Рамзи ишқи поки инсонӣ ва сидқу вафо
Таҳмина, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳамсари Рустам, модари Суҳроб мебошад. Аз Таҳмина дар достони “Рустам ва Суҳроб” – и «Шоҳнома»-и безавол ёд мешавад. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, Рустам рўзе дар ҳудуди шаҳри Самангони Турон шикор карда, баъди анҷоми шикор соате ба хоб рафт. Аспи ў – Рахш ба галаи аспони шоҳи Самангон, ки дар наздикӣ мечариданд, ҳамроҳ шуд.
Рустам аз хоб бедор шуда, аспашро надид ва дар ҷустуҷўи он ба шаҳри Самангон ворид гардид. Шоҳи Самангон Рустамро хуб пазироӣ кард ва ба истиқболи ў базме орост. Пас аз анҷоми базм ба хонаи хоби Рустам духтари шоҳи Самангон омада, ба ишқи ниҳонии худ иқрор намуд. Рустам аз шоҳи Самангон Таҳминаро ба занӣ талабид ва мубад онҳоро паймони заношўӣ баст. Пас аз чанде Рахш пайдо гардид ва Рустам роҳи Зобулистонро пеш гирифт.
Таҳмина аз Рустам писаре ёфта, номашро Суҳроб ниҳод. Ўро бо меҳри зиёде парвариш кард ва камол расонд. Вақте ки Суҳроб орзуи дидани падари худ кард ва ба ҷустуҷўи ў Эрон раҳсипор гардид, Таҳмина бозубандеро, ки Рустам дода буд, ба бозуи Суҳроб баст, то худро тавассути он ба падар бишиносонад.
Бо ҳукми тақдир Суҳроб ба дасти Рустам кушта шуд. Таҳмина аз ин воқеаи мудҳиш хабар ёфта, пираҳан чок кард, мўю рўяшро биканд, қасру хонаҳои худро хароб кард, молу дороияшро ба бенавоён дод ва дар сўгвории Суҳроб нишаст. Пас аз як соли марги Суҳроб вафот кард. Таҳмина рамзи ишқи поки инсонӣ ва сидқу вафост. Гарчанде байни Эрону Турон ҷанг буд, ба паҳлавони эронӣ меҳр баст ва барои ба висоли дилдодааш расидан кўшиши зиёде кард.
Таҳмина инчунин модари мушфиқу меҳрубонест. Фарзандеро чун Суҳроби гурд ба камол расонидан корномаи ин зани ҷоннисору фидокор мебошад.
Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ. 2. – С. 439. Муаллиф: Г. Саъдиева
Шуъбаи библиографияи миллӣ.