Рамзи ваҳдат  ва  ягонагии миллат

parchamТаърихнигорону муҳаққиқон дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ собит кардаанд, ки парчамсозию парчамдории миллати тоҷик дорои таърихи чандинҳазорсола буда, он дар рушду густариши ин бахши тамаддуни башарият нақши созандаро ифоъ кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ бо таъкиду ишора ба решаҳои чандинҳазорсолаи ойини парчамдории ниёгон чунин изҳор доштанд: “Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.”

Аз суханони пурмуҳтавои Сарвари давлат равшан мегардад, ки пайдоиши русуми парчамдорию парчамсозии миллати тамаддунофари тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад, бинобар ин аҷдодони гузаштаи ин миллати шарафманду бостонӣ дар давру замонҳои мухталиф ва таҳавулоту тағйироти забони модарӣ  ин рамзу нишони миллиро бо калимаю мафҳумҳои гуногун ифода кардаанд.

Парчамро суханварон сари баланди халқ, шиносномаи он дар арсаи байналмиллалӣ маънидод мекунанд. Ин воқеият аст, ки чун парчам боло мешавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сўйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандориро дучанд эҳсос мекунанд. Парчами давлатии мо на танҳо аз лиҳози бузургӣ, балки интихоби мазмуну рангҳои он, ки аз сурх, сафед ва сабз иборат аст, ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошанд.

Ёд дорем, ки бори аввал 24 ноябри соли 2009 рӯзи парчам таҷлил карда шуд. Бо ибтикор ва иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатиамон гузошта шуд  ва он ба китоби  Рекордҳои Гинес ворид гардид. Ҷойе, ки Парчам сар ба фалак афрохт, Майдони Парчам номида шуд.

РАМЗҲО ДАР ПАРЧАМИ МО

Ба назарам ҳеч шарҳи мухтасар ва пурмуҳтавое дар бораи Парчам ва рамзҳои он ба мисли шарҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи телевизионӣ аз 23- ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд: “Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх- рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз- рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад”.

Тавре дар китоби  “Парчам”-и Иброҳим Пирназарзода омадааст: Парчами давлатӣ зиннатбахши кўчаю хиёбонҳо  ва биноҳои маъмурӣ буда, дар ашёи рўзгор, девору даромадгоҳҳои роҳҳои мошингарду оҳан ва фурудгоҳҳо тасвиру ҷойгир шудааст. Ҳамчунин, тасвири парчам дар матои гулдўзишуда, либоси варзишӣ, галстук ва ғайра ҷойгир карда мешавад, ки ин эҳтироми самимии мардумро нисбат ба рамзҳои давлатӣ нишон дода, насли ҷавонро дар рўҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба камол мерасонад. Парчами давлатӣ бо дастоварҳои мардуми заҳматкаши кишвар алоқаманд буда, зимни банақшагирӣ ва амалӣ намудани иқдомҳои созанда аввалан парчамро дар мавзеи ободшаванда барафрохта, баъдан ба сохтани иншоот шурўъ мекунанд. Дар наворҳои телевизионӣ, барномаҳои радио ва мақолаву нигоштаҳо тараннуми болафшонии Парчами давлатӣ васф карда мешавад. ки ин ҳолат суннати арзишманди халқи тоҷикро дар самти эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ таҷассум менамояд. Муҳимтар аз ҳама, парафшонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ба нишонаи ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон табдил ёфта,эҳтироми самимӣ ба парчам рисолати ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон гардидааст.Эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ифтихороти бузурги ҳар як фарди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва ин ифтихор дар зеҳн ва андешаи насли ояндаи миллати сарбаландамон ба таври ҷовидон нақш хоҳад баст.

Дилафрӯзи Ҳабибулло,
мутахассиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ