Радди фарзияи кӯри модарзод будани Рӯдакӣ аз ҷониби устод Бертелс

РӯдакӣОё метавон пиндошт, ки ин ҷавони зиндадил ва бофарҳангу адаб, ки гӯшаи чашме ба моҳрӯён дошта, кӯри модарзод аст? Бегумон моҳрӯён кӯшише барои дидор бо ҷавони нобино намедоштаанд. Пас, афсонаи кӯрии шоир аз куҷо омадааст? Бархе аз пажӯҳишгарон кӯшидаанд ба ёди Ҳомер бияфтанд ва гуфтаанд, ки «нобино» маънии пешгӯ ва дарунбинро ҳам дар худ нуҳуфта дорад ва ҷуз инҳо. Аммо моро ниёзе ба чунин забоншиносии зоҳидона нест. Дарёфти он чӣ ки буда, осонтар аз он аст, ки менамояд. Нафисӣ бозгушоии ин муамморо дар тасфсири шайх Манайнӣ бар таърихи «Утабо» ёфтааст, ки дар он гуфта мешавад: «ва чашмонашро дар куҳансолӣ аз коса бадар оварданд».

****    *****    ****

Аз зиндагии шоир метавон гуфт, ки ҳеҷ чиз намедонем, магар додаҳое, ки тасодуф то рӯзгори мо расидааст. Гумоне нест бар ин ки ӯ аз аҳли дарбор ва надими Абулҳасани Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, ки пас аз марг ба ӯ лақаби «Аламир-ул-саид» доданд, будааст. Наср дар соли 914-и масеҳӣ ҳангоме ки писарбачаи нуҳсола буд, бар тахт нишаст ва Абдуллоҳи Ҷайҳонӣ (вафот ба соли 943-и масеҳӣ) давлатмарди машҳур, кишварро барои ӯ идора мекард. Ҳангоме ки Наср бар тахт нишаст, Рӯдакӣ дар шашумин даҳаи зиндагиаш буд. Аз ин рӯ, метавон андешид, ки пеш аз рухдод дар хидмати пешиниёни ӯ буда ва вазир Ҷайҳонӣ, ки нубуғи ӯро месутуда, вайро дар дарбор нигаҳ доштааст.

Равшан сохтани номи ҳамаи фармонравоён ва бузургоне, ки Рӯдакӣ чакомаҳояшро барои онҳо навишта номуяссар аст, зеро аз девони шоир ҷуз андаке намондааст. Аз тане чанд метавон ба дурустӣ ёд кард. Инон пеш аз ҳама ҳамоно Амир Наср, ки номаш борҳо дар чакомаҳои Рӯдакӣ омадааст ва фармонравои Систон (аз соли 923)-милодӣ Амир Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад, ҳастанд. Ҳангоми пайкор бо амири саркаш Мокон, Аҳмад ба Наср ёрии бузурге дод. Рӯдакӣ ба фармони Наср ин амирро сутуд ва номи Аҳмадро дар қасидаи пуровозаи «Модари май», яке аз беҳтарин намунаҳои ин сабк ҷовидона сохт.

Дар шеърҳои Рӯдакӣ номи раиси девони мукотиботи Амир Наср -Абутайиб Муҳамммад ибни Хотами Мусабӣ, ки сипас вазири ҳам шуд, дида мешавад. Ин бузург на танҳо чакомашинос буд, балки худаш ҳам шеърҳое ба тозӣ ва порсӣ месуруд, ки бад набуданд. Таърихи Байҳақӣ намунаи ин шеърҳоро нигоҳ дошта ва онҳо ҳамчун ёдгори ростини шеъри он рӯзгор дархӯри нигариш ҳастанд:

Ҷаҳоно, ҳамоно фусӯсиву бозӣ,

Ки бар кас напоиву бо кас насозӣ.

Чу моҳ аз намудан, чу хур аз шунудан,

Ба гоҳе рабудан чу шоҳину бозӣ.

Чу заҳр аз чашидан, чу чанг аз шунидан,

Чу бод аз вазидан, чу алмоси гозӣ.

Чу уди қимориву чу мушки тибит

Чу анбар сиришта Яман ва Ҳиҷозӣ.

Ба зоҳир яке байти пурнақши озар,

Ба ботин чу хуки палиду гурозӣ.

Якеро наимӣ, якеро ҷаҳимӣ,

Якеро нашебӣ, якеро фарозӣ.

Якеро бӯстонӣ пароканданеъмат,

Бар ин сахт баста бар он некбозӣ.

Ҳама озмоиш, ҳама пурнамоиш,

Ҳама бар дирояш чу гурги тарозӣ.

Ҳам аз Тӯст шаҳмоти шатранҷбозон,

Туро муҳр зода ба шатранҷбозӣ.

Чаро зираконрост бас тангрӯзӣ,

Чаро аблаҳонрост бас бениёзӣ.

Чаро умри товусу дурроҷ кӯтоҳ,

Чаро мору каркас зияд дар дарозӣ.

Саду чандсола яке марди ғарча,

Чаро шасту се зист он марди тозӣ.

Агар на ҳама кори ту божгуна,

Чаро он ки нокастаронро навозӣ.

Ҷаҳоно, ҳамоно аз ин бениёзӣ,

Гунаҳгор моем, ту ҷои озӣ.

(Уди қиморӣ, беҳтарин ва пурарзиштарин гунаи уд Ғарча, бошандаи Ғарчистон, дар ин ҷо бар маънии «деҳотӣ» ва «ваҳшӣ» аст. Мурод аз този паёмбар (с) аст, ки дар шастусе солагӣ реҳлат фармуданд. Метавон пиндошт, ки вазир ин шеърҳои навмедонаи жарфро андаке пеш аз кушта шуданаш, ки ба хотири ҳавову ҳаваси яке аз сомониён буд, суруда бошад. Огоҳӣ аз зиндагии ин вазир бисёр андак аст. Бингаред ба китоби Саид Нафисӣ, Рӯдакӣ, ч. 2, саҳ. 492).

Рӯдакӣ аз вазири тавоно, Абулфазли Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Балъамӣ-падари мутарҷими «Таърихи Табарӣ» ҳам, ки ба ҷои вазири машҳур Ҷайҳонӣ омад, ёд мекунад. Балъамӣ дар поёни зиндагӣ мағзуб (хашмкардашуда. М. А.) гардид, барканор шуд. Соли 937/38 милодӣ ва дар шаби даҳи сафари соли 399 (14 ноябри соли 940), андаке пеш аз марги Рӯдакӣ дида аз ҷаҳон фурӯ баст. Менамояд дар миёни шоироне, ки пас аз он рӯзгор омада буданд, ин ривоят даҳон ба даҳон мегашта, ки Балъамӣ ҳадяҳои кушодадастона ба Рӯдакӣ медодааст. Сӯзании Самарқандӣ мегӯяд:

Сад як аз он ки ту ба камин шоирӣ диҳӣ,

Аз Балъамӣ ба умре нагирифтаст, Рӯдакӣ.

 

Сузанӣ дар ин байт мехоҳад бигӯяд, ҳадяҳое, ки ӯ аз мамдӯҳаш мегирад, садбор беш аз ҳадяҳои кушодадастонае аст, ки Рӯдакӣ аз Балъамӣ мегирифтааст. Баҷост ёдовар шавем, ки Сузанӣ дар яке аз шеърҳояш суханони Рӯдакиро меоварад:

Дар мадҳи ту ба сурати тазмин адо кунам,

Як байти Рӯдакиро дар ҳаққи Балъамӣ.

Садри ҷаҳон, ҷаҳон ҳама торикшаб шудаст,

Аз баҳри мо сапедай содиқ ҳамедамӣ.

Шояд ин байте, ки Сӯзанӣ онро нигаҳ доштааст, бозгушои муаммое бошад, ки вобаста ба овардаҳое дар бораи Рӯдакӣ аст. Авфӣ мегӯяд, ки Рӯдакӣ нобино зода шудааст. Ин сухан бекаму кост дар ҳамаи тазкираҳо омадааст. Шоирони куҳан низ ёде аз он кардаанд. Чунончи, Носири Хусрав (1004/1088 милодӣ) чунин гуфтааст:

Ашъори зуҳду панд, басе гуфтаст,

Он тирачашм, шоири равшанбин.

НАЗАРИ АКАДЕМИК ЕВГЕНИЙ БЕРТЕЛС ДАР БОРАИ УСТОД РӮДАКӢ

Бегумон, дар ин ҷо сухан аз Рӯдакӣ меравад, аммо бояд ба дида дошт, ки Носири Хусрав як саду панҷоҳ сол пас аз Рӯдакӣ мезистааст. Афзун бар ин, Носири Хусрав аз нобиное ёд мекунад, аммо намегӯяд, ки Рӯдакӣ нобино зода шуда буд.

С. Нафисӣ бисёр баҷо ба дуруст будани навиштаи Авфӣ дучори гумон шуд ва ёдовар гардид, ки ташбеҳоти диданӣ дар чакомаҳои Рӯдакӣ ҷои намоён доранд. Ё чунин байтҳоеро ҳамчун намуна меоварад:

Хуршеро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ

Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.

***

Лола миёни кишт бихандад, ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯс ба ҳинно шуда хазиб.

***

В-он занахдон ба себ монад рост,

Агар аз мушк хол дорад себ.

***

Зулфи туро ҷим кард он кӣ ӯ,

Холи туро нуқтаи он ҷим кард.

В-он даҳани танги ту гӯи касе

Донагаке нор ба ду ним кард.

***

Биёр он май ки пиндорӣ равон ёқути нобастӣ,

Ва ё чун баркашида теғ пеши офтобастӣ.

***

Назар чигуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст,

Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷои гиёҳ.

***

Дар роҳи Нишопур деҳе дидам бас хуб,

Ангуштаи ӯро на адад буду на марра.

***

Пупак дидам ба ҳаволии Сарахс,

Бонгак бар бурда ба абр андаро.

***

Меҳр дидам бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон сӯи ховар мешитофт.

 

Бояд бар ин бозовардаҳо достони худи шоирро дар марсияи машхураш дар бораи пирӣ афзуд, ки дар он дар бораи хештан чунин мегӯяд:

Ҳамехариду ҳамерехт бешумор дирам,

Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд.

Басо канизаки неку, ки майл дошт бад-ӯ.

Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд.

Ба рӯз чунки наёраст шуд ба дидани ӯ,

Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.

Набизи равшану дидори хубу рӯи латиф,

Агар гарон буд, зи ман ҳамеша арзон буд.

Дилам хазонаи пурганҷу ганҷи сухан,

Нишони номаи мо меҳру шеър унвон буд.

 

Оё метавон пиндошт, ки ин ҷавони зиндадил ва бофарҳангу адаб, ки гӯшаи чашме ба моҳрӯён дошта, кӯри модарзод аст? Бегумон моҳрӯён кӯшише барои дидор бо ҷавони нобино намедоштаанд. Пас, афсонаи кӯрии шоир аз куҷо омадааст? Бархе аз пажӯҳишгарон кӯшидаанд ба ёди Ҳомер бияфтанд ва гуфтаанд, ки «нобино» маънии пешгӯ ва дарунбинро ҳам дар худ нуҳуфта дорад ва ҷуз инҳо. Аммо моро ниёзе ба чунин забоншиносии зоҳидона нест. Дарёфти он чӣ ки буда, осонтар аз он аст, ки менамояд. Нафисӣ бозгушоии ин муамморо дар тасфсири шайх Манайнӣ бар таърихи «Утабо» ёфтааст, ки дар он гуфта мешавад: «ва чашмонашро дар куҳансолӣ аз коса бадар оварданд».

Достони кӯр кардани шоирро метавон бад-ин гуна боз сохт. Шоир аз пуштибонии Балъамии вазир бархӯрдор буд. Ин бузурги бузургвор аз чашм афтода мағзуб шуд ва бино бар расми он рӯзгорон, оташи хашм на танҳо вай, балки ҳамаи наздиконашро ҳам дар ком фурӯ бурда. Ба гумон ин ҷо буд, ки худкомагони аблаҳ ва сангдил яке аз пурнубуғтарин чакомасароёни ҷаҳонро нобино карданд. Агар Рӯдакиро наздик ба соли 937-и милодӣ кӯр карда бошанд, ин кор дар куҳансолиаш рух намудааст. Акунун ишорате, ки дар шеъри пешин дар бораи Балъамӣ омадааст, равшан мегардад, ҷаҳон барои мо шаби тор шудааст ва ту субҳи содиқи моӣ. Ба сухане дигар ман дармонда, дарюза ва нобиноям, ту ҳанӯз ҳамаи чизро аз даст надодаӣ, пас ёрӣ кун охир барои ту буд, ки ман ба чунин рӯзе гирифтор омадам. Гузашта аз касоне, ки пештар ёд кардем ва Рӯдакӣ шеърҳои худро барои онон суруда буд, шоир аз вазир, Аднонӣ ҳам ёд мекунад:

Гар на маро Бӯумари диловар кардӣ,
В-он гаҳ дастури гузидаи Аднон…

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”