Рақамгузории 6956 нусха китоби нодири Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ дар ду ҳафта

Кормандони шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ва як гурӯҳи корие, ки аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои ба танзим даровардани махзани китобии шуъба сафарбар шуда буд, дар давоми ду ҳафта бо теъдоди 6956 нусха китобҳое, ки рақамҳои хираву ноаён доштанд, аз нав рақамҳои рушанро часпониданд, ки аз ин 504 нусха асарҳои олимони ҷаҳон, 4956 нусха адабиёт ба хати лотинӣ ва 1496 нусха китобҳои тоҷикӣ мебошанд. Ҳамчунин дафтари инвентарӣ роҳандози гардид, ки 442 нусха китобҳои лотинӣ аз рақами 19 то 2831 дар он навишта шуд.

 Маврид ба ёдоварист, ки Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ 1-уми январи соли 1977 таъсис ёфта, дар он маҷмӯи нашрияҳои ватанӣ-хориҷии то инқилоби Октябр чопшуда ба забони русӣ ва тоҷикӣ гирд оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар бойгонии шуъба китобҳои нодир, матбуоти даврии тоинқилобӣ, китобҳои андозаашон хурду калон ва варақаҳои изографӣ низ нигоҳ дошта мешаванд.

  Ҳамаи китобу нашрияҳои фонд бидуни муҳлат нигаҳдорӣ мешаванд ва тамоми чораҳо баҳри муҳофизати он андешида шудаанд. Баҳисобгирӣ ва тафтиши фонди китобҳо тавассути дастурамали сабти номи фонд амалӣ мегардад.

Инчунин тавассути шуъбаи абонементи байни китобхонавӣ, нашрияҳое, ки аз ду нусха иборатанд, ба мутахассисон, олимон ва адибон дода мешаванд.

 Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ