Раҳим Ҳошим. Дар коргоҳи эҷодии устод. Бахши аввал

Онҳое, ки Айнӣро аз наздик мешинохтанд, касоне, ки бо ӯ робитаи кори доштанд, як марди интизом ва интизомдӯст будани вайро ба хубӣ медонанд. Касоне ҳастанд, ки аз ҳамкорон ва тобеони худ интизом талаб намуда, аммо худашон чандон побанди интизом намебошанд, ё ин ки на ҳама вақт ба он пурра риоя мекунанд. Аммо Айнӣ ин тавр набуд. Ӯ бо риояти  комили худ ба интизом дигаронро маҷбур ба риояти интизом мекард. Ин, ба фикри ман, беҳтарин роҳи талқин кардани хислатеву хосияте ба дигарон мебошад. Ин аз тариқҳои тарбиявии Айнӣ буд.

Ман дар назди  Айнӣ  дарс  хонда, муддати зиёде бо вай дар як ҷо хидмат карда, чанд сол ҳам ба сифати котиб дар хидмати вай будаам. Бинобар ин, чи нисбат ба кор ва ҳаёти шахсиаш, чӣ дар муомила бо касон ва хусусан, дар муносибат ба кори  ҷамъиятӣ ва хидмати худ то чӣ андоза риоякунандаи интизом будани вайро омӯхтаам ва барои беинтизомиҳое, ки аз ман рӯй додааст, бисёр маломат ва коҳишҳои  вайро шунидаам.

Дар ин ҷо дар бораи интизоми кории устод гап задан мехоҳам. Аввал дар бораи як соле, ки Айнӣ дар Самарқанд муаллимӣ мекард.

Он рӯзҳо Айнӣ баъди аз зиндони амир халос карда шудан ва чанде дар беморхонаҳо хобиданаш ҳанӯз тамом сиҳат наёфта, хеле паридаранг ва бетобу тавон менамуд. Ба замми ин шароити зиндагиаш ҳам хуб набуд. Солҳои 1918—1919 барои тамоми мамлакати мо аз ҳар ҷиҳат солҳои вазнин буданд, хусусан барои  Айнӣ, ки бемор, бепарастор. бехонаву ҷой ва дар зери таҳдиду таъқиби котилони фиристодаи амир буд.

Бо вуҷди ин, ман дар хотир надорам, ки ӯ ягон бор ба дарс наомада ё дер ба дарс омада бошад. Дар муқоиса бо муаллимони дигари он мактаб ин муносибати Айнӣ ба кор ҳатто диққати мо талабагонро, ки он вақт бачагоне 12-15-сола беш набудем, ба худ ҷалб мекард. Ба ғайр аз ин Айнӣ бисьёр рӯзҳо 2-3 соат пеш аз вақти дарсаш ба мактаб меомад ва дар хонаи  дигар, ки хонаи муаллимон ба шумор мерафт, дар пеши пеш нишаста дафтарҳои моро хонда ислоҳ мекард ё китобу газета мехонд.

Азбаски дар он рузҳо китоби хониш набуд, Айнӣ сабақҳоро худаш менавишт ва онро ба мо менависонд. Баъд дафтарҳоро гирифта, ислоҳ мекард. Одатан, ба дафтарҳо аз се ҷиҳат баҳо мемонд: барои дурустии имло, хусни хат ва тозагии дафтар, ба ҳар кадом баҳои ҷудогона. Хусусан, дар масъалаи тозагии дафтарҳо хеле сахтгир буд. Аҷаб не дар таърихи тадрис ва таълими тоҷикӣ ин аввалин таҷрибаи баҳомонӣ ба навиштаҳои мактаббачагон бошад.

Айнӣ дар навиштаҳои худ ҳам ба тозагӣ сахт риоя мекард. Аксари  асарҳояшро аввалҳо дар коғазҳои камбари дароз менавишт, ки дар матбаа мемонд. Аммо дар вақтҳои охир асарҳояшро аксар дар дафтарҳои мактабӣ навиштааст. Аввал, албатта ба саҳифаҳои дафтар рақам мемонд, дар болои дафтарҳо рақами тартибии онҳоро менавишт. Одатан, дар варақи чапи дафтар навишта, варақи тарафи ростро холӣ мемонд, ки ба даровардани баъзе иловаҳо ҷой бошад. Ӯ инро ба ман ҳам омӯхта буд. Ман ҳам ҳозир агар як чиз ним чиз нависам, бештар ба дафтарҳои мактабӣ менависам, аввалан, варақҳо пароканда ва гум намешаванд, баъд нигоҳ доштани дафтар аз варақҳои пароканда дида осонтар ва хотирҷамътар аст.

Агар ба ҷои калимаи навишташуда калимаи дигар навиштан лозим шавад, Айнӣ калимаи нодаркорро аввал бо нӯги кордча боэҳтиёт метарошид, баъд бо кордчаи кисагии рӯяш устухонӣ ҷои тарошидашударо молида  пардоз медод, ки дубора, вақти дар он ҷо навиштани калимаи дигар сиёҳӣ паҳн нашавад. (Ин кордча ҳоло дар музеи Айнӣ ба намоиш гузошта шудааст). Ӯ аксари асарҳояшро бо ранги зангор менавишт, чунки ин ранг ба тези кӯр намешавад. Як ручкаи чӯбин дошт, ки ин ҳам ҳоло дар музей ба намоиш гузошта шудааст. Ҳама вақт бо як перои маълум менавишт.

Айнӣ сиёҳидонҳои дабдабаноки болоимизиро бад медид. Ёд дорам, вақте ки дар нашриёт кор мекардем, тақрибан соли 1931, идораи нашриёт ба муносибате ба устод як дастгоҳи хатнависии мармарӣ ба ёдгорӣ бахшида буд, ки арзишаш қариб пули якмоҳа путёвкаи дамгирӣ буд. Устод аз ин мукофот на ин ки хурсанд гардид, балки дилгир ҳам шуд, чунки барои нависанда дабдабаи болоимизиро нодаркор мешумурд.

Дар болои мизаш фақат як сиёҳидон ва ҳама вақт як латтаи сафед меистод. Чӣ дар идора ва чӣ дар хона ҳамин ки навиштанро бас кард, дарҳол нӯги пероро  бо ҳамон латта пок карда мемонд. Мегуфт, ки сиёҳӣ дар нӯги қалам хушк шуда, баъд рангро ба осонӣ ба худ намегирад.

Дар болои мизи кориаш дар муддати солҳои дарозе, ки ман медонам, ҳамеша як тартиби ба худи Айнӣ хосе барҷо буд. Ҳар чиз ҷои муайяне дошт. Барои касе, ки аввал ба хонаи кории ӯ медаромад, шояд болои мизи кориаш бетартиб намояд, вале дар ҳамин беинтизомии зоҳирӣ барои соҳибхона интизоме вуҷуд дошт.

Дар болои миз як чойник бо чойникпӯшак меистод. Баъд, китобҳои дар ҳамон  рӯз даркорӣ ва газетаҳои нав.

Вақти рӯбучини хона ҳам, касе чизеро аз ҷояш беҷо карда наметавонист. Устод ин хонаи кории самарқандиашро бисёр дӯст медошт. Умуман, ҳавлиашро, ки ҳоло дар Самарқанд музей шудааст, бисёр дӯст медошт, чунки ҳамаи асарҳояшро дар он ҳавлӣ, дар он хонаҳо навишта буд. Шавгуни ин ҳавлиро нек мешумурд, ба он одат карда буд, дар ҷои дигар ба кори эҷодии ҷиддӣ машғул шуда наметавонист.

То вақте ки хонаи нав, хонаи кории ҳозираро насохта буд, дар меҳмонхонааш, ки ҳоло тамошобинон аз он ҷо ба тамошои музей сар мекунанд, дар болои кӯрпача нишаста кор мекард, зимистонҳо дар сари сандалӣ, тобистонҳо дар сари мизи паст – хонтахта. Дар токчаи ақиби сараш китобҳояш боло болои ҳам меистоданд. Китобҳо ҳам ҳар кадом ҷои муайяне доштанд. Лоҳутӣ дар мукаддимае, ки ба «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст, мулоқоти аввалини худро бо Айнӣ соли 1925 дар ҳамин хона тасвир кардааст.

Айнӣ аз соли 1926 то соли 1936 дар Самарканд, аввал дар идораи марказии нашриёт ва пас аз ба Тошканд ва аз он ҷо ба Душанбе кӯчидани идораи  марказӣ, дар шуъбаи самарқандии нашриёт сармуҳаррири адабӣ шуда кор кардааст. Дар ин солхо ман як муддат дар хамин шуъба мудир будам. Аввалҳо ходимони ин шуъба се нафар будем Айнӣ, Саидризо Ализода ва ман. Айнӣ вақти аз дар даромадан дар тарафи чап, дар пеши тиреза менишаст.

Ягон бор ҳам ба кор таъхир карда омаданашро намедонам, ҳар вақте ки ман меомадам, Айниро дар ҷои кораш медидам. Ҳамин ки даромадам, ӯ ки машғули  кор буд, ба ман аз болои айнак нигоҳе мекард ва албатта, соаташро бароварда медид. Он вақт соати нуқрагии сарпӯшдоре дошт. Соаташ безанҷир буд. Барои ин ки вақти хам шудан мабодо соат ғеҷида аз кисааш наафтад, онро ба ҷилди матоии махсуси соат андохта мемонд. Соат вақти дар хона кор карданаш ҳама вақт дар болои мизи кориаш меистод, аммо беҷилд. Ин соат ҳам холо дар музен Айнӣ ҳаст.

Вакте ки ман ба хона дормадам, ӯ ба сӯи ман нигоҳе мекарду, лекин гап намезад, эҳтимол гап заданро вазифаи худ намешуморид.

Ин воқеаи соли 1928 аст. Ӯ дар ин рӯзҳо ба навиштани романи «Дохунда» машғул буд.

Саҳархез буд. Ба қавли худаш саҳари барвақт, соатҳои 4 хеста ба сари кор менишаст. Ҳар рӯз  барои  навиштан  меъёре дошт ва то вақти ба кор омадан, албатта, ҳамон миқдор чизро менавишт. Баъдҳо, солҳои панҷоҳум, вақте ки дар Самарқанд як муддат ба сифати котиб баъзе супоришҳои устодро ба ҷо меовардам, аксар маро соати даҳи  пагоҳӣ ба наздаш чеғ мезад. Он рӯзҳо «Ёддоштҳо»-и худро менавишт. То омадани ман, одатан, кори эҷодӣ ва таълифро тамом карда, баъд ба корҳои дигар машғул мешуд. Аз матлаб дур наравем, сухан дар бораи давраи навишта шудани «Дохунда» мерафт. Домулло он чиро, ки ҳамон рӯз навиштааст, дар фароғи кор ба мо нақл мекард. Ба ин маънӣ ман аз аввалин касони шунаванда ё хонандаи бештарин эпизодҳои «Дохунда» ҳисоб меёбам.

Одатан, ман дунболи воқеаро фаҳмиданӣ  шуда, Дохунда куҷо рафт, Бозор чӣ шуд? Кори Гулнор ба чӣ анҷомид? гуфта савол медодам ва домулло он чиро ки ҳамон рӯз навиштааст, нақл мекард. Аммо ҳеҷ вақт дар оянда чӣ хел давом кардани воқеаро намегуфт.

Баъзе нависандаҳо одат доранд, ки дар бораи рафти кор, саргузашти  қаҳрамонҳои  асарашон  пешакӣ гап мезананд ё нақша месозанд. Дар Айнӣ ин хислатро намедонам. Ба фикрам, воқеа вақти қаламро ба даст гирифтанаш дар зеҳнаш шакл пайдо мекард ва бо мантиқи муайяне равон шуда, дар рӯи коғаз акс меёфт.

Айнӣ тақрибан ҳама асарҳояшро як бор ва якбора навиштааст. Баъзе нависандаҳо, аз рӯи шунидам, воқеаро чанд хел тасвир карда, навишта боз аз дигар менависанд. Аммо Айнӣ масъаларо гўё аввал дар зеҳнаш нағз пазонда, баъд ба қалам меовард.

Дар вақти нақли воқеаи навишташуда, баъзан, ба завқ омада, аз ҷояш хеста, ба миёни хона баромада, ҳамон воқеаро бо ҳаракатҳояш  нишон медод. Агар ба нақл шеъре даромада бошад, онро бо оҳанг мехонд. Нағз дар хотир дорам, шеъри духтари мулло чорториро, ки дар «Дохунда» ҳаст ё ин ки шоҳдуҳтар, ё шеъреро, ки дар боби XVIII қисми аввали «Ғуломон» ғуломҳо дар ёди ватан мехонанд. Домулло мегуфт, ки ин шеърро ба оҳанги суруде, ки як вақтҳо аз як ҳофизи мавригихони Бухоро шунида буд, навиштааст.

Аз ҳаво мевазад накҳати форам.

Ин магар омад аз Қаршӣ, аз ёрам.

Аз чаман бар чаман чун сабо гардам,

То ба ӯ вохӯрам, кам шавад дардам.

Вақти бо оҳанг хондани ин шеърҳо бо зарби оҳанг дасташро ба рӯи миз зада меистод.

Ин ҳикояҳо дар як фосилаи бАйнӣ таҳрир, ки домулло дар нашриёт бо он машғул буд, карда мешуданд. Баъд аз ин ӯ боз ба кор машғул мегардид. Дар аснои кор гап заданро дӯст намедошт.

Коргарҳои сохтмон, одатан, як фурсати папироскашӣ доранд, ки ҳама аз кор боз истода, ҷамъ шуда як папирос мекашанд. Домулло ҳам айнан ҳамин хел фосилаҳои бАйнӣ корӣ дошт. Ба ғайр аз ин мавридҳо агар касе гапи ба кор дахл надоштае занад ва дигаронро аз кор боздорад, устод аз болои айнак ба сӯи ӯ маломатомезона назаре меандохт, агар гапзананда ин ишораро нафаҳмад, баъд забонӣ танбеҳ мекард.

Айнӣ вақти кори идораи худ бо масъалаҳое, ки бо кори идора дахл надоштанд, ҳаргиз машғул намешуд, ҳеч касро дар идора бо кори хусусӣ қабул карда, бо вай дуру дароз сӯҳбат намекард. Агар касе гап занад, кутоҳ ҷавоб дода, боз ба кор машғул мешуд. Баъдҳо, ки дар шуъба шумораи коркунон зиёд шуд, вақте ки домулло барои чанд дақиқа аз хона баромаданд, мисли мактаббачаҳо вағар-вуғури мо сар мешуд.

Риштаи ин гапзаниҳо бо даромада омадани домулло боз канда мешуд, айнан мисли бачаҳое, ки дар «Мактаби кўҳна» тасвир шудааст. Устод вақти дар нашриёт  кор карданаш дар аснои таҳрир саволҳоеро, ки пайдо мешуданд, дар як варақа навишта, баъд онҳоро бо худи муаллиф ё тарҷумон санҷида, ислоҳ мекард. Воқеаи аз тарафи устод таҳрир карда шудани аввалин тарҷимаи худамро дар «Устоди ғамхори сахтгир» ном мақола навиштаам. Соат, ки як шуд, устод корашро тамом карда, ба хӯрокхӯри машғул мешуд. Расо як соат. Вақте ки идораи нашриёт дар маркази шаҳр буд (дар қабати ҳозира Хонаи Офисерони Самарқанд) домулло барои хӯрокхӯрӣ ба каҳвахона мерафт. Одатан, ду тухмбирён, як бӯлкаи сафед ва стакон какао мегирифт. Аммо вақте ки идораи нашриёт дар як канори шаҳр дар наздикии Гӯри Мир буд, мавизи бисёр аълои соягӣ, сухарии қандӣ харида оварда, ба ғалладони мизаш мемонд. Ду пиёла чойи ширин бо мавизу сухарӣ, одатан, хӯроки пешинии вай буд.

Ҳаминро бояд гуфта гузарам, ки устод ба нархи гаронаш нигоҳ накарда, ҳама вақт чизи аълосифат мехарид. Барои хӯрдану пўшидани худаш ва афроди хонаводааш ҳаргиз пулро дареғ намедошт.

Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1971 №4

Таҳияи Носирова Шавқинисо,

мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.