Профессор Маҷидова: Мо худ  худамонро ба афсурдаҳолӣ меорем

Пабло Пинедаи испониёӣ, ки ҳунарманди синамо ва бакалаври санъат мебошад, гирифтори бемории дауна аст. Ў магистратураро хатм намуда, ба беморони дауна кўмаки равонӣ мерасонад. Аз сарнавишти ин ҳунарманд рӯзи ҷумъаи гузашта дар як маҳфили Шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бибиҳафиза Маҷидова сухан ронд.

Профессор Бибиҳафиза Маҷидова, ки дар мавзӯи кумакҳои равонӣ суҳбат мекард, гуфт, ки ёрии равонӣ он аст, ки ба умеди касе нашуда, ба худамон мадад расонем. Зеро равоншиносе, ки ақидаи касеро дигар кунад,  кам аст. Панҷоҳ  дарсад дигар шудани одам аз худаш вобаста аст. Одам дар майнаи сараш барномаи равонӣ насб мекунад. Инсон ба худ бояд бигўяд: Ман метавонам, ман аз уҳдааш мебароям, ман инсони арзишманд ва қавиирода ҳастам. Ҳар касе дар зиндагӣ бо ҳамин роҳ рафту ба худ ва қобилияти худ эътимод кард, вай пеш хоҳад рафт.

  Сипас равоншинос бо хоҳиши хонандагони шуъба дар мавриди ҳолатҳои афсурдаҳолӣ ва намудҳову оқибатҳои он, ки имрўзҳо бештар шудан доранд, сухан ронд, инчунин барои пешгириву раҳоӣ аз онҳо тавсияҳо дод. Равоншинос ба ин назар аст, ки касе моро ба ҳолати афсурдаҳолӣ гирифтор намекунад, мо худ  худамонро ба афсурдаҳолӣ меорем. Депрессия ҳолати махсуси равонист, ки одами дар ҳоли изтироб,шубҳа, нобовариро нисбати худ ва атрофиён аз сар мегузаронад.

Ба бовари профессор  Бибиҳафиза Маҷидова афсурдаҳолӣ аз он сар мешавад, ки ҳама чиро бо эҳсос қабул кунед. Ҳар кас ҳассосияти хос дорад. Аввал асабониятро аз сар мегузаронем, баъд ба ҳолати невроз, стрес, депресия гирифтор мешавем. Умқи депрессия вайрон шудани ҳолатҳои психоэмотсионалӣ, шизофрения, яъне  камақлист.

Ин устоди Донишгоҳи омўзгории ба номи С. Айнӣ таъкид намуд, ки пешгирии ин бемориҳо аз худамон вобаста аст, ки ба атроф бо чашми хирад нигарем. Зеро оқибати депресия бемории рӯҳиву равонист.

 Дар ин маҳфил омўзгорон ва донишҷўёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Точикистон Миралӣ Собиров, Гулафзо Пирова  Шаҳром Ғуломализода доир ба ҳуқуқу имтиёзҳо, кафолату ӯҳдадориҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон муқаррар кардааст, сухан гуфт.

Дар нишаст аз ҷумла зикр гардид, ки агар маъюбон ҳуқуқҳои қонунии худро истифода накунанд, ба мушкилоти зиёди равони андармон мешаванд.

Дар маҳфил паҳлуҳои дигари ҳаёти маъюбон низ баррасӣ гардида, аз моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъюбон»  мисолҳо оварда шуд, ки ҳар маъюб ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ дорад.Ин ҳуқуқ дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст, ки ҳар кас ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад. Зеро боигарии давлат дар саломатии аҳолист. Ва давлат барои таъмини саломатии ин қишри ҷомеа меъёрҳои махсус пешбинӣ кардааст. Махсусан, табобати ройгон дар муассисаҳои тибби давлатӣ ва табобатҳои имтиёзнок дар муассисаҳои дигари тиббӣ мавриди баррасии ҳозирин гардид.

Ҳамзамон аз ҳуқуқи рафтан ба муассисаҳои ташхисиву тиббӣ ва муассисаҳои санаторӣ низ суҳбат шуд. Гуфта шуд, ки маъюбон барои истироҳат кардан дар осоишгоҳҳо ҳуқуқ доранд. Агар шахс дар муассисаҳои давлатӣ кор кунад, бо гирифтани роҳхати ройгон, дар баъзе ҳолатҳо бо пардохти 50 дарсад аз ҷониби корфармо барои истироҳат дар осоишгоҳ ҳўқуқ дорад.

Доир ба ҳуқуқҳои маъюбон ба таҳсил иброз гардид, ки дар ҳоле ки маъюб имкони дар муассисаҳои таълимӣ дарс хондан надорад, ба таҳсили хонагӣ фаро гирифта мешавад. Дар баробари ин ба таҳсили берунаи мактабӣ ҳам ҳақ дорад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз соли 2010  амал мекунад, ки тибқи он маъюбони гурӯҳи ду соле ду моҳ ҳаққи гирифтани рухсатии бемуздро доранд. Рухсатии меҳнатӣ ба муддати 42 рўз барои маълулон пешбинӣ гардидааст.

Дар маҳфили мазкур на танҳо аз ҳуқуқу имтиёзҳои ин қишри ҷомеаи сухан рафт, балки дар бораи уҳдадориҳои онҳо низ ёдовар шуданд.

Тибқи Қонуни мазкур маъюб шахсест, ки дар натиҷаи нуқс дар  саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад.

Раҳима Аъзам, шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.