Раҳимҷон Шарофзодаро бишносем
Дар синни 75-солагӣ аз олам гузашт. Аз зумраи касоне буд, ки як умр кори китобдорӣ карданд ва ё ба донишомӯзон китобдориву китобшиносӣ омӯхт. То охирин рӯзҳои ҳаёташ бо китоб монд, даст аз таълифи китоб бознадошт.
Раҳимҷон Шарофзода солҳои 1991-1992 муовини директори Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ будааст. Ӯ пас аз хатми омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Рўдакӣ (дар соли 1957) ба Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ба кор меояд ва худи ҳамон сол ба шуъбаи ғоибонаи Институти маданияти Маскав дохил мешавад.
Дар Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ солҳои 1957-1970 аввал ба ҳайси методист, сарбиблиограф, сипас мудири шуъбаи маълумотию библиографӣ ва ниҳоят мудири шуъбаи методӣ кор кардааст.
Ӯ аз соли 1973 то поёни умр дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба сифати омӯзгор, омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедра ва профессор ифои вазифа намудааст.
Бино ба гуфтаи дотсент Шариф Комилзода солҳои кораш Раҳимҷони Шарофзода ба таҳқиқи масоили илмие, ки то кунун дар илми китобдории тоҷик омӯхта нашуда буд, даст зад ва аввалин рисолаи илмии ӯ таҳти унвони «Давраҳои асосӣ ва қонунияти инкишофи библиографияи адабии тоҷик» ба табъ расид, ки дар ин таҳқиқот номбурда аввалин шуда, таърихи библиографияи адабии тоҷикро бо қонуниятҳояш таҳлил ва бо далелҳои муътамади илмиву мантиқӣ асоснок намуд. Саҳми Раҳимҷон Шарофзода дар рушди соҳаи китобдорӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи мазкур хеле назаррас аст. Тамоми он барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ дар соҳаи китобдорӣ бори нахуст маҳз бо роҳбарии Раҳимҷон Шарофзода тарҳрезӣ гардида, пешкаши хонандагон шуданд ва гуфта мешавад, ки номбурда дар тӯли ҳаёти худ зиёда аз 300 мақолаву китоби худро ба нашр расонидааст. Бештари корҳои ба табъ расонидааш то кунун дар раванди фаъолияти кори китобхонаҳои ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Узви вобастаи Академияи байналмилалӣ оид ба иттилоорасонӣ буд.
Сабоҳат ИБРОҲИМОВА,
муовини сардори шуъбаи
коркарди адабиёт