Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: Ду ғуроб-яке паранда дигаре бурҷи Нимкураи ҷанубии Осмон. Оё медонистед?

  Ғуроб-бурҷе дар Нимкураи ҷанубии осмон

  Ғуроб, бурҷи Нимкураи ҷанубии Осмон, ки дар қисмати ҷанубии бурҷи Сунбула ҷойгир аст. Бурҷ дар асари “ал-Маҷастӣ”-и Батламиюс қайд шудааст. Чор ситораи дурахшонаш зоҳиран мори қоғазинро мемонанд, ҷилои ситорагонаш то 2,65 қадри ситоравӣ аст. Масоҳаташ 184 квадратӣ, 15 ситорааш қадри ситоравии то 6m,0 доранд.

Фарози мустақим аз 11h50m то 12h50m ва майлаш аз – 24030’ то – 110 аст. Ситораҳои ҷилонокаш Ҷанаҳ (γ Сrv ) – 2,59m Краз  (β Сrv)- 2,65m ва Алғуроб (δ Сrv ) – 2,95m.

Алғуроб ситораи каратии зоҳирӣ буда, дар масофаи 124 с. р. ҷойгир аст. Шумерҳои қадим онро “мурғи тўфон” номида, бобилиён ба паранда Анзуд монанд мекарданд. Дар арзҳои миёна ва аз Тоҷикистон моҳҳои май – июн хубтар мушоҳида мешавад.

Муаллиф Р. Муродов.

Ғуроб (Corvus corone), зоғи сиёҳ, як навъ паранда. Дарозии танаш 48-52 см, болаш 330-335 мм. Вазнаш то 700 г. Рангаш сиёҳ, тобиши филиззии бунафш ё сабзи кабудтоб дорад. Нўлаш калон, сўрохҳои биниаш бо пати сафед пўшида шудаанд. Ғуроб дар Аврупои Ғарбӣ, Русия, Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои қатор қўҳҳои Курама, қад-қади дарёи Сир, нишебиҳои шимоли қаторқўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз зиндагӣ мекунад.

Дар кишвари мо парандаи муқимӣ буда, тоқа – тоқа дар шохи дарахту буттаҳои баланд, баъзан дар шахҳо аз шоху навда пар ва ғайра лона месозад. Дар дусолагӣ болиғ мешавад. Модинааш 4-6 тухм гузошта, 17-19 шабонарўз пахш мекунад. Тухмаш кабуди сабзтоб, доғҳои сиёҳранг дорад.

Баъди 30-35 рўз чуҷаҳояш парвозӣ мешаванд. Ғизои Ғуроб ҷонварони бемўҳра, муҳрадорони хурд, ғалла, меваи дарахтон ва ғайра аст. Ғуроб партов, лоша, ҳашароти зарарасон ва хояндаҳоро хўрда несту нобуд мекунад.

Дар баъзе хоҷагиҳои ҷангал лонаи парандаҳои фоидаоварро вайрон карда, зиён мерасонад.

Муаллиф А. А. Раҳмонов.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 151-152.

 Таҳияи Манижа Раҷабова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.