Пурсиши хонанда. Оё дар Китобхонаи миллӣ Луғатномаи Деҳхудо мавҷуд аст?

Луғатномаи ДеҳхудоАбдулаҳад Замонов, як корбари шабакаи ҷаҳонии Интернет (Фейсбук) суол кардааст: Машҳуртарин луғатномаи муосири форсӣ мансуб ба Алиакбари Деҳхудо, донишманди маъруфи эронист, ки на танҳо дар ҳавзаи кишварҳои форсӣ ва олами форсизабонон, балки барои ҳамаи онҳое, ки рағбат ба омӯзиши забони форсӣ доранд, шуҳрат дорад. Мехостам бидонам, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ин шаҳкори забони форсӣ чанд ҷилд мавҷуд аст?

Посухи корманди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ Дилрабо Тағоева:

Шумо дуруст зикр кардед, ки Луғатномаи Деҳхудо (لغت‌نامه دهخدا) бузургтарин ва мукаммалтарин фарҳанги забони форсӣ мебошад. Он таҳти роҳбарии Алиакбари Деҳхудо (1879–1956) таҳия шудааст. Ин асар на танҳо луғатнома, балки як донишномаи муфассали илмӣ, адабӣ ва таърихӣ низ ба ҳисоб меравад. Луғатнома дорои маънои калимаҳо, таърифҳои илмӣ, таърихӣ, шахсиятҳо, ашъори шоирон ва шарҳи мухтасари бисёре аз мафҳумҳои фарҳангии форсӣ мебоша

Луғатномаи Деҳхудо як шоҳасари илми луғатшиносӣ ва фарҳангшиносии форсӣ мебошад, ки бо заҳмат ва ҷидду ҷаҳди зиёди Алиакбари Деҳхудо ва ҳамкоронаш омода шудааст. Ин асар яке аз муҳимтарин манбаъҳои таҳқиқоти форсӣ буда, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ медорад.

Луғатномаи Деҳхудо на танҳо барои форсизабонон, балки барои муҳаққиқони дигар забонҳо низ як сарчашмаи муҳим мебошад. Он дар омӯзиши таърихи забони форсӣ, адабиёти классикӣ, истилоҳоти илмӣ ва фарҳангии эронӣ нақши калон дорад. Аз ин рӯ, бисёр донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ онро ҳамчун як манбаи асосии омӯзиши забони форсӣ истифода мебаранд.

Луғатномаи Деҳхудо аз 50 ҷилд иборат бада,соли 1334 ҳиҷри,1258 шамсӣ дар Теҳрон бо забони форсӣ чоп шудааст.

Дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ин асари безаволи бисёрҷилда маҳфуз аст,ки хонандаи зиёде дорад.

Дилрабо Тағоева  корманди шуъбаи дастхатҳои шарқ  ва китобҳои нодир.