Рашод Нурӣ Гунтекин

Рашод Нурӣ Гунтекин
Рашод Нурӣ Гунтекин

Ин ном барои хонандаи тоҷик бештар романи ӯ “Чаманоро”, ки соли 1965 аз ҷониби адабиётшиноси маъруф ва олими шнохта Раҳим Ҳошим аз туркӣ баргардон шуда буд, ошност. Баъдан чанд асари одиби номвари турк аз русӣ тарҷума шуд. Аммо маъруфиати “Чаманоро” дигар будааст.

Гунтекин 25 ноябри соли 1989 дар шаҳри Истанбул ба дунё омадааст. Нависанда драматург, тарҷумон ва адабиётшиноси турк. Дар ташаккули шахсияти ў падараш (пизишки низомӣ ва донандаи забонҳои форисию арабию фронсавӣ) нақши муассир доштааст. Хатмкардаи факултаи адабиёти Донишгоҳи Истанбул (1912). Дар чанд мактаби Истанбул аз адабиёту забони туркӣ, забони фаронсавӣ ва фалсафа дарс додаст. Сипас (солҳои 1933-43) намояндаи парлумон, бозраси Вазорати омўзишу парвариши миллӣ (1947), ройзании фарҳангӣ дар Порис ва ҳамзамон намояндаи ҳукумати Тукӣ дар ЮНЕСКО (1950) буд.

Гунтекин дар поёнии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бо тахаллуси Ҷамол Неъмат вориди саҳнаи адабиёт шуда, як силсила ҳикоёт ва нахустин повесташро бо номи «Дўсти дерина» (1917) таълиф намуд. Дар нахустин асарҳояш («Дўсти дерина»; «Ханҷар», 1918; «Гули харобаҳо», 1918, «Сангпора», 1926, ва ғайраҳо) норасоиҳои маъмули ҷамъияташро фош сохтааст.

Гунтекин дар адабиёти Турк бори нахуст  тавассути роману повестҳояш шаҳрҳои музофотӣ, аз ҷумла Анталия ва рустоҳои дурафтодаи кишварашро воқеъагароёнаву ба сурати ҷомеъ ба тасвир кашид. Чунончӣ, дар романи машҳури ў «Чаманоро» («Callkusu», 1922, баргардони тоҷикӣ -1965, соли 1966 аз рўи он филме бардошта шуд) сарнавишти муаллимаи ҷавоне дар Анталия қаламдод шудааст.

Гунтекин ҳамчунин ба мавзўъҳои ҳассоси мушкилоти хонавода, равобити шахсиятҳову ҷомеа даст зада, рўҳониёнро фошу маҳкум мекунад. Дар романи «Шаби сабз» (1928) Гунтекин муборизаҳои миллию озодахоҳии мардуми туркро бозтоб кардааст. Бархе аз асарҳои ў дар рўҳияи сентименталистӣ офарида шудаанд.

Осори Гунтекин дар 24 ҷилд мураттабу чоп гардидааст (1958-61); ў муаллифи 19 роман, 7 маҷмўаи ҳикояҳо, даҳҳо намоишномаву осори тарҷумашуда мебошад. Аз ҷумла китобе дорад бо номи «Лев Толстой, ҳаёт ва эҷодиёти ў» (1933).

Гунтекин   7 феврали соли 1956 дар шаҳри Лондон аз дунё гузашт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи  миллии тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 588.

Аз Рашод Нурӣ Гунтекин дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолиб қобили дарёфт аст:

Алькаева, Л.О. Очерки  по истории турецкой литературы 1908-1939. – Москва, 1959.

Чаманоро: Роман / Аз туркӣ тарҷумаи Р. Ҳошим; муҳаррир Ш. Шариф. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 420 с.

Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1980. – Ҷ.2.

Аҳднома: Новелла / Аз русӣ тарҷ. К. Мусофиров ба пешвози конференсияи нависандагони Осиё ва Африқо // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1970. – 31 октябр.

Дони паранда: Ҳикоя / Тарҷ. Ў. Холиқов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 12 феврал.

Арзанди саъва: Ҳикоя / Тарҷ. С. Ҳоҷимуродова // Машъал. – 1974. – №10. – С.11.

Дони гунҷишк: Новелла // Коммунисти Қурғонтеппа. – 1975. – 18 октябр.

Аҳднома: Новелла / Тарҷ. Ф. Чориев // Коммунисти Қурғонтеппа. – 1975. – 23 август.

Шуъбаи библиографияи миллӣ