Пурсиши хонанда. Оё метавонем дар Китобхонаи миллӣ аз Фарҳанги Амид истифода кунем?
Шавқу завқи беандозаи луғатомӯзӣ дорам. Бахусус вақте абёти классикӣ мехонам ва дар пайдо кардани шарҳи калимаҳо мушкилӣ мекашам, рӯ ба фарҳангҳо меорам. Ба гуфтаи устодонам Фарҳанги форсии Амид ҳарчанд ба ҳадди Луғатномаи Деҳхудо муҳташам нест, вале барои дарёфти вожаҳои душворфаҳми форсӣ ё калимаҳои корбурдашон зиёди арабӣ муносиб аст.
Оё метавон аз ин луғат дар Китобхонаи миллӣ истифода кард?
З. К., донишҷӯи ДМТ.
Посухи корманди шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ Дилрабо Тағоева:
Оре, метавонед. Маврид ба ёдоварист, ки Фарҳанги форсии Амид яке аз маъруфтарин луғатҳои забони форсӣ мебошад, ки онро доктор Ҳасани Амид таҳия кардааст. Ин луғат тафсири калимаҳо, пайдоиши онҳо, шаклҳои грамматикӣ ва намунаҳои истифодаи онҳоро дар бар мегирад.
Ин луғат ба унвони яке аз манбаъҳои муҳими таъриф ва тафсири вожаҳои форсӣ шинохта мешавад ва дар муҳити илмӣ, фарҳангӣ ва академӣ миёни форсзабонон васеъ истифода мегардад
Ин асари пурмуҳтаво дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ низ маҳфуз аст .
Фарҳанги форсии Амид аз ду ҷилд иборат буда,соли 1337 ҳиҷрӣ дар Теҳрон ба чоп расидааст. Ҷилди якум аз 874 саҳифа иборат буда,ҷилди дувум аз 668 саҳифаро дар бар мегирад.
Теъдоди зиёди олимону кормандони илм аз он васеъ истифода мебаранд. Шумо ҳам метавонед ба шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ташриф биёваред ва аз ин фарҳанг истифода кунед.