Раҷабмоҳ САФАРОВА. Рисолати китобдор

Раҷабмоҳ САФАРОВАСоати 8.00 дақиқаи пагоҳӣ. Кас вориди шуъбаи коркарди адабиёт шуда, чашмаш беихтиёр ба занону духтарони машғули кор меафтад, ки ҳар яке паи иҷрои кори худ ҳастанд. Бале, дар ин ҷо китобдорон иҷрои вазифа мекунанд. Китобдор куҳантарин ва бонуфузтарин касбе ҳаст, ки аз қадимулайём боиззату азизи мардумон аст.

Ман шахсан ҳаёти худро бекитоб ва мутолиаи он тассавур карда наметавонам. Аз овони мактабхони бароям мароқангез буд, ки китоб чӣ гуна таҳия ва чоп мешавад? Бисёр вақт орзу мекунам, ки ақалан як китоби пурхонандае нависам. Аз  хурдӣ ба китобхона алоқамандӣ доштам. Баъзан хаёлан худро соҳиби китобхона эҳсос мекардам.

Сад шукр, ки ба орзуям  расидаму корманди чунин як китобхонаи бонуфуз гаштам. Ба яке аз шуъбаҳои кораш хеле ҷиддӣ – шуъбаи коркарди адабиёти МД Китобхонаи миллӣ  ба кор омадам. Китобҳое, ки ба китобхона  ворид мешаванд, дар ин шуъба  коркард шуда, сипас ба шуъбаҳое, ки дорои фонд мебошанд, интиқол мешаванд. Ҳама гуна адабиёте, ки ба шуъба ворид мешавад, сараввал аз рўи алифбо тақсим шуда, баъдан аз рўи номи муаллиф ва номи китоб аз феҳристи алифбоӣ дарёфт карда мешаванд. Сипас, рақами китоби нав воридшударо дар баргаи феҳрист қайд менамоянд. Дар китобҳо бошад, рақами Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ (ТДУ)  гузошта мешавад. Ҳамаи ин китобҳо ба барномаи ALEPH ворид мегарданд.

Раҷабмоҳ САФАРОВАҲар моҳ  дар  ин шуъба зиёда аз 3 то 4 ҳазор адабиёти тоҷикӣ, русӣ,  хориҷӣ ва адабиёти ба забонҳои мухталифи давлатҳои ИДМ, рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳо, инчунин нашрияҳои давомноки илмӣ коркард шуда, ба фондҳои махсус фиристода мешаванд.

Ҳамаи ин корҳо бо дастгирии маъмурияти Китобхонаи миллӣ ва сардори ин шуъба Гулчеҳра Сатторова  ба анҷом мерасанд. Мудири ин шуъба Гулчеҳра Сатторова зани ҳалиму меҳрубон бо як муомилаи хубу суханҳои ширинашон дили кормандонро нисбати корашон дилгарм месозанд. Субҳгоҳон модарвор кормандонро истиқбол гирифта бо як таасуроти нек бегоҳ аз кор гусел мекунанд.

Раҷабмоҳ-САФАРОВАВоқеан чунин касон дар зиндагӣ мисли китобу китобхона марҳами рози касонанд. Чунин муносибатҳо ба мо кормандони шуъба шароит фароҳам месозад, ки рисолати асосии шуъба китобдорро бо ҳавас ва дар  сатҳи касбӣ анҷом диҳем. Мо бояд тавассути чунин имкониятҳо дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа нақши арзандае дошта бошем.

Умуман, китобхона маконе ҳаст, ки инсонҳоро ҳалиму дилсўз, босавод ва ба хонанда роҳи дурусти аз худ кардани илмро меомўзад.

Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, азимтарин ва муқаддастарин даргоҳ китобхонаро сохта, мавриди истифодаи мардум қарор додааст. Ман  шахсан фахр аз он дорам, ки дар чунин даргоҳи илму маърифат кору фаъолият мекунам. Муҳити кории мо созгор аст. Бошад, ки фазои ватану давлати мо ҳамеша орому осуда бошад ва мо кормандони ин даргоҳи илму маърифат ба ватану халқамон содиқона хидмат намуда, кўшиш ба харҷ диҳем, ки ҳар як истифодабарандае, ки ба мо муроҷиат менамояд, аз кору фаъолият ва хизматрасонии мо қаноатманд бошанд.

Раҷабмоҳ САФАРОВА,
мутахассиси пешбари
шуъбаи коркарди адабиёт