Раҳмонов, Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих Аз Ориён то Сомониён / Муҳар.: С. Фаттоев. – Душанбе: Ирфон, 2002. – Китоби дуюм. – 128 саҳ.

Китоби мазкур аз чор боб иборат аст. Дар он муаллиф оид ба дастовардҳои асри ХХI, фарҳанги сулҳ ва ваҳдати инсоният, густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар аҳди Ҳахоманишиён, растохези ориёно ва нуфузи давлатдорию тамаддуни эллинӣ (Истилои Искандари Мақдунӣ ва талошҳои истиқлолхоҳии мардуми Бохтару Суғд, аҷдоди тоҷикон дар аҳди Селевкиён ва нуфузи тамаддуни эллинӣ, давлати юнониасоси Бохтар ва ғуруби давлатдорию тамаддуни эллинӣ), силсилаи турониён ва эҳёи давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ (Эрон ва Турон аз аҳди бостон то рӯзгори мо, эҳёи тамаддуни ориёӣ ва коҳиши нуфузи эллиниҳо дар аҳди Ашкониёни Порт, давлати кабири Кушониён ва мақоми он дар ташаккули давлату давлатдории ниёгони тоҷикон) маълумот додааст. Китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ нашр гардидааст.