«РӮЗНОМАИ САФАР БА САМАРҚАНД»

«РӮЗНОМАИ САФАР БА САМАРҚАНД»

Сафарномаи Руи Гонсалес де Клавихо, ки аслан бо унвони «Сафар ба Самарқанд ба дарбори Темур» машҳур аст, бар асари саёҳати сафирони испанӣ ба Самарқанд дар солҳои 1403–1406 таълиф гардидааст.

Ин асар маълумоти Марко Полоро дар бораи Осиёи Миёна пурратар мекунад. Рӯзномаи Клавихо дар хазинаи тиллоии адабиёти умумиҷаҳонӣ дар радифи асарҳои машҳури Марко Поло, Иоанн Галенифонтибус, Афанасий Никитин, Барбаро ва Контарини қарор дорад.

Асари Руи Гонсалес де Клавихо намунаи махсуси мероси Мансури испанӣ буда, ёддоштҳои ин давлатмарди испаниро, ки дар асри XV ба ҳайси сафир ба Самарқанд ташриф оварда буд, дар бар мегирад.

Ин асар, агар аз як тараф ҳамчун таҳқиқоти як аврупоӣ доир ба рӯзгори мардуми Шарқ, махсусан тоҷикон бошад, аз тарафи дигар он ба ҳайси як асари энсиклопедии фарогири маълумоти нодир барои омӯзиши таърихи гузаштаи мо арзиши баланд дорад.