Профессор Комаров: Донишманде, ки дар рушди биология дар Тоҷикистон саҳм дошт
Комаров Богдан Михайлович 19 январи соли 1882 дар шаҳри Киев таваллуд ёфтааст. Ботаник, номзади илми биология (1946), профессор (1946), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1957).
Хатмкардаи Донишгоҳи Краков (Лаҳистон; 1906). Омўзгори биология ва кимиёи мактабҳои миёнаи махсус (1907-1918). Корманди китобхонаи Одесса (1919-1931).
Соли 1932 ба Тоҷикистон омада, дар Институти давлатии педагогии Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) ба ҳайси омўзгор ва мудири кафедраи ботаника кор кардааст. Пажўҳишҳои Комаров ба таҳқиқи флораи Тоҷикистони Шимолӣ бахшида шудаанд.
Бо ибтикор ва сарварии ў дар кафедраи ботаникаи ДДХ гербарийи олами набототи вилояти Суғд ҷамъоварӣ шудааст.
Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 21 январи соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд вафот намуд.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. –Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 374.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.