Рўнамоии китоби Азизи Азиз дар  маҳфили «Беҳтар аз дўст”

Имрўз шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони «Баҳористон» барномаи «Беҳтар аз дўст»-ро доир намуд. Дар барнома нависандаи кўдакон Азизи Азиз, Тоҷиддин Маҳмадов, сардори шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девлохчиев Ҳабибуллоҳ – муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд.

Мавзўи ин нишаст рўнамоии китоби «Аниса, Алиса ва ман»-и Азизи Азиз буд. Китоб бо кўмаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар доираи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” интишор ёфта аст.

Повест аз сайру саёҳати кўдакон дар беша, роҳгум задан ва чӣ гуна наҷот ёфтанашон қисса мекунад. Пас аз нақли повест аз ҷониби нависандаи он Азизи Азиз ва наврасон баррасии он сурат гирифт.

Ширкаткунандагон дар мавриди ҳолатҳои нохуш ҳангоми сафар, аз қабили боду борон, омадани сел, раъду барқ, лағзиши тарма ва ғайра суҳбат карданд ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз фурсат дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар ин гуна ҳолатҳо ва чораву тадбирҳое, ки бояд андешида шаванд, нақл карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки китоби ёдшуда аз рўзгори  Аниса, Алиса ва Нуъмон нақл мекунад, ки ҷолибу омўзанда буда, ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Он дар бачаҳо далериву шўхӣ ва рӯҳияи баланд, чорагару бебок буданро ташвиқ менамояд.

 Миёни хонандагон ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар мавриди ҳолатҳои хос дар офатҳои табиӣ суолу ҷавоб доир гардид. Барои иштироки фаъол ва ҷавобҳои дақиқ ва аниқ ба суолҳои мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 4 нафар наврасон ба Сипосномаи Кумита ва тақвиме, ки ин ниҳод интишор додааст, сарфароз шуданд.

Ба гуфтаи Азизи Азиз сайру саёҳат ҳолатҳои хушу нохуш дорад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар мавриди он ба хонандагони мактаб дастурҳои зарурӣ доданд.

Наврасон андешаҳои худро оид ба повети мазкур иброз намуда, аз муаллиф дар бораи мақсаду ният ва интизориҳояш аз  нашри китоб пурсон шуданд.

Раҳима Аъзам.