибан, дар синни шашсолагӣ ба мактаби деҳ додаанд. Аммо шашсола будани ӯ ба кадом сол баробар меояд ҳоло маълум нест. Ин асари С. Айниро адабиётшиносон Р. Ҳодизода ва К. Айнӣ дар боби “Қайдҳо ва эзоҳот”-и “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”, “Повести аввалини тарҷумаи ҳолӣ” меноманд. Устод таърих ва макони эҷоди “Мактаби кӯҳна”-ро 26 октябри соли 1934, Самарқанд мегӯяд, вале муҳаққиқони номбурда тавзеҳ медиҳад, ки он “дар соли 1935 навишта шуда аз чоп баромадааст”. Ин ҷо муаллифони тавзеҳот соли нашри “Мактаби кӯҳна”-ро нодуруст нишон доданд. Маълумоти дигари тарҷумаиҳолиро оид ба С. Айнӣ менависад, ки ӯ “Инқилоби Октябрро дар чиҳил ё чиҳилу дусолагӣ…”пешвоз гирифтааст ва хешро “шогирди чиҳилсолаи Октябр…”мешуморад.
Ҳамин ҷо омадааст, ки С. Айнӣ 15 апрели…соли 1878 таваллуд ёфтааст… Устод ҳанӯз соли 1935 кадом сол таваллуд ёфтанашро намедонистааст. Аз ин рӯ, соли 1917 худро чилсола ё чилуду–сола мешуморад. Назар ба таҳқиқи академик М. Шукуров (Шукурӣ) адиб дар як мактубаш менависад: “Ман дар ҳақиқат ҳозир 72-сола бошам ҳам, аз рӯи паспорт дар 69 ҳастам…” С. Айнӣ ин мактубро соли 1950 навиштааст. Устод дар номае, ки 23 ноябри соли 1934 ба суроғаи А. Лоҳутӣ фиристода, ишора мекунад,ки “дар соли 1878 (мувофиқи ҳуҷатҳо, аммо дар ҳақиқат дар соли 1875)… таваллуд ёфтааст” Ба иллати ин ки соли таввалуди С. Айнӣ на аз ҷониби падар ва авлодонаш ҷое зикр нагардидааст, соли 1875 ҳам шояд тахминӣ бошад. Ҳол он ки падари С.Айнӣ соле дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил дида буд ва шахси бо савод махсуб мегардид. Гузашта аз ин, чи дар ишораҳои худи адиб ва чи айнишиносон таъкид гардидааст, ки ӯ аз авлоди сайидҳост ва ин табақа бидуни шубҳа ҳамагӣ мадрасахон буданд. Устод С. Айнӣ зикр менамояд, ки назар ба қавли падараш, Сайид Муродхоҷа, падари ӯ Сайид Умархоҷа одами хату саводнок будааст. Аз ин ки С. Айнӣ худро деҳқонзода мегӯяд, ба хотири сохтори ҷомеаи сотсиалистӣ сурат гирифтааст, ки он деҳқонпарвару сағерапарвар ҳисоб меёфт. Ҳарчанд устод деҳқонзодагиашро инкор намекунад, аммо дар “Ёддоштҳо” падару бобояшро “аз ҷумлаи хоҷагони соктарегӣ… “медонанд. Хоҷагон ва сайидзодаҳо аслан ба касби бофандагӣ, дуредгарӣ, сангиосиётарошӣ, кандакорӣ ва дуохонӣ майлу рағбат доштанд.
Тавре маълум аст, С. Айнӣ то поёни умр соли таваллудаш ҳамон санаеро мепазирад, ки дар шиносномаи замони шӯравӣ гирифтааст, яъне соли 1878 сабт ёфта буд. Гӯё устод нахостааст, ки онро ба сини 1875, ки худ мепиндорад, табдил диҳад. Дар илми адабиётшиносӣ, баъд аз солҳои 70-ум соли таваллуди С. Айнӣ 1875 дақиқ муайян шуда бошад ҳам, аммо ин сана ба саҳифаҳои китобҳои дарсӣ ва таълимӣ ворид нагардидааст. Академик М.Шукуров соли 1987 таъкиди худи устодро, дар мавриди 72-сола буданаш дар соли 1950 овардааст ва ҷойи дигар менависад: “Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878…ба дунё омадааст”…
Мнаққид С. Табаров дар маҷлиси “Солномаи Айнӣ” ба таъкиди С. Айнӣ, ки соли 1934 санаи таваллудашро 1875 баён медорад, такя намуда, ба саҳифаҳои тарҷумаи ҳоли С. Айнӣ таҳрири нав даровард. Муҳаққиқи ҷавон Муҳаммадюсуф Имомов низ дар ҳамин замина баҳс ороста, таъкид менамояд, ки устод С. Айнӣ “на ҳафтоду шаш балки ҳафтоду нӯҳ сол умр дидааст…” Мо ҳам ба ақидаи ӯ такя карда, таъкид мекунем, ки дуруст муайян намудани соли таваллуди Айнӣ бисёр саҳифаҳои муҳими ҳаёти нависандаро равшан карда метавонад. Бо вуҷуди ин ки С. Айнӣ соли 1934 иқрор мекунад, ки соли таваллудаш 1875 мебошад, соли 1940 вақте ки тарҷумаи ҳоли худро менависад, боз ҳам ба санаи 1878 ишора менамояд. Ин асар бори аввал соли 1955 дар шумораҳои 7, 8, 9 маҷаллаи “Шарқи Сурх” чоп шуда бошад ҳам, дар соли таваллуди С. Айнӣ тағийрот ба мушоҳида намерасад. Гузашта аз ин, соли воқеии таваллуди С. Айнӣ ба фикри мо, ба фарзандаш–адабиётшинос Камол Айнӣ маълум аст, аммо соли 1958 ҳангоми ба муносибати 80 солагии устод “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”-ро ҳамкории Р. Ҳодизода омода чоп намудан санаи таваллуди ҳуҷҷатии С. Айнӣ ислоҳ накардаанд.
Бояд гуфт,ки аз рӯи маълумоти саҳифаи охири китоби номбурда, С. Айнӣ навиштани тарҷумаи ҳолашро моҳи сентябри соли 1933 ба анҷом расондааст. Ҷумлаҳои охири тарҷумаи ҳоли устод инҳоянд: “Ман аз соли 1926 то моҳи сентябри соли 1933 дар Самарқанд дар шуъбаи Тоҷгиз (Нашриёти давлатии Тоҷикистон–Х. А.) ба сифати муҳаррири адабӣ ва машваратчии илмӣ ва адабӣ кор кардам. Дар он вақт маро ҳукумати Тоҷикистон пенсионери персоналӣ кард. Аммо то ҳол дар Нашриёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо шартнома кори худро идома дода истодаам”. Назар ба тахмини муаллифони боби “Қайдҳо ва эзоҳот”, 22-юми апрели соли 1949, устод се санаи навро илова менамояд: “Дар соли 1941, ба муносибати Даҳрӯзаи санъати тоҷик дар Маскав бо фармони Совети Олии Иттифоқ (23 апрели соли 1941) бо ордени Ленин мукофонида шудам.
Дар соли 1947 дар даъвати дуввуми Совети Олии Тоҷикистон ба депутатии Совети Олии мазкур интихоб шудам.
Дар соли 1948 дуввумбора ба депутатии Совети шарҳи Сталинобод интихоб шудам”.
Р. Ҳодизода ва К. Айнӣ тахмин дорад, ки ин иловаҳо ба қалами устод дар охири соли 1948 ё аввали соли 1949 навишта шудааст.
Чунин тахмин зарурат надошт зеро С. Айнӣ таърихи иловаҳоро 22. IV. 1949 гуфтааст.
Тавре мебинем, С. Айнӣ саҳифаҳои шарҳи ҳолашро дар солҳои 1934-1940 ва солҳои 1948-1954 ба китоби мухтасарри тарҷумаи ҳолаш дохил накардааст. Яъне, ҳарчанд ки дастнависи “Мухтасар...” баъд аз фавти С. Айнӣ чоп шудааст, ӯ дигар ба матн таҳрир надаровардааст, ҳол он ки нуҳуми майи соли 1949 ба унвони доктори илмҳои филология сарфароз мегардад, соли 1950 аз Панҷакент намояндаи халқ ба Шӯрои Олӣ интихоб мешавад. Ҳамчунин соли 1951 ба сифати нахустин презитденти Академияи илмҳои Тоҷикистон пазируфта мешавад. Рақами шаҳодатномаи президентии С. Айнӣ 33, таърихи дода шуданаш 31. 12. 1954 мебошад.
Дар хусуси он ки чаро С. Айнӣ баъзе саҳифаҳои дафтари тарҷумаи ҳолашро (байни солҳои 1933-1940) навиштааст, баъдтар сӯҳбат хоҳем кард. Аммо масъалаи дар синни 55-солагӣ ба нафақа бароварда шудани С. Айнӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон шарҳу эзоҳ мехоҳад. Шояд ин амал ба он хотир сурат гирифтааст, ки устод нафақаи давлатӣ гирифта, бештар ба кори эҷодӣ машғул шавад. Вале тавре ки худ иқрор мешавад, ӯ дар нафақа бошад ҳам дар нашриёт фаъолияташро идома медод.
Чунонки банда дар китоби “Адабиёти тоҷик дар садаи XX” изҳор доштаам, саҳифаҳои тарҷумаи ҳоли С. Айнӣ баъд аз ин ҳам ки худро ба Инқилоби Октябр пайваст ва сохтори ҷомеаи сотсиалистиро ба хушӣ пазируфт, то алҳол барои алоқамандони адабиёти бадеӣ норавшан аст.
С. Айнӣ борҳо дар навиштаҳои худ соли таваллудашро 1878 нишон додааст. Соли 1947 ба муносибати сисолагии Инқилоби Октябр бо номи “Ду XXX сол” мақолае навишта, сӣ соли аввали рӯзгорашро ба даврони амирсолорӣ ва сӣ соли баъдиро ба айёми ҷомеаи сотсиалистӣ нисбат медиҳад. Устод менигорад, ки сисола зиндагии Бухорои амирӣ дар ҳаққи ман ана ба ҳамин фоҷиа хотима ёфт, яъне 9-уми апрели соли 1917 ӯро 75 чӯб заданд. Ба ин ҳисоб, чунонки мебинем,соли таваллуди С. Айнӣ ба санаи 1878 рост меояд, на ба соли 1875. Дар пешгуфтори “Ёддоштҳо” устод таъкид менамояд, ки “…Умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзо зиёдтар гардида… Бинобар ин фурсати танги… зиндагии боқимодаро ғанимат шумурда ба ин вазифа (яъне навиштани “Ёд–доштҳо”-Х. А.) шуруъ намудам”. С. Айнӣ агар ба эҷоди китоби аввали “Ёддоштҳо” соли 1947 оғоз карда бошад, ба асоси санаи таваллуди ҳуҷҷатиаш ҳоло ҳафтодсола нашуда, балки шасту нӯҳ сол дошт. Вақте ки устод “… аз он ҷо ки умрам аз ҳафтод гузашта …” мегӯяд, санаи таваллудаш соли 1875 аст. Чунонки гуфтем, С. Айнӣ, ки шахси вазифашинос ва масъулиятманд буд, боз ҳам намехоҳад, ки санаи дар шиносномааш омадаро тағйир диҳад. Умуман, насли С. Айнӣ дар таъини рӯзу моҳ ва соли таваллудашон ба санаҳои тахминӣ бо фарқи ду-се сол ё зиёд ё кам рӯ ба рӯ омадаанд. Баъзе лаҳзаҳои тарҷумаи ҳоли С. Айнӣ дар ҳикояву очерк, повест ва румонҳои ӯ зикр гардидаанд. Баъзе лаҳзаҳои дигар аз ҳаёти шахсии устод дар номаҳои ба Абулқосими Лоҳутӣ фиристодаи ӯ инъикос ёфтаанд. Масалан, 6-уми ноябри соли 1937 ба унвони Абулқосими Лоҳутӣ чунин лаҳзаро оид ба хонадоршавиаш менависад: “Ман зотан то 45-солагиам дар замони амир аз он ҷиҳат хонадор нашуда будам, ки дар задухӯрди байни мо ва амир зану бача поймол хоҳад шуд (чунончи зану бачаи додарам баъд аз кушта шудани ӯ дар дасти амир маҳв гардид). Аммо вақте ки Инқилоби Бухоро шуд ва амирӣ абадан маҳв гардид, ман ҳам осудаҳолона хонадор шудам…”, ман ҳам осудаҳолона хонадор шудам…”. Ҳамин воқеиятро С. Айнӣ соли 1934 ин тавр баён медорад: “Баъд аз ба амал омадани Инқилоби Бухоро, ман хотирҷамъ шуда, дар умри худ якум бор (дар моҳи октиябри соли 1920) дар Самарқанд хонадор шуда, дар он ҷо ҷои истиқомати доимии худро ташкил додам”.
Назар ба иқрори писари С. Айнӣ–Камол Айнӣ устод сеюми июни соли 1917, баъд аз бисту панҷ амалиёти ҷарроҳӣ ва табобати панҷоҳу дурӯза дар бемористони Когон, ки онро Бухорои Нав ҳам мегуфтанд ба шарҳи Самарқанд ҳиҷрат кард ва октябри соли 1920 дар гузари Сӯфӣ Розиқи он шаҳр дар хонаҳои дӯстони шафиқу бовафояш Мардонқул Шоҳқурбонзода, Абдуллоҷон Абдулхолиқзода, Мулло Исматуллоҳ Раҳматуллозодаи муаллим ва муаллим Абдулқодири Шакурӣ зиндагӣ кард. Ҳамин маънӣ дар “ Мухтасар…”-и устод бе зикри номи ашхосе, ки ӯ дар хонаҳояшон зистааст, оварда шидааст. С. Айнӣ менависад: “Дар рӯзи саввуми вурудам ба Самарқанд сахт бемор шуда дар клуб афтодам. Яке аз Самарқандиён, ки ман ӯро намешинохтам, аммо ӯ ба ман назари хуб доштааст, маро ба фойтун бор карда ба хонаи худ бурд ва дар он ҷо ду моҳ бемор хобидам ва баъд аз он қуввате пайдо кардам, ки асозанон ба кӯча баромада тавонам.” Баъдҳо маълум гардид, ки ин шахси самарқандӣ “яке аз муаллимони кӯҳнаи Самарқанд Ризохон Ҳодизода…” будааст.
Профессор Расул Ҳодизода дар мақолааш “Дар ёди устод”, соли 1958,аз забони қиблаго–ҳаш ин воқеиятро чунин шарҳ медиҳад: “Боре падарам ( Ҳайдархон Ҳодизода–Х. А.) расми дар аввали китоббудаи устодро (тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик”,М. 1926, дар назар аст–Х. А.), ки бо чеҳраи дардманд нишаста буданд, нишон дода гуфт:
– Домулло (яъне С. Айнӣ–Х.А.) дар ҳамин ҳолат, пас аз омаданашон аз Бухоро якчанд вақт дар ҳуҷраи амакат, дар Мадрасаи Шердор зиндагӣ мекарданд. Амакат (Ризохон Ҳодизода- Х.А.) ба он кас шӯрбоҳои беморӣ пухта медоданд, ман бошам, аз бозор чизҳои заруриро оварда медодам”.
Муаллифони китоби “Бо амри виҷдон” Радий Фиш ва Раҳим Ҳошим ҳам соли 1920 ҳоло хонаи шахсӣ надоштани С. Айниро таъкид карданд: “Ӯдар ин рӯзҳо дар гузари Сӯфӣ Розиқ дар болохонаи ҳавлии беруни Мулло Исматуллоҳ зиндагӣ мекард ва фақат вақти хоб ба хона меомад. Яккаву танҳо буд. Дар оташдони майда ба худаш хурок мепухт ва чой меҷушонд, худаш ҷомашӯи мекард…” Ин ҷо низ соли 1920 С. Айниро “марди чилсола”муаррифӣ кардаанд. Аммо масъалаи то Инқилоби Халқии Бухоро оиладор шудани устодро, тақрибан, ҳамон навъ мебинанд, ки худи ӯ дар номааш (6 ноябри соли 1937) ба А. Лоҳутӣ нигоштааст “Дар сурате, ки дар оянда чӣ шудани зиндагиашро намедонад, дар бораи ташкили хонавода чӣ гуфтан мумкин аст”? Баъд аз як рӯзи пирӯзии Инқилоби Халқии Бухоро муаллим Шакурӣ дасти С. Айниро фишурда изҳор медорад:
– Мударриси мӯҳтарам, бо суқути Аморати Бухоро, ба назарам, сабаб ва баҳонаҳои шумо ҳам дар таърих андохтани издивоҷ аз миёна бархост. Акнун чӣ мегӯед?
– Ба майл ва рағбат,–гуфт Айнӣ даст ба сина гузошта…”Табиист, ки муаллифони китоби номбурда ба дониши айнишиносии хеш ва навиштаҳои худи С. Айнӣ такя кардаанд, ӯро соли бистум “марди чилсола” меномидаанд. Зеро устод худ борҳо мегӯяд, ки ӯ шогирди чилсолаи Октябр аст ва дар чилсолагӣ хона обод кардааст. Ҳол он, ки соли 1946 ба А. Лоҳутӣ акси ҳолро менависад: “…қувват ва сиҳатии касе, ки умраш ба ҳисоби ҳақиқӣ аз 70-солагӣ гузашта бошад, шарҳ ва эзоҳеро талаб намекунад”.
Ба ин маънӣ, устод соли 1946 худро шахси 71-сола медонанд (аз ҳафтод зиёд), ки ба таърих соли 1875 мувофиқ меояд. Ба ҳамин тарқ, метавон гуфт, ки санаи соли 1875 ҳамчун соли таввалуди воқеии устод С. Айнӣ мебошад. Ба сабаби он ки дар оғози фаолияти эҷодӣ ва худро ба ҷомеаи нав шиносонда, соли таввалудашро 1878 эълон дошта буд ва ин таърих дар ҳуҷҷатҳо расмӣ гардид, инчунин санаҳои ҷашнвораҳои устод ба ҳисоби ҳамин сол барпо мешуданд, ӯ солҳои баъд лозим надонист, ки онро ба санаи 1875 иваз намояд. Бо вуҷуди ин, ҳоло мешавад, ки соли тавалуди воқеии устод С. Айниро ба китобҳои дарсӣ ва асарҳои адабиётшиносӣ дохил намоем. Шояд дар тарҷумаи ҳоли С. Айнӣ се сол зиёд ё се сол кам аҳамияте надошта бошад, вале аз ин ки худи ӯ борҳо ба мавзӯи соли воқеии таваллудаш муроҷиат менамояд, ин амалро пиёда сохтан манзалати адабиву илмии С. Айниро поён набурда , балки дар оянда, ки ҳаёт ва фаолияти устод аз назари нав, бо тафаккури тозатар мавриди баҳс қарор мегирад, ин “се сол” бисёре аз ҷиҳатҳои рӯзгор ва фаолияти эҷодии С. Айниро равшан сохта метавонанд. Ба ин хотир, пеш аз ҳама аз муаллимони адабиёти мактабҳои ҳамагонӣ ва ҳам олӣ хоҳиш мешавад, ки ҳини мавзӯи ҳаёт ва фаолияти С.Айниро баррасӣ намудан, ба шогирдон санаи 1875-ро ҳамчун соли таваллуди поягузори адабиёти нав ё садаи бисти тоҷик ёдовар шаванд. Гумон мекунем, ки бо мурури замон дар майнаву забони мардум соли воқеии таваллуди устод расмият пайдо менамояд. Дар ин амр, яъне таъини соли таваллуди С. Айнӣ навиштаҳои худи устодро бояд ба эътибор гирифт.
МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ”. Душанбе,, 2024
Хоҳишмандон ин китобчаи пурарзиш профессори марҳум Худойназар Асозодаро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Зебонисо РИЗОЕВА,
мутахассиси шуъбаи хизматарсонӣ
ба истифодабарандагон.