Рӯнамоӣ нахустин “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” дар шакли мукаммалу фарогир
14 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоӣ аз “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур директори «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Ҷумахон Файзализода, Директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ, муовини Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов ва рӯзноманигорон, Ҳуриниссо Ализода, Раҷаби Мирзо, Самариддин Асозода, Хуршеди Атовулло, кормандони Китобхонаи миллӣ, муратибу муҳаррирони донишномаи мазкур иштирок намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зикр намуд, ки “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» аз ҷониби кормандони шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мураттаб ва омода гардида, дар рӯзҳои таҷлилии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон банашр расид. Ҳангоми кори таҳия ва мураттаб сохтани донишнома маводу сарчашмаҳои марбут ба соҳаи матбуоту журналистика, ба мисли донишномаҳо, асарҳои илмию таълимии соҳа, мақолаҳо доир батаъриху фаъолияти нашрияҳо, маълумоту иттилои ходимону сармуҳаррирони нашрияҳо, маслиҳати устодону собиқадорони матбуот, ҳамчунин, махзани бузурги шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаҳои кишварҳои ҳамкору ҳамҷавор мавриди истифода қарор гирифтаанд.
“Итминони комил дорам, ки “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик”, ки бо заҳматҳои зиёд рӯи чоп омадааст, барои хонандагон, махсусан рӯзноманигорон, таърихнигорон ва пажӯҳишгароне, ки доир ба омӯзиши матбуоти тоҷик машғул мешаванд, асари арзишманде хоҳад буд”, – изҳор дошт директори Китобхонаи миллӣ”.
Саъдӣ Маҳдӣ Директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон гуфт дар “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” номи нашрияҳое оварда шудаанд, ки аксари мутахассисон, ҳатто аз мавҷудияташон бехабар буданд. Ин ифодагари он аст, ки муаллифон заҳмати зиёд кашида, кӯшиш кардаанд, ки алоқадри имкон ягон рӯзнома фаромӯш нашавад ва ба ин муваффақ ҳам шудаанд. “Аҳамияти дигари донишнома ин таърихӣ будани он аст. Бояд гуфт, ки таърихи ҳар халқу миллат аз рӯзномаву маҷаллаҳояш дуруст баҳогузорӣ мешавад аз ин рӯ таърихи ҳодисаҳо аз маводи ин нашрияҳо возеҳ бармеояд. Газета ё рӯзнома мисли оинаест, ки воқеаву ҳодисоти рӯзро бо ҷузъиёташ нишон медиҳад. Дар рӯзнома чизест, ки шояд ҳангоми таълифи китоби таърихӣ аз назари таърихнигор пӯшида монад. Аз ин рӯ маводи асливу усулӣ ва асосии таърихнигорон ин нашрияҳои даврӣ, яъне маводи рӯзномаву маҷаллаҳо мебошанд. Дар маҷмӯъ донишномаи мазкур як қисми муҳими таърихи Ватанамон низ мебошад. Нашрия нишони ҷомеаи мутамаддин ва озодихоҳ аст. Номгӯи нашрияҳо дар донишномаи мазкур нишон медиҳад, ки тоҷикон дар байни дигар халқҳои Осиёи Миёна мардуми фарҳангӣ, пешрафта ва озода будаанд”, изҳор дошт Саъдӣ Маҳдӣ.
Ба гуфтаи прафессор Аъзамҷон Азимов устоди факулелтети журналистикаи тоҷик, ҳарчанд доир ба матбуоти даврии Тоҷикистон то ин дам баъзе маълумотномаҳо таҳия ва ба табъ расонида шудаанд, ҳамчунин дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” низ дар бораи баъзе нашрияҳои даврӣ метавон маълумот пайдо кард. Аммо маълумоти ин китобҳо кутоҳ ва нисбатан сатҳӣ буда, дар доманаи зикри унвони нашрия, соли чоп ва баъзан тағйири ном кардани он маҳдуд шудааст. “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик”, ки дар такя ба ин маълумотномаҳо ва ҳамчун омӯзишҳои бевоситаи ҳайати эҷоии он таҳия гардидааст, аз нигоҳи фарогирии анвоъи гуногуни нашрияҳои даврӣ нисбатан пурратар аст. Ба андешаи Аъзамҷон Азимов мураттибони донишнома заҳмати зиёд кашида, доир ба 542 нашрияи даврии гуногунавъ маълумот гирд овардаанд. Дар он хонанда ҳам дар бораи нашрияҳои ба ҳукми таърих рафта, ҳам нашрияҳои дар интишор буда, новобаста ба навъ ва таъйиноташон, маълумот пайдо карда метавонад.
“Воқеан таҳияи чунин донишнома заҳмати зиёдро талаб менамояд, зеро дар он на назари субъективӣ, балки арқому омори дақиқ ва маълумоти воқеӣ муҳим аст”, гуфт прфессор Аъзамҷон Азимов.
Муҳаммадиқбол Атозода яке аз муаллиф ва мураттиби “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” гуфт дар рафти омодасозии маълумоти энсиклопедӣ дар бораи оғози нашр ё таъсису табдили ном кардани баъзе нашрияҳо дуфикрӣ ё духӯрагӣ ба миён омад, яъне ин масъала дар манбаъҳо на як моҳу сол ё санаи аниқ, балки бо маълумоти гуногун зикр ёфтааст. Бо мақсади дурусту саҳеҳ омода кардани маълумотҳо ҳайати корӣ бо адибону рӯзноманигорон, муассисону сардабирон ва дигар кормандони нашрияҳои даврӣ ҳамкориҳо ба роҳ монд. Ҳадафи мо нобаробариву норӯшаниҳоро бартараф карда, маълумоти нашрияҳоро дурусту дақиқ созем то «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» на як маълумоти такрорӣ, балки манбаи боэътимоду бунёдӣ бошад, гуфт М. Атозода.
Дар музокирот рӯзноманигрон Ҳуринисо Ализода, Самариддин Асозода, Раҷаби Мирзо Хуршед Атовуллоев иқдоми нашри донишномаи мазкурро аз ҷониби Китобхонаи миллӣ нек арзёби намуда, изҳори умед карданд, ки ин маҷмуаи муфиди фарҳангӣ барои наслҳои имрӯзу оянда хизмати арзанда хоҳад кард.
Бояд гуфт муаллифон ва мураттибони “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” шоир ва рӯзноманигор марҳум Валиҷон Баёнӣ ва Муҳаммдаиқбол Атозода мебошанд, ки ҳарду кормандони шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ будаанд. Донишнома бо муқоваи ранга дар ҳаҷми 500 саҳифа рӯйи чоп омадааст. Дар баробари маълумот роҷеъ ба нашрия ҳамзамон аксҳои онҳо бо далелу мадрак оварда шудааст.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Шуъбаи матбуоти даврӣ