Профессор Марҳабо Ҷабборӣ: Бигзор ваҳдати миллати тоҷик поянда бошад!

Бисту нуҳ сол қабл аз ин, рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа” ба имзо расид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон падидаи нодир буда, заминаи асосии ваҳдати миллӣ, амният ва сулҳу суботи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба имзо расидани ин санади сарнавиштсоз ба ҳаёти мардуми кишвар гардиши куллӣ ворид сохта, пеши ҷанги таҳмилии тоҷикон гирифта шуд, беш аз як миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуданд, барои бартараф кардани харобиҳои ҷанг, хусусан минтақаҳои таҳрибшуда маблағҳои зиёде ҷудо карда шуданд, ки ҳамаи ин умед ба фардои дурахшон ва расидан ба зиндагии шоиста итминон мебахшид.

Вале вақте ки ба саҳифаи захмии таърихи начандон дури кишварамон бо нигоҳи нав ва аз зовияи имрӯз назар мекунем, мебинем, ки кишвари мо бо дасисаҳои баъзе гурӯҳҳои қудратталаб ва манфиатхоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии дохилӣ кашида шуда буд. Ман ҳамчун шоҳиди ин ҷанги шаҳрвандӣ эҳсос мекунам, ки миллати мо дар охири асри XX ба вазнинтарин давраи таърихи худ рӯ ба рӯ шуда буд. Тоҷикистон, бадбахтона, дар саргаҳи Истиқлоли худ дар оташи ҷанги таҳмилӣ месӯхт. Дар ҳамон вазъияти ҳассос Сарвари давлати Ҷавони тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббати беандоза ба Ватан ва фарҳанги ғании сулҳофарию сулҳдустии гузаштагонамон такя намуда, барои наҷоти миллат бо азму иродаи қавӣ иқдом карданд. Ҳадафи аслии Сарвари Тоҷикистони тозаистиқлол дар ин давра, қабл аз ҳама, хомӯш кардани оташи ҷанг ва наҷоти давлату миллат аз парешонӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ буд, аммо шаҳрвандони кишвар дар он ҳолати мудҳиш ба ҳалли мусбати ин ҳадаф тамоман боварӣ надоштанд.

Имрӯз тоҷикон якдилона ва бо ифтихори самимӣ такрор менамоянд, ки танҳо Пешвои муаззами миллат ба ҳайси меъмори аслии сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ бо сиёсати дурбинонаю ояндадори худ, бо иродаи қавӣ ва тадбиру талошҳои ҳамарӯза давлати ҷавони тоҷиконро наҷот бахшиданд, давлатдории миллиамонро ҳифз карданд ва сулҳу ваҳдатро барқарор намуданд. Чӣ тавре ки мегӯянд, агар дар таърихи миллат асри X барои тоҷикон ҳамчун асри тиллоӣ шинохта шуда бошад, дар асри XX пас аз 1000 сол фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро сарҷамъ намуда, ба ваҳдати комил расониданд.

Худи ба даст омадани ваҳдати миллӣ ин як муқаддасоте мебошад, ки меъмори асосии он барҳақ Президенти муҳтарами мамлакат мебошанд ва фарҳанги сулҳи тоҷикон дар манотиқи ҷангзадаи ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳамчун намунаи беҳтарини сулҳофарӣ пазируфта шудааст.

Андешаи Расул Ғамзатов шоири шаҳир ва нависандаи маъруфи доғистонӣ, дӯсти миллати тоҷик ба ёдам мерасад, ки дар он рӯзҳо чунин гуфта буд: “Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хохад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи тоҷиконро тарҳрезӣ кунад.”

Бо итминони қавӣ ҳар тоҷики бедордил ва худшинос имрӯз ба хидматҳои бесобиқаи Пешвои миллат арҷ мегузорад, ӯро “меъмори сулҳи тоҷикон” мехонад. Хушбахтона, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа имрӯз дар кишвари мо ҳамчун иди умумиҷумҳуриявӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Зеро ваҳдат арзиши муқаддастарин, яъне ҷавҳари аслии истиқлол мебошад. Ба сухани дигар, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва истиҳлол – се чузъи ҷудонопазири ҳаёти сиёсии Тоҷикистони маҳбуб мебошанд, ки ояндаи Ватани моро равшан хоҳанд кард.

Ваҳдати миллӣ – якдилӣ, якмаромӣ, якпорчагӣ, ягонагӣ – муҳимтарин асли шукуфоии Ватани азизамон буда, мо бо тамоми вуҷудамон эҳсос менамоем, ки маънии сулҳу ваҳдат – ин хушбахтиву пойдории оилаҳо ва парвариши кудакон дар осудагиву оромӣ, шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ба зиндагии мустақилона омода намудани онҳо, давлати пирӣ ва осоиши куҳансолон ва дар умум – ҳаёти шоиста ва саодатманди ҳар як точикистонӣ, ободию сарсабзию шукуфоии кишвар аст, ки асли зиндагии моро бо тамоми маънояш ифода мекунад. Чунончи Пешвои муаззами миллат дар ин маврид гуфта буданд: “Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад. Вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.”

Саодати ҳар як миллат, оромию ваҳдати давлату миллат ва ояндаи дурахшони насли ҷавон аз тарбия вобаста аст. Тарбияи насли нав рисолати асосии мо, калонсолон аст ва заминаи муҳимми ҳалли аксарияти мушкилоти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Сиёсатмадори маъруф Маҳатма Ганди таъкид кардааст, ки агар мо сулҳи пойдорро дар ҷаҳон хоҳем, бояд аз кӯдакон оғоз намоем, яъне тарбияи таҳаммулу инсондӯстӣ, арзишҳои волои инсонӣ ва парвариши муҳаббату башардӯстӣ бояд омили муҳимми тарбияи насли наврас ва ҷавонон бошад.

Хушбахтии шахсии ман аз баракати ваҳдати миллӣ дар он аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатамон ва Ваҳдати комили миллат ва ғамхорӣ, дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлатамон ва сиёсати пешгирифтаи чунин шахсияти бузург ба мақоми зан дар ҷомеа буд, ки ман – аз як омӯзгори одии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия аввал дар вазифаи муовини ректори Донишгоҳи мазкур (с.2001), пас аз ин – Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (с. 2003), вакили мардуми аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии ДТ (с. 2010) ва Муовини Сарвазири ДТ (с.2013) расидам.

Ман ифтихор аз он дорам, ки ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (с. 2005-2010) ва ректори Донишкадаи забонҳо байни мардум оид ба дарки моҳияти қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо фаъолона иштирок намудаам. Ҳамзамон саршор ва сарафроз мебошам, ки ба сифати Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон ҳангоми қабули қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар корҳои фаҳмондадиҳии мазмун ва мақсади он ба мардум, созмонҳои ғайридавлатии ватанию хориҷӣ; муҳокимаҳои меъёрҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, то ҳатто дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ (ш.Санкт-Петербург) бевосита иштирок намудаам.

Мехоҳам алоҳида изҳор намоям, ки чунин шакли сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар давлатҳои мусулмонии ҳамсоя диққати махсусро ҷалб намуд, ки вобаста ба ин намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Россияю Белорус ва дигарон доир ба мазмун, мақсад, моҳият ва механизми татбиқи ин қонунҳо саволҳои зиёдеро пешниҳод намуда, аксарияти онҳо хоҳиши гирифтани матни онҳоро изҳор намуданд. Ин маънои онро дорад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар соҳаи иҷтимоӣ тибқи баҳогузории намояндагони хориҷӣ намуна барои сармашқ мебошад. Тибқи омори расмӣ баъзе меъёрҳои ҷузъии ин қонунҳо дар қонунгузории давлатҳои алоҳида инъикос ёфтанд.

Дар тамоми фаъолиятам дар ҳамаи вазифаҳои ишғолнамудаам, аз ҷумла ба ҳайси муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (с. 2003-2010), инчунин айни ҳол, ки пас аз ба нафақа баромаданам профессори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия мебошам, кушиш ба харҷ медиҳам, ки дар ҳамаи чорбиниҳои сиёсию иҷтимоӣ иштирок намоям, дар фаҳмонидан ва паҳн намудани сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат саҳми худро гузорам.

Арзиши сулҳи точиконро имрӯз мо бо чашми сарамон мебинем, зеро сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол устувор ва бебозгашт аст, зеро он ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёфтааст. Ва “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро метавон бо итминон чунин арзёбӣ кард: он санади наҷоти миллати тоҷик дар оғози қарни бистуяк мебошад. “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – менависад проффессор Абдунабӣ Сатторзода, – санади аз ҷиҳати ҳаҷм бузург нест. Ҳамагӣ аз 4 банд ва зикри номи 9 санад – протоколу созишномаҳои алоҳида иборат буда, 2 саҳифа ва 52 сатрро ташкил медихад. Аммо аз лиҳози арзиши миллӣ ва таърихии хеш дар ҷумлаи беҳтарин ва боарзиштарин санадҳои муҳимми сиёсӣ ва дипломата ба шумор меравад.” Арзиши ин санади муҳимми таърихӣ дар ин рӯзҳои бисёр пурҳаводиси дунё барои миллати тоҷик бештар ва амиқтар эҳсос мешавад, ки мо бояд ба қадри ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Ватани соҳибистиқлоли худ расем ва барои ҳифзи манфиатҳои он ҳамеша омода бошем.

Дар фарҷоми ин навишта, мехоҳам фард-фарди миллати озодаи сулҳпарвару сулҳхоҳи тоҷикро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне рӯзи баҳамоии тоҷикон табрику муборакбод туям. Бигзор ваҳдати миллати тоҷик поянда бошад!

Марҳабо Ҷабборӣ доктори илми филологи, профессор

Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,

сармутахассиси Медиатека Президентӣ.