Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ. ҒУМБАК

Ғумбак, зоча, яке аз давраҳои рушди ҳашарот. Давраи зочаӣ давраи ороми рушди ҳашарот аст. Дар ин давра ҳашарот шаклан тағйир меёбад (метаморфозро аз сар мегузаронад). Ғумбак хосси ҳашаротест, ки чаҳор давраи ташаккул (тухм, кирмина, зоча, имаго- фарди болиғ)-ро паси сар мекунанд (масалан, дуруштболҳо, бодбезакболҳо, турболҳо, шапаракҳо пардаболҳо, дуболаҳо ва ғайра).

Кирминаи аксари онҳо пеш аз табдил ёфтан ба ғумбак пила танида, андаруни он ҷой мегирад. Ғумбакҳо ғизо намехўранд; онҳо дар ҳолати карахтӣ (оромӣ қарор дошта бошанд ҳам, дар ҷисмашон тағйироти гуногун рух намуда, бозсозии узвҳо сурат мегирад. Давомоти давраи зочаӣ аз 5-10 рўз то чанд моҳ аст; давомоти давраи ғумбакии гамбусаки саврӣ солҳо идома меёбад.

Дар охири давраи инкишоф ранги ғумбак тирагун гашта, худ ба ҷунбиш медарояд, қабати болои пўст кафида, ҳашараи болиғ ба дунё меояд.

Ғумбакҳо аз ҷиҳати сохтор 3 навъ мешаванд: кушода, пўшида ва ниҳонӣ. Ғумбакҳои кушода бо парда (пўшиш) фаро гирифта нашудаанд. Онҳо мисли ҳашароти болиғ мўйлаб, бол ва пой доранд (масалан, гамбусаки саврӣ ва чубхўракҳо).

Узвҳои ғумбакҳои пўшида ба тан сахт часпидаанд, зеро кирмина дар давраи ниҳоии пўстпартоӣ моеи ширешмонанде хориҷ мекунад, ки он шах шуда, сару танро тамоман фаро мегирад (масалан, шапалаку дуболаҳо). Ғумбакҳои ниҳонӣ андаруни ҷилд ё пилаи дурўғин (пупария), ки пўсти напартофтаи кирмина аст, ҷой гирифтаанд. Ин тарзи зочаӣ хосси дуболаҳои олиташаккул мебошад.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 138.

Муаллиф:  М. Муҳитдинов

 

 Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.