Оё медонед “Дахмаи Нушервони Одил чӣ буда?

 

 

Дахмаи Нушервони Одил» ҳикояти омиёнаест, ки мундариҷааш аз андарз иборат аст. Ҳикоят ду сужет дорад, ки тавассути ғояву қаҳрамонҳои умумӣ  ба ҳам пайванд шудаанд. Сужети аввал дар бисёр осори хаттӣ дучор меояд ва пиромуни андешаи «зани нек марди пирро ҷавон медорад» ва дуввум дар мавзўи даромадани халифаи Бағдод Маъмунуррашид ба дахмаи Анўшервони Одил, ки шоҳи Сосонӣ Хусрави аввали Анушервон бошад (531–579) ва хондани ў ин андарзҳорост.

Халифа Маъмунуррашид аз наздикони худ ҳикояти аҷиб талаб мекунад. Яке мегўяд, ки аз ҳама аҷибтар дар ҷаҳон тоқу дахмаи Анўшервони Одил аст. Халифа ба дидани тоқ меояд, аммо ҷойи дахмаро ба ғайр аз пире касе намедонад. Мардро меоранд, ки хеле пир буд, аммо аз дахма хабар надошт. Бародари миёнаи ўро меоранд, ки зоҳиран аз бародари хурдӣ ҷавонтар буд, аммо ў низ аз дахма огоҳ набуд. Бародари калони онҳоро меоранд, ки марде ҷавон менамуд.

Чун халифа таҳқиқ мекунад, ошкор мешавад, ки зани бародари бузург некзане будааст. Пас ин мард ҷойи дахмаи Анўшервонро ба халифа нишон  медиҳад. Анўшервон зиндавор бар тахт хуфта буду бар пешонибандаш андарзҳо навишта.

Пас ганҷхонаи Анўшервонро падид оварданд, ки абзору зарфҳои бисёр дар онҳо буд ва бар ҳамаи онҳо андарз навишта. Андарзҳое, ки дар ин ҳама лавҳҳову абзорҳо сабт карда буданд, аз андарзҳоеанд, ки дар рўзгори Сосониён, хосса дар замони Хусрави Анўшервон бисёр маъмул буданд ва дар маҷмўаҳо сабт гардидаанд. Бисёрии онҳо бо номҳои андарзҳои Нўшервону Бузургмеҳр то ба рўзгори мо расидаанд.

 

Муаллиф: Қ. Чиллаев.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – Ҷ.5. – С. 381.

Таҳияи Маҳина Раҳмонова

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.