Рӯ ба илм. Даҳбедӣ ва даҳбедия

 

Даҳбедӣ, навъи харбузаи миёнапазак. Бештар дар вилояти Суғд ва водии Хисор, инчунин дар вилоятҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвариш меёбад. Харбузаи тухмшакл, дарозиаш 25-27 см, вазнаш 2-3 кг. Пўсташ сахт, рангаш сабзча, доғҳои тирагун дорад. Мағзаш сабзи қарсосӣ (ғафсиаш 3,5–4,5 см), камоби ширин, хуштаъм ва хушбўй (8-11% қанд, 9,5-13,4% моддаҳои хушк дорад).

Тухмпаллааш ба мағзи харбуза сахт часпидааст. Тухмаш калони зардча. Давраи нашваш 70-75 рўз. Аз ҳар га 300-310 сентнер ҳосил мегиранд.

Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва то дер нигоҳ доштан мувофиқ аст. Хосилашро тар мехўранд, аз он харбузақоқ тайёр мекунанд, мураббо мепазанд. Аз камобӣ ва касалиҳои занбўруғӣ кам зарар мебинад.

   

Муаллифон: Ҳ.Маҳмадқулов, Х.Эмомов                                              

 

Даҳбедия

Даҳбедия, яке аз  шохаҳои  нақшбандия; асосгузораш Сайид Аҳмад  ибни Ҷалолуддин Хоҷаи Косонӣ, маъруф ба Махдуми Аъзам (1461, Косон, Фарғона, – 1543, Даҳбед, Самарқанд). Ў бо даъвати  волии  Самарқанд аз Косон ба Самарқанд омада, дар дашти Миёнкол  манзил  ихтиёр кард ва дар он ҷо даҳ ниҳоли бед шинонд. Ин мавзеъ баъдан ба Даҳбед маъруф  гардид.

Дар мадрасаи Тошканд таълим гирифта, ба силки  муридони  Хоҷа Аҳрори Валӣ дохил шуд ва пас аз вафоти ў дар тарбияи  Мавлоно Муҳаммади Қозӣ (фавт 1516) қарор гирифт. Баъди Муҳаммади Қозӣ яке аз шохаҳои бонуфузи нақшбандия ба зиммаи  Махдуми Аъзам вогузор шуд.

Соли 1533 Махдуми  Аъзам барои таблиғи Даҳбедия ба Кошғар сафар кард. Мирзо Муҳаммадҳайдар дар «Таърихи Рашидӣ» оардааст, ки Бобур ба Махдуми Аъзам эҳтироми хосса дошта, «Бобурнома» самара ва подоши  муносибати онҳост. Пас аз реҳлати Махдуми Аъзам Даҳбедия ба чанд шоха тақсим шуд, ки маъруфтаринашон офоқия, исҳоқия ва ҷўйбория мебошанд.

Машҳуртарин  намояндагони офоқия: Муҳаммад Амин (Эшони Калон)- фарзанди бузурги Махдуми Аъзам (фавт 1596); Муҳаммад Юсуф (фавт 1654); Хидоятуллоҳ (Хоҷа Офоқ; фавт 1698); Хонхоҷаи Яҳё (фавт 1700); Ҳасан Буғрохон (фавт 1729); Аҳмад Қилич Бурҳонуддин (Хоҷакалон; фавт 1762) ва Хоҷаҷахон Яҳё (Хоҷахурд; фавт 1784).

Намояндагони исҳоқия: Исҳоқи Валӣ – чаҳорумин фарзанди Махдуми аъзам (фавт 1605, деҳаи Боғи Баланди Самарқанд); Хоҷа Шодӣ (фавт1655); Убайдуллоҳ (Хоҷаи Подшоҳ; фавт 1687); Дониёл (фавт 1740); Юсуф (фавт 1758) ва Яъқуб (фавт 1758).

Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон ҷудошавии даҳбедия ба офоқия ва  исҳоқия аз замони Исҳоқи  Валӣ оғоз шудааст. Шохаи мансуб ба ў дар замони ҳаёташ «исҳоқия» хонда мешуд, аммо офоқия пас аз даргузашти Хоҷа Офоқ ба ахирӣ нисбат дода шуд.

Намояндаи  машҳури  шохаи  ҷўйбория Муҳаммадисломи Чўйборӣ (фавт 1560) муриди Хоҷа Муҳаммадамин аст. Ин шоха дар Бухоро густариш ёфт. Шайхони ҷўйборӣ Махдуми Аъзамро «Шайху-л-кул» мехонданд. Дуввумин пири офоқия Муҳаммад Юсуф ба Уйғуристон ва Чин низ сафар карда, дар миёни Солоро ва Ҳуйҳо (мусулмонони чинизабон), Тсинғай ва Кансу дар шимолу ғарби Чин муриди зиёде пайдо кард.

Овоза ва нуфузи махдумзодагони Даҳбедия ба Балх ва Бадахшон низ расид. Дар Даҳбедия зикри арра (аз гулў баровардани садои  шабеҳи ҳаракати арра ҳангоми буридани чўб) маълум аст. Алҳол афроди зиёде аз пайравони  Даҳбедия дар Даҳбед  зиндагӣ  доранд.

 

Муаллиф: Ғ. Ғоибов

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – Ҷ.5. – С. 392.

Таҳияи Шаҳнозаи Шеравган

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ