Профессор Камелин Рудолф Владимировичро шиносем
Ҳашт сол пеш, аввали моҳи апрел Рудолф Владимирович Камелин, яке аз табиатшиносони маъруфи ҷумҳурӣ дар шаҳри Санк-Петербург дар синни 78-солагӣ аз олам гузашт.
КАМЕЛИН РУДОЛФ ВЛАДИМИРОВИЧ 12 августи соли 1938 дар шаҳри Перм ба дунё омадааст. Наботшинос, доктори илмҳои биология (1975), професор (1986), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), узви вобастаи АИ ИҶШС (1990), узви вобастаи АИ Руссия, Арбоби шоистаи илм. Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Перм (1961).
Корманди Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб (1961–65), аспиранти Институти ботаникаи АИ ИҶШС Тоҷикистон ва Институти ботаникаи АИ ИҶШС (1965–68). Аз соли 1968 ходими хурд, ходими калони илмӣ, ҷонишини директор оид ба илм (1980), мудири озмоишгоҳи набототи минтақаҳои доманкӯҳии шуъбаи геоботаника (1984– 92), мудир (1992– 2015), сарходими илмии шуъбаи “Ҳербарияи рустаниҳои олиташаккул”-и Институти ботаникии АИ Руссия (аз 2015).
Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (аз 1991) ва Донишгоҳи давлатии Олтой (аз 2002) дарс мегуфт.
Камелин дар бахши таснифот ва ҷуғрофияи рустаниҳо, флористикаи муқоисавӣ ва таърихи наботот, алалхусус набототи Осиёи Марказӣ (хосса Помиру Олой) таҳқиқот анҷом дода, беш аз 20 намуди нави рустаниро ба илм ворид кардааст.
Саҳми Камелин дар таҳқиқи набототи ҳавзаи деҳаи Варзоб назаррас аст. Дар таълифи китоби “Флора Таджикской ССР” (иборат аз 10 ҷилд) ва “Китоби сурхи ҶШС Тоҷикистон” саҳми арзанда дорад.
Таҳти роҳбарии Камелин ба Осиёи Марказӣ, Паси Қафқоз, Муғулистон ва Сибири Ҷанубӣ экспедитсияҳои ботаникӣ ташкил карда шудаанд. Зиёда аз 50 намуди рустании олиташаккул ва ҳайвонот ба шарафи Камелин номгузорӣ шудаанд.
Муаллифи зиёда аз 500 таълиф, аз ҷумла 9 монография ва 5 дастури методӣ мебошад.
Ў 1 апрели соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург аз олам гузашт.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 343.
Муаллиф: М. Матробов.
Таҳияи Замира Давлатова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ