Рӯнамоии шаш китоби тозанашри Китобхонаи миллӣ

Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, рӯзноманигорон рўнамоии дастурҳои библиографии  Назри Яздон, Боқӣ Раҳимзода, Гулназар Келдӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, «Тоҷикистон дар адабиёти ҷаҳон (1986-90)», «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ахиран мунташир шуда буданд, баргузор гардид. Дар маҳфил ҳамчунин муовинони диретори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, Гадобек Маҳмудов, Ҷалолуддин Нурзода иштирок намуданд.

 Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ, ҷонишини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва шоир, адабиётшинос Абдуҷаббори Суруш низ дар маҳфил суханронӣ ва роҷеъ ба ҳаёту эҷоди адибони зикршуда, ибрози андеша намуданд.

Аз ҷумла шоир, тарҷумон ва файласуф Назри Яздонӣ аз дастгириҳову дилсўзиҳои Боқӣ Раҳимзода мисолҳо овард. Аз ҷумла ў нақл намуд, ки устод Боқӣ Раҳимзода дар ҳар маврид дастгири ҷавонон буданд, ҳатто борҳо шудааст, ки барои ҳалли мушкили хонаводагиашон дасти мадад дароз кардаву гоҳо барои соҳиби хона шуданашон мусоидат кардаанд. Ҳамчунин Назри Яздонӣ гуфт навқаламонро бисёр дастгирӣ кардааст, агар навқаламе ба Иттифоқи нависандагон меомад, ў ба муҳосибот мефармуд, ки ки ба он адиби ҷавон 60 сум  бидиҳад.

Инчунин дар чорабнӣ духтарони Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, Санавбар ва Сурайё Раҳимзодаҳо, Дилписанд писари Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва ҷиянҳои Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев ширкат ва ба дастандаркорони ин иқдоми нек изҳори ташаккур намуда, хотироташонро дар бораи пайвандонашон нақл намуданд.  

Гуфтанист, ки дастурҳои библиографии мазкурро кормандони шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Н. Валиева, Б. Қурбонова, Ҳ. Назарова, Ф. Восиева ва муҳаррир Г. Маҳмудов таҳия кардаанд.

Бори аввал китобномаҳо дар чунин як шакли дилкашу диданӣ нашр мешаванд. Ҳамаи ин китобҳо дар нашриёти «ЭР-граф» ба сифати баланд чоп шудаанд.  Он аз 2 қисм ва кўмакфеҳристҳо иборатанд ва барои мутахассисони бахши китобшиносиву китобдорӣ пешниҳод шудаанд. 

 Раҳима Аъзам,

 шуъбаи тарғиб гузаронидани чорабинҳои фарҳангӣ.