Раҳим Ҳошим. Дар коргоҳи эҷодии устод. Бахши охир

Ҳаминро бояд гуфта гузарам, ки устод ба нархи гаронаш нигоҳ накарда, ҳама вақт чизи аълосифат мехарид. Барои хӯрдану пўшидани худаш ва афроди хонаводааш ҳаргиз пулро дареғ намедошт.

Мо, одатан, дар соати дамгирӣ баромада ба чойхона мерафтем. Он вақт дар наздикӣ чойхона ва ошхона буд. Аммо устод ҳама вақт ба ин тартиби хӯроки рӯзона риоят мекард. Вақтҳое, ки дар хона кор мекард, ба касоне, ки бо онҳо робитаи корӣ дошт ва онҳо бояд ба наздаш меомаданд, соатеро муайян мекард. Агар касе аз вақти қароршуда дер ояд, баъзан сахт коҳиш карда, хиҷолат медод, агар такрор шавад, беибо қабул накарда мегардонд. Солҳои сиюм ба дари даромади хонаи кориаш, ки он меҳмонхонааш низ ба ҳисоб мерафт, як варақ коғаз часпонда шуда буд. Дар он, агар хотираам хато накунад, се чиз навишта шуда буд:

1) Дар назди ман бисёр нанишинед;

2) Ман машғули кор ҳастам; таваққуи дастархон надошта бошед, ки ман дастёр надорам;

3) Дар ин ҷо имкони шаб хобидан нест.

Мо он рӯзҳо ин варақаро «Се шарти устод Айнӣ» меномидем.

Ин чиз, ки ба назари баъзе касҳо аҷиб менамуд, яке аз ҷиҳатҳои интизомпарастии устод буд.Хонаи корӣ устохонаи нависанда аст, меҳмонхона нест, ки ҷои чақ-чақу суҳбат бошад!!

Дар солҳои 1946-50, ки дар Самарқанд будам ва то андозае вазифаи котибии устодро ба ҷо меовардам, одатан, агар ба ман коре ё супорише дошта бошанд, махсус коғаз навишта даъват мекарданд Азбаски хислаташонро ва барои ҳар соати маълум кор ё мулоқоти муайян доштанашонро медонистам, ҳаргиз бе даъват ба наздашон намерафтам. Матни яке аз ин руқъаҳо чунин аст: «Рафик Раҳим Ҳошим. Илтимос дорам, ки соатҳои даҳ як сари қадам омада равед. Айнӣ, 10 январ 1950».

Чун одати устодро медонистам, расо ҳамон соат расида рафта, дарашонро тақтақ мекардам. Дар ин соатҳо он кас, одатан, газета мехонданд. Ҳамин ки даромадам, аввало соатро медиданд. Агар дар вақти таъин шуда омада, бошам, табъашон чоқ мешуд, вагарна дуруст кор кардани соати худашонро месанҷидагӣ барин аз ман «соатат чанд» гуфта мепурсиданд, ки ин худаш як калтак буд.

Ҳамин ки масъалаи дахлнок тамом шуд, аз ҷо мехестам. Агар майли суҳбат дошта бошанд «Магар коре дорӣ, ки шитоб мекунӣ?» мегуфтанд. Аз ин фаҳмида мешуд, ки вақт ва ҳавсалаи андак гапзанӣ доранд.

  • РАҲИМ ҲОШИМ. ДАР КОРГОҲИ ЭҶОДИИ УСТОД. БАХШИ АВВАЛ

https://kmt.tj/rahim-oshim-dar-korgohi-ejodii-ustod-bahshi-avval/

Вақте ки қисми сеюми «Ёддоштҳо»ро менавиштанд, ман, ки омадам, қисми ҳамон рӯз навиштаашонро бароварда мегуфтанд: «Бо овози баланд хон». Гӯё ба чи навъ садо додани навиштаҳои худ гӯш медоданд.

Баъзан, «чаро чанд рӯз боз наомадӣ?» гуфта мепурсиданд. Масалан, дар яке аз руқъаҳо навишта буданд: «Шумо дерест, ки пеши ман наомадед. Дар ҳар ҳол саломат бошед». Устод ба ягон кас дикта карда, чиз нависонданро бад медиданд. Мегуфтанд, ки то қаламро ба даст нагирам, ҳавасам ҷамъ намешавад. Хатҳои одиро ҳам ба касе наменависонданд. Ҳатто дар вақтҳои шиддати беморӣ низ хатҳоро худашон менавиштанд, телеграммаҳоро бештар ба тоҷикӣ навишта, баъд тарҷума мекунонданд.

Агар ба ҷое рафтанӣ бошанд, аз соати даҳ то ду рафта омада, баъд ба мутолиа машғул мешуданд ё ба хатҳои касон чавоб менавиштанд. Гашти рӯз, ки вақти истироҳаташон буд, ҳеҷ касро бо майл ва рағбати худ қабул намекарданд, магар ки ноилоҷ монанд ё кори зарурие афтода монад.

Як вақтҳо ман қусмҳои якум ва дуюми нусхаи ӯзбекии «Еддоштҳо»ро ба як котибаи ӯзбекинавис дар хонаи худи устод дикта мекардам. Як руз дер вақт нишастем. Вақти рафтан котиба гуфт, ки ба пул хеле зарурат дорад. Ман, бо вуҷуди ин ки ба табъи устод нохуш омадани ин корро медонистам, ба исрори котиба истодагарӣ карда натавониста мачбур шудам, ки дарро тақтақ карда, он касро ҷеғ занам. Маълум шуд ки машғули истироҳат будаанд. Табъашон хеле хира шуд: Гуфтанд: «Пул даркор будааст, вақти омаданаш гӯяд, намешуд?”

Устод бино ба гуфти худашон барвақт мехобиданд, то ки барвақт хеста ба кор машғул шаванд. Аз маҷлисҳои дуру дарози шабона ҳеҷ хушашон намеомад, чунки тартиби муқарраршудаи зиндагиашонро вайрон карда, ба кори рӯзи дигар халал мерасонданд. Дар рӯзҳое, ки машғули навиштани асаре буданд, ба вайрон шудани тартиби зиндагиашон ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедоданд.

Баъзе нависандаҳо барои асар навиштан ба куҷоҳо мераванд. Аммо Айнӣ чунон ки гуфтам, фақат дар хонаи худ, дар ҳамон муҳити кории одаткардааш кори ҷиддии эҷодӣ карда метавонист, чун ки шароити кораш муҳайё буд, хӯрокаш дар вақташ тайёр мешуд, омаду рафти зиёд ба вай халал намерасонд.

Соли 1948 боре дари хонаамон тақтақ шуд, бароям, ки устод омадаанд. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, ки ҳозир девони Нозими Ҳиравӣ даркор шуд, касе набуд, ки фиристонам. Худам омадам. Ба хона надаромаданд. Китобро гирифта рафтанд. Магар ки ҳамон соат, ҳамон чизро дидан лозим шуда, барои канда нашудани робитаи мусалсали фикрҳо ин корро ба таъхир андохтан мумкин набудааст ва ба сабаби набудани касе худашон омадаанд. Устод хеҷ кореро, ки бояд худаш кунад, ба дигаре ҳавола наменамуд. Ба вақт ва ба меҳнати дигарон бепарво нигоҳ намекард. Агар китоб дидан лозим бошад, худаш медид, материал ҷамъ кардан лозим бошад, худаш ҷамъ мекард, агар матлаберо аз касе пурсида фаҳмидан даркор бошад, худаш шахсан рафта, он касро ёфта, аниқ карда худаш мефаҳмид. Ягон масъаларо, ҳарчанд хуб медониста бошад ҳам, боз агар навиштанӣ ва ҳатто агар ба саволи касе ҷавоб додани шавад, дониши дар хотир доштаашро аз китоб тафтиш карда, баъд мегуфт ё менавишт. Устод ҳастам гуфта, касеро бе музд, бе зикри меҳнаташ кор намефармуд. Ба чизе, ки худаш нанавишта ё дар навиштани он бе восита иштирок накарда бошад, имзо намемонд.

Инҳо қонунҳои вайроннашавандаи зиндагӣ ва кори устод буданд.

Мақсад аз нақл кардани ин чизҳо он аст, ки Айнӣ на фақат ба воситаи осори боқӣ гузоштааш ба мо бисёр чизҳо омӯхтааст ва меомӯзад, балки ба воситаи ҳаёти шахсии худаш, тарзи зиндагии худ, муносибаташ ба кор, бо вазифашиносиаш, бо риояташ ба интизом низ барои мо, хусусан, барои ҷавонон аз бисёр ҷиҳатҳо намунаи ибрат шуда метавонад.

Ӯ дар яке аз пурҳодиса ва пурошӯбтарин давраҳои таърихии ҳаёти халки тоҷик таваллуд ёфт ва зиндагӣ кард.

Ҳаёти қишлоки феодалиро бо ҳамаи маҳрумиятҳояш аз сар гузаронд. Қариб сӣ сол дар мадрасаи Бухоро, дар қашшоқӣ ва эҳтиёҷи тамом зиндагӣ кард, хидмати касонро ба ҷо овард. Дар ин муддат бо аҳвол ва зиндагии табақаҳои гуногуни халқ шинос шуд, гувоҳи зиндаи тарзи ҳаёти бисёр сахти оммаи халқ гардид. Аҳволи рӯҳия, кайфият, хислату рафтор, муомилаву гуфтори одамони гуногунро кунҷковона омӯхт, бо шахсиятҳои машҳур ва намоён замони худ шиносоӣ пайдо кард.

Заковати баланд, қобилият ва истеъдоди калони модарзод, шавқ барои омӯхтани чизҳо чӣ аз ҳаёт ва чӣ аз китоб, як ҳисси бисёр пурошӯби навҷӯёна аз хислатҳои барҷастаи вай мебошанд.

Ӯ дар ҳаракати маорифпарварӣ, дар ҳаракатҳои инқилобӣ дар Бухоро шахсан иштирок кард. Зиндони амир, ҳабсу шиканҷаҳо, фоҷиаҳои хонаводагӣ: кушта шудани ду бародар, бе хонаву ҷой, ғарибу бемор шудани худаш.

Баъд дар сохтмони ҳаёти нав фаъолона иштирок кард, инқилоби бузургро мардона ва фидокорона тараннум кард. Ба замми инҳо доро будан ба сифатҳои олии инсонӣ: беғаразӣ, вазифашиносӣ, садоқати фидокорона ба халқ ва ба маданияти халқи худ, ростқавлӣ ва руйбинӣ накардан ҳамаи инҳо дар табиати як шахс ҷамъ шуда, ба вуҷуд омадани асархҳоеро таъмин карданд, ки оинаи ҳаёти гузашта ва ҳозираи халқи тоҷик шуда, дар таърихи адабиёти тоҷик саҳифан наве кушоданд. Ҳаёти ин гуна шахсро омӯхтан, дар бораи зиндагии вай асарҳои афсонамонанд не, иғроқомез не, балки ҳақиқӣ, воқеӣ, чунон ки будаасту ҳаст, офарида, ба хонанда манзур кардан лозим аст, чунки ин ҳаёт бисёр ҷиҳатҳои ибратбахш, намунашавада ва омӯзанда дорад.

Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1971 №4

Таҳияи Носирова Шавқинисо,

мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ.