Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: ҒУРМОҲӢ
Ғурмоҳӣ, ғурримоҳӣ, ду ҷинси моҳӣ аз оилаи зағорамоҳиҳо, ки ҳар кадом якнамудӣ дорад. Ғурмоҳии сафед (Hypophthflmichthys molitrix) дар обҳои ширин зиндагӣ мекунад. Дарозии танаш 100-110 см, вазнаш 20-25 кг. Сари хурд, пешонии калони васеъ дорад. Тахтапушташ бўри сабзча, паҳлу ва шикамаш нуқрагун. Болҳояш рахҳои равшан доранд.
Пулакчааш хурд (дар хатти паҳлуӣ 109-125 адад пулакча мавҷуд аст); баргакҳои ғалсамааш борики дароз. Дар обҳои гарм (220С) афзоиш меёбад. Моҳиҳои 6-9 сола 500-800 ҳазор тухм мегузоранд. Ғизои ғурмоҳии сафед обсабзҳои микроскопӣ, фитопланктон ва детритҳо аст. Ҳангоми парвариш дар ҳар як га обанбор бояд 25000 моҳича сар дода шавад ( моҳиҳои яксола – 450, дусола – 250, сесола – 200 ва чорсола – 180 адад).
Ғурмоҳии ало аз ғурмоҳии сафед бо сари калон, ранги нисбатан тира ва рўдаи қўтоҳ фарқ мекунад. Вазнаш 30 – 35 кг. Пулакчаҳояш хурд (хатти паҳлуӣ аз 91 – 115 пулакча иборат аст). Дар 2 – 6 – солагӣ болиғ мешавад. Аз 500 ҳазор то 1 млн. тухм мегузорад. Ғизои ғурмоҳии ало фитопланктонҳо ва зоопланктонҳо аст.
Ғурмоҳӣ аслан аз Чин аст, бинобар ин, замоне онро “ғурмоҳии чинӣ” низ меномиданд. Дар натиҷаи обхезиҳои сахте, ки охири солҳои 50 асри 20 дар Чин рух доданд, бисёр хоҷагиҳои моҳидорӣ хароб гашта, ғурмоҳиҳо ба шохобҳои дарёи Амур гузаштанд. Ғурмоҳи баъдан ба дарёҳои Днепр, Волга, Кубан, Дон, Терек, Сир ва Ому низ сар дода шуд.
Ба Тоҷикистон ғурмоҳиро охири солҳои 60 ва 80 асри 20 оварданд. Он дар Баҳри Тоҷик ва обанборҳои Қайроққум, Норак ва хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Қуйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) афзоиш ёфт.
Ғурмоҳӣ моҳии пурбаҳои саноатӣ буда, гўшти лазиз дорад. Дар таркиби он 4,5 – 23,5 % равған, моддаҳои минералӣ (фосфор, оҳан, калсий, натрий, сулфур) ва витаминҳои А, В, Е, РР мавҷуд аст.
Истеъмоли гўшти ғурмоҳӣ фишори хун ва савияти холестеринро паст мекунад, барои беморони диабети қандӣ муфид аст, кори мағзи сарро ба эътидол меоварад.
А. Расулов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Милии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 5. – С. 151.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.
библиографияи миллӣ