Рӯ ба илм. Вулкан чист?

Вулкан, кӯҳи оташфишони махрутшакл, ки ба воситаи танӯра ва тарқишҳои он аз қаъри Замин гудоза, хокистар, газҳои тафсон  берун меоянд. Оташфишонии вулканӣ якҷо бо пайдо шудани маҳсулоти вулкании моеъ, газмонанд ва сахт, ки то ҳароратҳои гуногун, баъзан то ҳарорати +12000С тафсидаанд, рух медиҳад.

Оташфишонии вулканӣ такрорёбанда буда, ҳолати хомӯшии онҳо баъзан муддати хеле зиёд давом мекунад, ки дар ин  муддат магма (тафта), гӯё ки “мепазад” ва вақте ки фишори магма ва газҳо аз меъёри мустаҳкамии ҷинсҳои кӯҳии дар боло хобида зиёд мешавад, оташфишонӣ оғоз меёбад. В. Б. Селезин се навъи асосии низоми дуҳолата (дуфазавӣ) – и ҷараёни “гудозаи магмавӣ –  газ” – ро ҳамгоми аз кафидагиҳои вулканӣ берун баромадан муайян кардааст: 1) ҳолати умумӣ – моеъ (гудоза), дисперсӣ – газ, ки дар ин ҳолат газ тез то ҳаҷми ҳубобчаҳо афзоиш ёфта, берун мебарояд; 2) ҳолати умумӣ – газ, ҳолати сахти ба газ табдилёфта; 3) кафки харобкунанда, ки ҳангоми он ҳар ду ҳолат муттасил давом мекунанд. Ҳамаи низомҳои асосии оташфишонии Вулкан аз рӯйи суръати аз кафидагиҳо берун баромадани магма, часпакии магма, миқдори ҷузъҳои бухоршаванда ва  ҳалшавии онҳо, миқдори хубобчаҳои газ дар воҳиди ҳаҷми магма муайян карда мешаванд. Вобаста ба ҳар ҳарорат, таркиби магма ва гудозаи он тарзҳои зерини оташнишониро фарқ мекунанд: тарашшуҳӣ, ки ҳангоми онҳо  гудоза ба сатҳи Замин дар шакли сел берун мебарояд; эксплозивӣ, ки ҳангоми онҳо таркиш бо партоби порчаҳои тафсидаи гудоза, ҷинсҳои нисбатан қадимии вулкан, хокистар ва шикастпораҳои таркибашон гуногун рух медиҳад; экструзивӣ, ки ҳангоми онҳо тафтаи часпак ба рӯйи танӯраи вулкан фишурда бароварда мешавад.

Дар раванди оташфишонӣ хусусияти он метавонад дигар шавад. Масалан, баъди таркиши фалокатовари вулкани Мон-Пеле дар ҷазираи Мартиник (1902), ки ш. Сен-Перро нобуд кард, холати экструзивӣ бо фишурда баровардани магма дар шакли сутуни баландиаш то 300 м сар шуд, ки баъд хароб гардид. Неруи оташфишонии Вулкан гуногун – аз хеле суст то ниҳоят сахт (оқибатҳои  фалокатовар дорад) мешавад. Зилзилаҳои вулканӣ тағйир ёфтани таркиб ва хосияти газҳои фумаролӣ ва ғайра нишонаҳои пешакии оташфишонианд.

Вобаста ба таносуби миқдори моддаҳои вулканӣ (газмонанд, моеъ ва сахт) оташфишониро ба 4 навъи асосӣ ҷудо мекунанд: гавайӣ, стромболӣ, гунбадӣ  ва вулканӣ. Ба оташфишонии гавайӣ нисбатан оромона берун  рехтани гудозаи моеъ (базалтӣ) хос буда, дар танӯра ва атрофи он кӯлу селҳои гудозавӣ пайдо мешаванд (Мауна-Лоа, Мауна Кеа дар ҷазираҳои Гавай).

Оташфишонии стромболӣ аз таъсири газҳои зиёде рӯй медиҳад, кафидагиҳои хурд ва селҳои калони гудоза ба амал меоянд (вулкани стромболӣ дар ҷазираҳои Линор).

Барои оташфишонии гунбадӣ аз тазйиқи пуршиддати газҳо фишурда шуда, ба воситаи калани Вулкан зада баромадани гудозаҳои ғализ ва ба худ шакли гунбадро гирифтани онҳо хос аст (вулканҳои Пюн – де-Дом ва Семячики Марказӣ дар Камчатка).

Ҳангоми оташфишонии вулканӣ моддаҳои газмонанд боиси таркишҳо ва чун фаввора берун рехтани гудозаҳои бисёре мегарданд. (вулканҳои Вулкано, Авачинская Сопка ва Толбачик дар Камчатка). Аксари кӯҳҳои оташфишон (вулканӣ) аз ҷинсҳое таркиб ёфтаанд, ки дар вақти оташфишонӣ берун рехтаанд. Баландии вулканҳо ба якчанд км мерасад: Охес-дел-Саладо (6893), Люляйлко (6725), Сан-Педро (6159) дар Амрикои Ҷанубӣ, Қалиманҷаро (5895) дар Амрико, Орисаба (5700) дар Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, Элбурс (5642) дар Аврупо, Ключевая Сопка (5000) дар Камчатка ва ғайра. Дар ҷазираҳои  Гавай баландии вулканҳо аз қаъри уқёнус қариб ба 8 км мерасад. Аксар вақтҳо ҳангоми оташфишонӣ девораҳои танӯраҳо гудохта шуда, меафтанд ва пастхамиҳои азими (барашон то 15-30 км) ҷармонанд (калдераҳо) ба вуҷуд меоянд. Вулканҳои оташфишон, хуфта ва хомӯш мешаванд. Вулканҳои оташфишон мунтазам ё ҳар сари чанд вақт оташфишонӣ мекунанд. Инҳо инчунин вулканҳое мебошанд, ки дар бораи оташфишониашон маълумоти таърихӣ мавҷуд аст; ба ин гурӯҳ боз вулканҳое дохил мешаванд, ки аз оташфишонии онҳо хабаре нест, вале аз худ газ ё оби гарм мебароранд. Вулканҳои хуфта, сарфи назар аз он ки дар бораи оташфишониашон маълум нест, шакли худро нигоҳ доштаанд ва зеру атрофи онҳо зилзилаҳо рӯй медиҳанд. Вулканҳои хомӯш хеле вайрону шуста  шудаанд. Чунин мешуморанд, ки онҳо манбаи магмавӣ надоранд ва оташфишонӣ карда наметавонанд. Вале мисолҳое мавҷуданд, ки вулкани хомӯшшуда ногаҳон оташфишонӣ кард. Масалан, вулкани Безимянний, ки дербоз хомӯшшуда мешумурданд, соли 1955 ба оташфишонӣ оғоз намуд.

Аксари вулканҳои калон сохти мураккаб доранд, яъне дар рафти оташфишониҳои зиёд ташаккул ёфтаанд. Вулканҳои куҳна ё серқабат бештар вомехӯранд. Нишебиҳои онҳо дар натиҷаи селҳои пайдарҳами гудоза, туфсанг, хокистар ташаккул ёфтаанд, ки аз натиҷаи оташфишониҳои пайдарҳами тарашшуҳӣ ва эксплозивӣ ба вуҷуд омадани онҳо шаҳодат медиҳанд. Қуллаи чунин вулканҳои марказӣ як ё якчанд танӯра дошта, бо канали лӯлашакли доимӣ, ки ба воситаи он магма берун мерезад, интиҳо меёбад. Шакли нишебиҳо фурӯхамидаи ҳамвор аст (масалан, вулкани Ключевая Сопка дар Камчатка). Дар нишебиҳои вулканҳои куҳна метавонанд танӯраҳои иловагӣ ҷойгир бошанд, ки онҳоро шохаҳои канали асосӣ ба вуҷуд овардаанд. Сохти вулканҳои куҳна бисёр вақтҳо мураккаб аст, бахусус вақте ки як вулкан дар дохили Вулкани қадимтар, ки онро таркиш вайрон кардааст, ҷойгир шудааст. Сохти вулкани Везувий чунин аст, ҷисми ғарбии онро оташфишонии эксплозитивӣ дар соли 79 хароб карда буд. Дар пастхамии ҷармонанд (калдера)- и бавуҷудовардаи он дар натиҷаи 84 оташфишонии баъдӣ махрути нав – Везувийи ҳозира пайдо шудааст. Вулканҳои якқабатаи марказӣ дар натиҷаи як оташфишонии тарашшӯҳӣ ё эксплозивӣ пайдо шудаанд ва мувофиқан аз гудоза, туфсанг, дажғолҳои вулканӣ ё дигар маҳсулоти оташфишонӣ иборатанд. Ин вулканҳо, одатан, аз ҷиҳати ҳаҷм нисбат ба вулканҳои куҳна хурдтар буда, бисёр вақтҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир мешаванд.

Вулканҳои калони сипаршаклро гудозаҳои базалтӣ, ки дар намуди селҳои тунук ҳам аз тандӯра ва ҳам аз тарқишҳо ҷорӣ мешаванд, ба вуҷуд овардаанд. Нишебиҳои вулкани марказии сипаршакл хеле моил (7 – 80) буда, дар гунбади он танӯраи азим бо девораҳои ҷармонанд ҷойгир аст, ки дар дохили он кӯли гудоза мавҷуд мебошад ва аз он ҳар сари чанд вақт селҳои тунуки гудозаи базалтӣ ҷорӣ мешавад. Гудозаҳои базалтии аз кафидаҳои вулканӣ берунрехта низ пӯшишҳои азими базалтӣ (мас., дар Исландия) ба вуҷуд меоваранд. Вулканҳои имрӯза қад-қади кӯҳҳои ҷавон ё кафидаҳои азими қишри Замин, дар ноҳияҳои аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракат воқеъ гаштаанд.

Минтақаҳои асосии вулканҳои оташфишон: Амрикои Ҷанубӣ, Амрикои Марказӣ, Ява, Меланерия, ҷазираҳои Ҷопон, Курил, Гавай, Алеут, Аляска, Исландия, уқёнуси Атлантик, уқёнуси Ором. Аз се ду ҳиссаи вулканҳо дар ҷазираю соҳилҳои уқёнуси Ором (минтақаи вулкании уқёнуси Ором) ҷой гирифтаанд. Аз ҷиҳати шумораи вулканҳои оташфишон ноҳияи уқёнуси Атлантик ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Дар Русия вулканҳои оташфишон дар Камчатка (28) ва ҷазираҳои Курил (39) мавҷуданд. Дар натиҷаи оташфишониҳо дар хушкӣ шаклҳои махрутшакли релйеф, дар уқёнусҳои ҷазираҳои калон пайдо мешаванд (ҷазираҳои Гавай, Вознесения, Суртсей ва ғайра).

Вулканҳо ҳангоми оташфишонӣ садои баланд мебароранд. Масалан, ҳангоми оташфишонии вулкани Кракатау дар Индонезия соли 1883 балантарин садо дар таърих ба қайд гирифта шуд. Садои ин вулкан дар масофаи бештар аз 4800 км аз манбаи он шунида шуд. Дар натиҷаи ин вулкан 36000 кас ҳалок гардид, 165 деҳа нобуд ва 132 деҳа хароб шуд. Вулкани Везувий, ки 1,2 км аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, фаъолтарин вулкан дар замони ҳозира мебошад. Соли 79 шаҳрҳои Руми Қадим Геркулонум ва Помпей        ва баъд бисёр шаҳрҳо дар зери хокистари вулкани Везувий мондаанд. Вулканро илми вулканшосӣ меомӯзад.

Муаллиф: И.Қурбонов

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – 2015. – Ҷ.4. – С. 98-99.

Таҳияи Маҳина Раҳмонова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ