Профессор Мурод Муродӣ. Публитсистика: дирӯз ва имрӯз
Мафҳум, мазмун ва вазифаҳои публитсистикаро муҳаққиқони илмҳои адабиётшиносӣ ва журналистика ба таври гуногун маънидод кадаанду мекунанд. Илми адабиётшиносӣ публитсистикаро ҳамчун жанри алоҳида, як навъи адабиёти воқеагаро ё адабиёти аз ҳунари бадеӣ орӣ медонад.
Ин фаҳмиш аз он сар зада, ки публитсистика табиати духӯрагӣ дорад. Он, аз як тараф, ба воқеияти иҷтимоӣ такя мекунад, аз ҷониби дигар, аз аносири ҳунарӣ низ кор мегирад. Ҷанбаи аввал ба журналистика ва ҷанбаи дуввум ба адабиёти бадеӣ мегаравад. Аммо таносуби ин гаравиш баробар нест, балки дар он ҷанбаи воқеӣ афзалият дорад. Ба ибораи дигар, публитсистика аз воқеияти мушаххаси давру замони муайян маншаъ мегирад, ҳақиқати онро инъикос мекунад ва барои ба ҳақиқат бовар кунонидан мекӯшад.
Ҷойи шубҳа нест, ки публитсистика, хосса публитсистикаи бадеӣ таърихи дерина дорад ва алоқамандии он бо адабиёти бадеӣ ногусастанӣ аст, аммо дар инкишофи публитсиситика нақши матбуоти даврӣ муҳимтар будааст. Шуруъ аз ибтидои қарни XX бо пайдо шудани рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, публитсиситика бо журналистика алоқамандии бештар пайдо кардааст. Ин алоқамандӣ то замони имрӯз на танҳо идома ёфт, балки боз ҳам бештар ва наздиктар гардидааст.
Имкониятҳои матбуоти даврӣ таъйиноти публитсиситикаро тағйир дода, ҷанбаъҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро дар он пурзӯр намуд. Публитсиситика ҳамчун навъи эътироф гардида, масъалаҳои шинохти назарии он мавриди баҳси олимону муҳаққиқон қарор гирифт. Ба масъалаҳои чӣ будани публитсистика ва махсусияти осори ин навъи эҷод, ҳарчанд дар солҳои бистуму сиюм баъзе ишораҳо ба назар расад ҳам, аммо асосан баъд аз солҳои 70-уми асри гузашта таваҷҷуҳ бештар гардидааст. Дар ин давра дар публитсистикашиносии шуравӣ пажӯҳишҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Дар ин солҳо ва умуман, дар фазои илмии шуравӣ масъалаҳои назариявии публитсистика, асосан, аз ҷониби адибон ва адабиётшиносон дар алоқамандӣ бо хосияти адабиёти бадеӣ ва насри мустанад мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, пажӯҳишҳои олимони тоҷик М. Шукуров “Тадқиқи бадеӣ ва ҷанбаи публитсистӣ” (1972), А. Саъдуллоев “Публитсистикаи Мирзо Турсунзода” (1979), “Хосияти адабиёт” (2000) ва дигарон дар ҳамин руҳия амалӣ шудаанд.
Дар замони имрӯз, ки бо инкишофи техникаву технология, аз ҷумла рушди интернет, навъҳои гуногуни муошират ба вуҷуд омада, муносибати журналистӣ ва публитсистӣ ба воқеиятҳои иҷтимоӣ низ тағйир меёбад. Фазои ҷомеаи имрӯз тақозо менамояд, ки масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ на танҳо дар доираи маҳал, кишвар, балки берун аз он, бо назардошти фазои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гиранд. Ин шароит ва талабот, аз як тараф, аҳаммият ва муҳимияти боз ҳам бештар пайдо кардани журналистика ва публитсистика ишора намояд, аз сӯйи дигар, аз сатҳи баланд ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани мавзуъҳои баҳси он дарак медиҳад. Далели ин ҳолат муборизаҳои сиёсиву ғоявии байни давлатҳо, ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои гуногун буда метавонанд. Дар ин раванд мубориза барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи як нафар ё гурӯҳи алоҳида нест, балки вазифаи тамоми ҷомеа, ба вежа аҳли қалам ва неруҳои эҷодӣ аст. Агар ҷомеа фаъол набошад, раванди татбиқи ғояҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва миллӣ на танҳо табиӣ ва судманд сурат намегирад, балки бесамар мемонад. Дар маърифатнокии ҷомеа, боло бурдани фаъолмандии касбиву шаҳрвандии мардум, ташкили муборизаҳои оқилонаву созанда баҳри татбиқи ин ё он барномаи муҳими давлатӣ ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ нақш гузоранд ҳам, дар шароити имрӯза, ҳеҷ яке аз онҳо мисли ВАО ва публитсистика имконият ва афзалият надорад. Имрӯз на фақат ба публитсистика таваҷҷуҳ бештар шудааст, балки таносуби публитсистӣ ва оҳангҳои иҷтимоӣ дар адабиёти бадеӣ афзалият пайдо кардааст. Имрӯз мо тавассути публитсистика ва публитсистон метавонем бо истифода аз воситаҳои гуногуни ахбори омма фазои иттилоотии кишварро соҳибӣ кунем, набзи онро муайян намоем, байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мубодилаи афкор ба вуҷуд орем, руҳияи созандагию бунёдкориҳоро талқин созем.
Агар дар ибтидо публитсистика ҳамчун намуди махсуси адабиёт дар қаринаи адабиёти илмӣ ва бадеӣ шинохта мешуд, имрӯз он хусусиятҳои хос пайдо карда, навъи мустақили эҷод шудааст, ки инъикоси воқеият, тарғиби ғояҳои иҷтимоӣ ва ташаккули афкори оммаро ба дӯш дорад. Имрӯз публитсистика танҳо майл ба адабиёти бадеиву таърих надорад, балки майли он ба сотсиология, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ зиёдтар шудааст. Мафҳуму ифодаҳои “ҷанбаи публитсистӣ”, “руҳи публитсиститӣ”, “тамоюли публитсистӣ” ва амсоли ин, ки тули солҳои шастум ва ҳафтодуми сади XX серистеъмол буданд, имрӯз духӯрагии худро коҳиш дода, оҳанги сирф публитсистиро касб намудаанд.
Бо дигар шудани таъйинот ва нақши ВАО самти пажӯҳиши ин соҳа низ тағйир ёфт. Агар самти пажӯҳишҳои илмии ин соҳаро қаблан, ағлаб масъалаҳои таърихӣ ва амалӣ ташкил медод, имрӯз таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои технологияи касбӣ, роҳу тариқаи истифодаи воситаҳои техникии замонавӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти ВАО, иртибот бо аудитория ва ғайра бартарӣ пайдо кардааст.
Ҳолат, хусусият ва таъйиноти публитсистикаи муосир тақозо менамояд, ки муносибат ба таҳқиқи он тағйир ёбад, руҳи замонавӣ пайдо кунад, то натиҷаҳои илмии ҳосилшуда бо раванди ҷомеаи муосир ва инкишофи соҳа таъсири бештар расонад. Ин ва дигар омилҳо нишон медиҳанд, ки заминаҳои ташаккули илмҳои публитсистикашиносӣ ва журналистика дар кишвари мо ҳаматарафа фароҳам шуда, предмети омӯзиш ва пажӯҳиши он муайян ва мушаххас шудааст. Ин аст, ки ҳамасола дар самти журналистика, хосса публитсистикашиносӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бомуваффақият дифоъ мегарданд.
Дар ин рисола, ки шомили ду бахш аст, баъзе ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии публитсистикаи тоҷик, бахусус раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи он дар марҳалаҳои гуногуни таърих, хосса дар садаи XX таҳқиқ ва таҳлил шудааст.
Дар ташаккул ва инкишофи публитсистикаи тоҷик омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ, рухия ва талаботи давру замон таъсир гузошта бошанд ҳам, марҳалаҳои инкишофи он бо ин ё он хусусият нисбатан фарқ мекунанд. Ба ин мазмун, публитсистикаи қабл аз журналистӣ бо “таъсиррасонӣ бо сухан” ва бартарияти таассуроти сафар, осори публитсистии охири садаи XIX ва ибтидои асри XX бо руҳи маорифпарварона ва таҷадудхоҳона, солҳои бистуми садаи XX бо бартарияти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, солҳои сиюм бо иштирок дар ҳаёти истеҳсоливу фарҳангӣ ва ташаккули андешаҳои интиқодӣ, солҳои ҶБВ бо руҳияи миллатдӯстӣ ва ватанхоҳи ҷанговарона, солҳои 50-уми 70-ум бо тасвири корномаи инсон ва пайванди таъсирбахш эҷоди публитсистиву бадеӣ, солҳои бозсозӣ бо дифоъ аз арзишхои фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон ва руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва публитсистикаи солҳои навадум бо руҳияи сиёсӣ ва сулҳҷӯйӣ фарқ мекунад.
Бо вуҷуди ин, дар меҳвари ҳар як марҳалаи ташаккул ва инкишофи публитсистикаи тоҷик фикру ғояи пешқадам ва созандаву тарбияткунандаи инсони замони муайян қарор дорад.
Дар охир қарзи инсонии худ медонам, ки ба ҳамкоронам – профессори кафедраи матбуоти ДМТ Нуриддин Бозорзода, саромӯзгори ҳамин кафедра Қироншоҳ Шарифзода барои кумакашон дар кори таҳриру таҷдиди рисола ва дотсенти кафедраи рӯзноманигории Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” Дилором Маҳкамзода ҷиҳати ҳамкорӣ намудан дар таълифи як фасли ин пажӯҳиш, самимона, изҳори сипос намоям.
Манбаъ: Муродӣ Мурод “Нигоҳе ба публитсистикаи тоҷик дар садаи XX”. Душанбе, соли 2025.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Муниса Мамадсодиқова,
шуъбаи нигоҳдории китоб.