Пурсиши хонанда. Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи бемориҳои сироятӣ чӣ метавон хонд?
Самариддин Иноят, яке аз корбарони сомонаи Китобхонаи миллӣ, ки зоҳиран донишҷӯи Донишгоҳи тибии Тоҷикистон аст, суол кардааст, ки дар Китобхонаи миллӣ роҷеъ ба касалиҳои сироятшаванда чӣ матолиби ҷолибро метавон хонд.
Суолро ба шуъбаи библиографияи миллии Китобхона ирсол кардем ва Дилороҳ Сайдамирова, корманди ин шуъба матолиби мавҷударо дар ин шакл ба мо расонд, ки ҳоло мунташир мекунем.
Қамардинов Х.К. Бемориҳои сироятӣ / Х.К. Қамардинов, Э.Р. Рахмонов, А. Аҳмадов. – Душанбе, 2000. – 184 с.
Талабов, М. С. Бемориҳои сироятӣ ва парастории беморон. – Душанбе, 2008. – 224 с.
Малакаҳои таҷрибавӣ ва дастурамалҳо ҳангоми бемориҳои сироятӣ. –Душанбе, 2010. – 52 с.
Раҳмонов, Э. Р. Беморихои сироятӣ: Китоби дарсӣ. – Душанбе, 2017. – 496 с.
Мусамиров, Р. Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ // Ватанпарвар. – 2019. – 19 апрел.
Роҳҳои пешгирӣ (профилактика) аз бемориҳои сироятии грипп ва вируси тоҷдор (коронавирус) // Иттифоқ. – 2020. – 28 феврал.
Музаффарзода, Д. М. Аз таърихи бемориҳои сироятӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёт: Дар бораи таърих ва пайдоши бемории сироятии COVID -19 // Садои мардум. – 2020. –14 май.
Баротзода, Ф. Баҳри бақои зуррият чӣ гуна бояд бо бемориҳои сироятӣ мубориза бурд?: Дар бораи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус // Садои мардум. – 2020. – 6 июн.
Фаъолияти бавусъати вазорат дар марҳалаи муҳим: Оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (СOVID 19) ва дигар бемориҳои сироятӣ // Омӯзгор. – 2020. – 11июн.
Муртазоев, Д. Бемориҳои сироятии гелминтӣ ва пешгирии онҳо // Насими Исфара. – 2020. – 16 декабр.
Бемориҳои сироятие, ки ба дил хавф доранд: Грип; Варами найчаҳои шуш (бранхит); Сепсис; Инфексияи роҳи пешоб; Инфексияи холигии даҳон // Ёрии таъҷилӣ. – 2021. – 15-21 июн.
Ғиёсов, А. Бемориҳои сироятӣ: Авомил, давраҳо, гурӯҳбандӣ // Табибони ҳамадон. – 2021. – 21 октябр.
Файзалӣ, Ф. Иммунизатсия муҳимтарин роҳи пешгирии бемориҳои сироятӣ // Ҷумҳурият. – 2022. –27 апрел.
Неъматзода , М. Аз бемориҳои сироятӣ худро эмин нигоҳ дорем: Дар бораи бемории гелментозҳо (дипансерӣ) // Вахш. – 2022. – 3 июн.
Қаландарова, И. Бемориҳои минингококкӣ: Дар бораи бемориҳои сироятӣ // Ҳамшираи тиб ва момодоя. – 2022. – №2. – С. 15. Ёдгорова, М., Кабирзода, Т ва диг. Бемориҳои сироятӣ ҳамчун омили хатар ҳангоми ҳомилагӣ // Авҷи Зуҳал. – 2023. – №2. – С. 63-67.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ