Рӯзи якшанбе дар Китобхонаи миллӣ
Охирин рӯзҳои фасли баҳор ва омад-омади тобистони гарм. Дар донишгоҳҳои кишвар ҳам соли таҳсил дар арафаи анҷомёбист ва санҷишу имтиҳонҳои давлатӣ дар пешанд. Садҳо нафар донишҷӯёну хонандагони мактабҳои миёна по ба остонаи Китобхонаи миллӣ мегузоранд, то худро ба ин санҷишҳову имтиҳонҳо омода намоянд.
Толорҳо пур аз хонандаанд, ҳатто баъзеҳо ҷойи нишаст намеёбанд ва ноилоҷ дар роҳраву зинаҳо менишинанд ва мутолиа мекунанд. Хубии кор дар он аст, ки новобаста ба он ки хонанда ҷойи нишаст дорад ё на, ба вай хидмат расонда мешавад, то китобу маҷаллаву рисолаҳои хостаашро пайдо кунад ва бихонад.
Хонанда дар ҳар ҳолату вазъият ба китоб роҳ меҷӯяд. Тадбирҳои охир ва бахусус роҳандозии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» «Тоҷикистон ватани азизи ман» бештар аз пештар хонандагонро моил ба китоб кардааст.
Аз сӯйи дигар роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пайваста барои беҳтар кардани шароити толорҳои хониш талош мекунанд. Навбатдории ҳамешагӣ ва назорати риояи ҳамаи қоидаҳои хидматрасонӣ ба хонандагон яке аз ин гуна иқдомот аст.
Эҳсос мешавад, ки рӯз аз рӯз теъдоди хонандагони ҳамшагии Китобхонаи миллӣ меафзояд
Аксҳое, ки дирӯз, якшанбе ҳамкорамон Исмоил Сайидзода бардоштааст, гувоҳи гуфтаҳои болоанд.