Рӯ ба илм. Замини иштар
Замини иштар, яке аз минтақаҳои асосии кўҳии Зуҳра, ки аз рўи андоза баъд аз Замини Афродита ҷой гирифтааст. Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо соли 1979 онро ба шарафи илоҳаи Иштар (бузургтарин давлати асрҳои 24-22 то мелод, ки дар қисмати миёнаи Байнаннаҳрайн, марзи Ироқи ҳозира қарор дошт) ном гузоштааст. Кўҳҳои баландтарини сайёра дар ҳамин минтақа ҷойгиранд.
Замини Иштар дар нимкураи ба самти Замин нигарони Зуҳра (ҳангоми ба Замин наздик буданаш), дар наздикии Қутби шимол ҷойгир аст. Он аз шимол ба ҷануб дар ҳудуди 2500 км ва аз ғарб ба шарқ дар масофаи 8000 км тўл кашидааст. Масоҳаташ ба 8,5 млн км2 баробар буда, аз масоҳати Австралия бузургтар ва аз масоҳати Амрико хурдтар мебошад.
Дар маркази Замини Иштар баландтарин кўҳи сайёра- кўҳи Максвелл (баландиаш 11 км) воқеъ аст. Дар самти ғарбии он пуштакўҳи баланди Лакшми ҷой гирифтааст, ки онро аз шимол кўҳи Фрейи, аз шимолу ғарб кўҳи Акна ва аз ҷанубу шарқ кўҳи Дану иҳота кардааст.
Дар ташаккули релефи сатҳи Замини Иштар равандҳои тектоникӣ, вулканӣ ва ба ҳам бархўрдани астероидҳо мақоми хосса доранд. Пуштакўҳи Лакшми эҳтимол пайдоиши вулканӣ дошта бошад, зеро вулканҳои азими Сакаҷавеи ва Колетт дар он ҷо қарор доранд. Дар кўҳи Максвелл танўраи зарбатии бо ҷинсҳои гудохта пўшидашудаи Клеопатра ҷойгир аст, ки то 100 км тўл кашидааст.
Муаллиф: А. А. Раҳмонов
Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2018. – Ҷ.7. – С. 7
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.