Профессор Шоҳзамон Раҳмон 23 сол аъзои Китобхонаи миллӣ аст!
Ҳини хидмат расонидан ба хонандаи доимии шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳо профессор Шоҳзамон Раҳмон ба дафтарчаи узвияти ӯ таваҷҷуҳ кардам.
Соли 2002 ӯ дафтарчаи аъзогии шуъбаи зикркардаро гирифтааст, 23 сол пеш .
Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту пурсидам, Шумо 23 сол аъзои Китобхонаи миллӣ ҳастед? Ҷавоби ӯ маро бештар ҳайрон кард, зеро қабл аз соли 2002 ҳам ӯ хонандаи доимии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ будааст. Чун муҳлати корт ба анҷом расид, корти дигар гирифтам, гуфт доктори илмҳои филологӣ, профессор Шоҳзамон Раҳмон.
Ӯро доимо дар Китобхона мебинам, аз ин рӯ пурсидам, ба омӯзиши чӣ илме машғулед, ки фурсат ёфта ба Китобхонаи миллӣ сар мезанед?
Чун мебинем баъзе касон то замоне ба китобхона меоянд, ки ҳимояи рисолаи илмӣ намоянд ё унвони профессориро бигиранд, чун ба қуллаи ҳадафашон расиданд, дигар китобхона омаданро зарур намешуморанд. Агар ҳам зарурат ба китобе, рӯзномае, маҷаллае ба миён биёяд, ба китобхона ташриф меоранд. Шумо истисно ҳастед.
– Ман ҳамеша меоям. Илм роҳи баста надорад, дараш ҳамеша боз аст. Як масъаларо ки пайгирӣ кардам, дуюмаш сар мезанад. Баъзе китобҳое, ки наёбам ба Китобхона меоям, мавод кофта кор мекунам, гуфт устод Шоҳзамон Раҳмон.
Аз суҳбат бо ӯ дарёфтам, ки қарор аст куллиёти устод Мирзо Турсунзода ба нашр бирасад, бинобарин барои омӯзишу таҳқиқи осори устод Турсунзода ба Китобхонаи миллӣ омадааст.
Зимнан Китобхонаи миллӣ моҳи январи соли 2023 рӯнамоии осорномаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Шоҳзамон Раҳмонро доир намуда буд. Ин китобномаи олими пуркору заҳматшкаш дастури хубест барои пажӯҳишгарони осори олими шинохта.
Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ фаъолияти илмӣ ва эҷодиёти олими адабиётшинос, муҳақиқ ва адиб Шоҳзамон Раҳмонро аз соли 1966 то охири соли 2021 дар бар гирифтааст.
Ин китоб шеърҳо, латифаҳо, ҳикояҳои профессор Шоњзамон Рањмон дар бар гирифта аст. Мавзуи аввалин китобаш байт ва муносибати он дар шеър буд. Китобномаи шарҳиҳолии ў зиёда аз 500 мақола ва бештар аз 29 китобро фароњам оварда аст. Ин феҳрист барои хонанда бисёр муҳим аст, аз он иттилои муњиму даќиќ пайдо мекунад. Як асари Шоҳзамони Рањмонро дар Канада Асадуллоҳи Шукур дар як маҷалла бо ҳуруфи форсӣ нашр кард.
Шоҳзамон Раҳмон мудири шуъбаи адабиёти муосири тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забонҳои тоҷикию русии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муњаммад Осимӣ, узви Иттифоқи нависандагону Иттиҳоди журналистони ҷумҳурӣ, дорандаи ордени «Дўстӣ», барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аст.
Устод Шоҳзамон Раҳмон, ки ба синну солашон нигоҳ накарда, пайваста дар талаби илманд. Насли ҷавон бояд дар мутолиа профессор Шоҳзамон Раҳмонро мояи ибрат қарор бидиҳанд.
Маҳбуба Алиева, мутахассиси пешбари шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳо.