Рақобат барои дарёфти «Шоҳҷоиза»-и озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» анҷом ёфт. Кӣ арзандатар?

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ ба анҷом расид ва имрӯз рақобат барои «Шоҳҷоиза» ҷараён дорад. Тибқи низомнома нафароне, ки аз рӯи номинаи худ мақоми аввалро касб мекунанд, ҳақи роқобат барои «Шоҳҷоиза»-ро доранд. Дар ин давр 5 нафар хуштолеъон аз ҷумла Муқаддам Абдуллоева хонашин аз рӯи номинаи адабиёти муосир, Муҳиба Асоева китобдори  Китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ аз номинаи адабиёти классик, Исрофил Маҳмудзода донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллӣ аз номинаи адабиёти муосир, Гулҷон Наҷмиддинова хонадаи синфи 10-и шаҳри Панҷакент аз номинаи адабиёти муосир ва София Ширинова хонанадаи синфи 8-ум аз шаҳри Роғун аз номинаи адабиёти бачагона иштирок намуданд.

Муқаддам Абдуллоева аввалин нафаре, ки буд, ки барои рақобат дар даври «Шоҳҷоиза» назди доварон баромад. Ҳангоми суҳбат бо мо гуфт соли дуввум аст, ки дар озмун иштирок мекунад ва ин бор муваффақ ба касби ҷойи аввал аз рӯи номинаи адабиёти муосир гардид. «Вақте ба ман тамос гирифтанду гуфтанд Шумо мақоми аввалро ишғол кардед ва дар даври «Шоҳҷоиза» метавонед ширкат кунед? Бо шунидани ин хабар аз хурсанди маро ҳаяҷон фаро гирифт, гуфтам бале ҳатман ширкат мекунам», изҳор дошт Муқаддам Абдуллоева. Ҳамсуҳбати мо сокини деҳаи искичӣ ҷаомати Хонақоҳи куҳии шаҳри Ҳисор мебошад, хонашин ва ба боғдорӣ машғул будааст. Ӯ гуфт талош мекунад то фарзандону набераҳояшро ба китобу китобхони ҷалб намояд.

«Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,

 Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд»  аз ҳамин шоҳбати Саъдӣ бо мо суҳбатро оғоз кард иштирокчии даври «Шоҳҷоиза»-и озмун Муҳиба Асоева, ки дар номинаи адабиёти классик мақоми аввалро касб карда буд. Ӯ мегӯяд соли семю аст, ки дар озмун ширкат дорад вале имсол тавонист ба мақсади худ расад. Муҳиба изҳор дошт, ки иштирокаш давоми се сол дар озмун аз манфит холӣ набуд. Сол то сол дониши худро мукаммал намудааст. «Рости барои иштирок дар даври Шоҳҷоиза омодаги надоштам ва чунин ният ҳам набуд. Вақте ба ман гуфтанд сазовори ҷойи аввал гардидаӣ, имкони ширкат варзиданро дорӣ, хеле афсӯс хурдам, ки чаро барои ин давр низ омодагӣ надидам. Вале гуфтам худро як мартиба месанҷам, ҳарчанд даъво надорам», гуфт ҳамсуҳбати мо. Муҳиба Асоева чанд сол пеш хабарнигори радиои «FM Ховар»-и АМИТ Ховар фаълият дошт ва айни замон китобдори  Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ АМИТ мебошад.

Гулҷон Наҷмиддинова хонадаи синфи 10-и шаҳри Панҷакент аз дигар иштирокчии даври «Шоҳҷоиза» мебошад. Ӯ гуфт як ҳафта қабл аз рӯйи рӯйхате, ки аз ҷониби ситоди озмун таҳия шуда буд, огоҳӣ пайдо кардааст, ки дар номинаи адабиёти муосир дар бахши хонандагони маткабҳои миёна мақоми аввалро касб кардааст ва барои «Шоҳҷоиза» омодагӣ гирифтааст. Ӯ гуфт аз рӯи номинаи ширкат кардааш 120 асари насрӣ, 140 ғазал, 150 рӯбоӣ ва дубайтӣ, 1000 байт достон, 10 асари ёддоштӣ, 30 роман, 40 повест ва ғайрор аз бар намудааст. Мавсуф изҳор дошт, ки агар раваду «Шоҳҷоиза»-ро ба даст орад, дар боз намудани хона- музеи бобояш шоири халқӣ Наҷмиддин Шамсиддин саҳм мегузорад.

София Ширинова хонандаи синфи 8-ум аз шаҳри Роғун низ аз иштирокчиёни даври «Шоҳҷоиза» буд. Ӯ хеле омодагии ҷиддӣ дидааст ва таъкид дошт, ки ҳарчанд дар ин давр аз рӯи чор номина аъзои ҳакамон мепурсанд, вале ӯ аз рӯи панҷ номина омодагӣ дидааст. Беш аз 400 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 ғазал, 30 ҳазор мисраи шерӣ, 15 ҳазор байт, 800 афсона, 500 ҳикоя ва зиёда аз 100 асари бедиро мутолиа намудааст.

Исрофил Маҳмудзода донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи миллӣ панҷумин иштирокчии даври «Шоҳҷоиза» буд. Пас аз баромадаш назди доварон гуфт хеле ҳаяҷони зиёд дорад ва барои суҳбат омода нест.

Бояд гуфт имсол дар озмун дар номинаҳо иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим шуда буданд.

Озмуни имсола аз 2 декабр оғоз ва имрӯз 13 декабр ба анҷом расид. Интизор меравад, ки 15 декабр ғолибонро аз рӯйи панҷ номина тавассути барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ эълон ва бо ҷоизаҳои кумитаи тодурукот қадр месозанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,

  матбуоти даврӣ