Раҳмонов, Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 372 саҳ.

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмӯи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад.

Ин китоб аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст. Боби аввал “Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо”, боби дуюм “Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо”, боби сеюм “Оинҳои тозазардуштӣ”, боби чаҳорум “Оини зардуштӣ”, боби панҷум “Оинҳои монавия ва маздакия” ва хотима нашр гардидааст.