Пурфурӯштарин ва пурхонандатарин китоби Британия эълон шуд

Романи “Шуги Бойн” (анг. Shuggie Bain) – и нависандаи амрикоӣ-шотландӣ Дуглас Стюарт, ки аз замони кӯдакии мушкил ҳикоят мекунад, яке аз пурхонандатарин китобҳо дар Британияи Кабир шинохта шудааст. Зарфи камтар аз якуним сол як миллион нусхаи он дар Подшоҳии Британия ба фурӯш рафтааст. Ин китоб соли 2020 нашр шудааст.

Роман тарҷумаиҳолист ва аз рӯзгори пурмоҷарои писараке бо номи Шуги ва модари ӯ Агнес ҳикоят мекунад. Бо он ки Агнес гирифтори майзадагист, вале миёни модару кӯдак як муҳаббати самимӣ вуҷуд дорад, ки ҳамин муҳаббат дар саргузашту сарнавишти қаҳармони асосӣ нақши муҳим бозидааст.

Соли 2020 романи “Шуги Бойн” сазовори ҷоизаи Букер шудааст. Ҳамчунин роман номзад барои дарёфти ҷоизаи Китоби миллӣ барои китоби достонӣ эълон шудааст.