Рӯ ба илм. Ду гармо: яке пирях, яке гармӣ

Гармо пирях дар болооби дарёи Хингоб, дар байни қаторкўҳҳои Пётри 1, Академияи фанҳо ва Дарвоз ҷойгир аст. Аз 4 шохаи калони мураккабу хўрҷинмонанди морфологӣ (Липский, Беляев, Вавилов ва Шокалский ) таркиб ёфта, дарёҳои водиҳои Вахё ва Ванҷро сероб мекунад. Дарозиаш 30,4 км, бараш то 2 км, масоҳаташ 114 км2 мебошад.

Баландии минтақа ва зиёд будани миқдори боришот сабаби пайдо шудани пирях гаштаанд. Миқдори боришоти солона 1800 см (дар баъзе маҳалҳо бештар). Манбаи захирааш – боридани барф ва тармаҳои хобида.

Таҳқиқоти солҳои охир собит менамоянд, ки ҳаҷми баъзе пиряхҳо хурд мешаванд. Аз хатти барфӣ поинтар фуромадани забонаи пиряхҳо аз ин шаҳодат медиҳанд.

Аз ҷумла, пиряхи Гармо аз хатти барфӣ то баландии 2800 – 3000 поин фуромадааст. Қисми поёнии Гармо бо моренаҳо (таҳнишастаҳои пиряхӣ) пўшида шуда, пастию баландиҳо ва кўлчаи бисёре пайдо намудааст.

Қуллаи баландтаринаш – 6595м. мебошад.

 Муаллиф:  К. Вазиров, М. Раҳимов.                      

 

Гармо

Гармо, гармӣ, миқдори гармо, миқдори энергияе, ки система (ҷисм) ҳангоми гармотабодул (дар вақти тағйирнопазир будани бузургиҳо ё параметрҳои берунии система – ҳаҷм ва ғ.) медиҳад ё фурў мебарад. Ба мисли кор миқдори гармо низ меъёри тағйирёбии энергияи дохилии система (U) мебошад.

Ҳангоми мубодилаи гармӣ дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мустақими (бархўрди) молекулаҳои система бо молекулаҳои ҷисмҳои атроф энергияи дохилии ҷисм тағйир  меёбад. Бар хилофи U – функсияи якқимматаи бузургиҳои ҳолат, миқдори гармо, ки яке аз ҷузъҳои тағйирёбии комили U дар раванди физикӣ мебошад, дар шакли фарқи байни қиматҳои функсияҳои бузургиҳои ҳолат ифода карда намешавад. Пас, миқдори камтарини гармо, (ки ба тағйирёбии содатарини ҳолати ҷисм мувофиқ аст) дар мавриди умумӣ дифференсиали функсияи бузургиҳои ҳолат буда наметавонад.

Миқдори Гармои ба ҷисм интиқолшаванда Q ба монанди кор А ба он вобаста аст, ки ба кадом усул система аз ҳолати ибтидоӣ ба ҳолати ниҳоӣ мегузарад.

Дар равандҳои баргарданда, мувофиқи ибтидои дуюми термодинамика, миқдори камтарини  гармо &Q – TdS аст, ки ин ҷо Т – ҳарорати мутлақи система, dS – тағйирёбии энтропияи он мебошанд.

 Ҳамин тариқ, интиқоли гармо ба система ва интиқоли миқдори муайяни энтропия ба система бо ҳам муодил мебошанд. Ихроҷи  гармо аз система бо камшавии энтропия баробарвазн аст. Дар мавриди умумии равандҳои барнагарданда &Q < TdS мебошад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 223.

 Муаллиф:  М. Раҳимов.                      

 

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ