Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: ҒУРМ

Ғурм, ғарм, мешак (Ovis orientalis vignei), ҳайвонест ҷуфтсуми ваҳшӣ. Зоҳиран муфлонро мемонад. Дарозии танаш 110-145 см, баландиаш (то сари дўш) 88-100 см, вазнаш 36-87 кг. Шохи ғурми нар ғафси дароз (то 99 см), шохи модааш нисбатан кўтоҳ аст. Пашмаш дорчинии зардтоб (тобистон равшантар мешавад).

Ғурм дар сурин, болои рон ва пойҳои қафо доғҳои сафед дорад. Зери гардан ва сандуқи синаи наринааш сиёҳтоб аст.

Ғурм дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва Кашмири Ҳиндустон вомехўрад. Дар Тоҷикистон асосан дар қаторкўҳҳои Ариқтоғ, Рангон, Вахш, Панҷ, Қаратоғ, Тераклитоғ ва Оқтоғ зиндагӣ мекунад. Ғурмҳо гала-гала дар алафзори ҷойҳои камоб (дар баландиҳои 6000 м аз с. б.) мечаранд. Галаи онҳо, маъмулан, аз ғурми модина ва оҳубарраю ҷавонаҳо иборат аст.

Ғурми нарина дар 2-солагӣ болиғ мегардад. Галаи ғурмҳо дар давраи ҷуфтшавӣ (ноябр-декабр) омехта мешаванд. Дар ҳар гала 8-12 ғурми модина мавҷуд аст. Давраи ҳамли ғурм 150-160 рўз идома меёбад. Апрел – май 1-3 бача мезояд. Ғурми модина бачаҳояшро то 5-моҳагӣ мемаконад, ҳол он ки онҳо дар якмоҳагӣ алафхўр мешаванд.  Ғурм 8-12 сол умр мебинад.

Ғурмҳои солҳои пеш дар тамоми кўҳистони ҷумҳурӣ маскан гирифта буд. Ибтидои солҳои 30 асри 20 онҳо дар кўҳҳои Қаротоғ (Вахш) гурўҳ-гурўҳ (10-12 сарӣ) мегаштанд. Тирамоҳон 40-100-сарӣ гала шуда, зимистон мегузарониданд.

Аввали солҳои 40 асри 20 дар доманаи Ҳоҷақозиён галаҳои калони ғурм мушохида мешуданд. Ҳоло дар ин ҷойҳо ғурм кам мондааст. Тирамоҳи соли 1972 галаи ғурмро (4-12 сар) дар қаторкўҳи Сурхкўҳ дидаанд. Дар қуллаҳои ҷанубии Ҳазратишоҳ дар масоҳати 1000 га ҳамагӣ 6-8 сар ғурм дучор омадааст. Ғурм ҷонвари нодир аст. Онро ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардаанд».

Рўбоҳ ва парандаҳои соҳибчангол душмани оҳубарраи ғурм мебошанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 151.

Муаллиф: А. Саидов.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.