Расул Ғамзатов дар бораи истеъдод. Бахши 1

Маълум нест, ки истеъдоди одам аз куҷо пайдо мешавад. Маълум нест, бахшоиши замин аст он ё осмон. Шояд зодаи замину осмон бошад? Инчунин маълум нест, ки истеъдод дар куҷои одам маъво гирифтааст: дар дил, дар хун, дар мағзи сар? Оё истеъдод аз рўзи ба дунё омадани одам дар дили кўчаки вай лона дорад, ё одам онро баъд, пас аз тай намудани роҳи душвори зиндагӣ, пайдо мекунад? Вайро чӣ бештар ғизобахш аст; муҳаббат ё нафтар, шодӣ ё ғам, ханда ё гиря? Ё баҳри инкишофу қувват гирифтани он ин ҳама зарур аст? Оё истеъдод меросист, ё одам онро дар натиҷаи ҳамаи дидаву шунида, хондаву идрок намуда ва аз сар гузарониҳои худ тадриҷан ҳосил мекунад??
ИСТЕЪДОД
Шўъла зан, то ҷаҳон биафрўзӣ
Котибаи чароғ.
Қиссаи шоир ва моҳии тилло. Ривоят мекунанд, ки шоири нобароре аз баҳри Хазар як моҳичаи тилло медорад.
– Шоир, шоир, маро ба баҳр сар деҳ.- илтиҷо мекунад моҳӣ.
– Сар диҳам, чӣ медиҳӣ?
– Ба тамоми орзуҳоят мерасонам.
Шоир хурсанд шуда, моҳии тиллоро сар медиҳад. Аз чӣ бошад, ки кори шоир паёпай омад мекунад. Китобҳояш пайи ҳам чоп мешавад. Дар шаҳр ҳавлидору берун аз шаҳр соҳиби бўстонсарой мегардад. Сари синаи шоирро орденҳо ва медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» оро медиҳад. Шоир машҳур мегардад, ҳама мардум ўро мешиносанд. Ба мартабаҳои бузургтарин молик шуда тамоми ҷаҳон дар пеши ў, чун сихкабоби тайёр бо пиёзи поракардаву лимўи карчкарда муҳайё мешавад. Фақат даст дароз карда гирифтану нўши ҷон кардан мемонаду бас.
Инак, замоне ки вай академик, вакил, ҷоизадор мешавад, рўзе завҷааш ногоҳ чунин изҳор мекунад:
– Чаро бар замми ҳамаи ин аз моҳии тилло истеъдод талаб накардӣ?
Шоир гўё ҳушёр шуда дарк менамояд, ки тамоми ин солҳо чӣ камӣ дошт. Тозон лаби баҳр рафта, ба моҳии тилло рў меоварад:
– Моҳӣ, моҳӣ, ақаллан каме истеъдод ҳам деҳ.
Моҳии тилло ҷавоб медиҳад:
– Ҳар чӣ худат талаб кардӣ, ман додам. Ҳар чӣ талаб бикунӣ, минбаъд ҳам медиҳам. Аммо истеъдод дода наметавонам. Истеъдоди шоириро худи ман надорам.
Хулоса, истеъдод ё ҳаст, ё нест. Онро на касе додан метавонад, на касе гирифтан. Истеъдод модарзод аст.
Шоири мо, ки аз эҳсонкориҳои моҳии тилло саршор буд, дере нагузашта, чу зоғе гардид ба тан пари товус кашида. Ҳамаи он пару боли зебои сунъӣ якояк рехт, ба болокориаш дар тўли ин солҳо қисме аз пару болҳои худи шоир низ рехт ва ў аз будаш ҳам бадтар шуд. Такрори дуо савоб гуфтаанд, ман ҳам бори дигар такрор мекунам, ки барои асар навиштан истеъдод лозим, модом ки ҳатто моҳии тилло истеъдод надорад, онро аз куҷо пайдо метавон кард?
Падарам ҳикоят карда буд: як кўҳистонӣ аз авули дурдасте назди падарам омада, шеърҳои худро мехонад. Падар ба шеърҳои шоири навбаромад бодиққат гўш медиҳад ва ҷойҳои сусту беҳунаронаи онҳоро нишон медиҳад. Сипас, ба кўҳистонӣ мефаҳмонад, ки агар ба ҷояш ў, яъне Ғамзати садагӣ мебуд, ин шеърҳоро ба тарзи дигар менавишт.
– Э, Ғамзати муҳтарам, -нидо мекунад кўҳистонӣ, -барои ин хел навиштан истеъдод даркор!
– Балки гапат ҳақ, андаке истеъдод медоштӣ, зарар намекард.
– Аз куҷо ёбам истеъдодро, ягон маслиҳат диҳед, -ҷавоби кинояомези Ғамзатро нафаҳмида, хурсанд мешавам кўҳистонӣ.
– Имрўз ман мағозаҳоро гаштам, надидам, шояд дар бозор ёфт шавад.
Маълум нест, ки истеъдоди одам аз куҷо пайдо мешавад. Маълум нест, бахшоиши замин аст он ё осмон. Шояд зодаи замину осмон бошад? Инчунин маълум нест, ки истеъдод дар куҷои одам маъво гирифтааст: дар дил, дар хун, дар мағзи сар? Оё истеъдод аз рўзи ба дунё омадани одам дар дили кўчаки вай лона дорад, ё одам онро баъд, пас аз тай намудани роҳи душвори зиндагӣ, пайдо мекунад? Вайро чӣ бештар ғизобахш аст; муҳаббат ё нафтар, шодӣ ё ғам, ханда ё гиря? Ё баҳри инкишофу қувват гирифтани он ин ҳама зарур аст? Оё истеъдод меросист, ё одам онро дар натиҷаи ҳамаи дидаву шунида, хондаву идрок намуда ва аз сар гузарониҳои худ тадриҷан ҳосил мекунад??
Натиҷаи меҳнат аст он, ё хандаи табиат Ранги модарзодаи чашм аст он, ё мушакҳои бозу, ки одам бо машқи ҳаррўза афзун мегардонад? Ниҳоли собест он, ки ба ҷидду ҷаҳди боғбон ба воя расидааст, ё себе, ки аз шохи дарахт ба кафи бача афтодааст?
Истеъдод чунин муаммост, ки баъди кафши тамоми асрори Замин, гузаштаю ояндаи он, баъди кашфи тамоми асрори Офтобу ахтарон, оташу рангҳо, ҳатто баъди кашфи тамоми асрори одамон, дар навбати охир дарк хоҳанд кард, ки истеъдод чист, аз куҷо пайдо мешавад. Дар куҷо маъво дорад ва чаро насиби маҳз ҳамин шахс мегардад, на каси дигар.
Истеъдоди ду шахси соҳибистеъдод ба ҳам монанд намешавад, зеро истеъдодҳое, ки ба ҳама монанданд, истеъдод нестанд. Истеъдод хусусан ба шабоҳати зоҳирии соҳибистеъдодон вобастагие надорад.
Ман бисёр касони чеҳраашон ба падарам монандро дучор омадаам. Вале истеъдоди падарамро дар ҳеҷ яки онҳо надидаам.
Истеъдод меросӣ намешавад, вагарна дар соҳаи санъат ҳукмронии сулолаҳо вуҷуд медошт. Аксаран аз шахси хирадманд фарзанди тиҳимағз мерўяд, аммо фарзанди одами тиҳимағз хирадманд мебарояд. Истеъдод ҳангоми ҷо гирифтан ба ниҳоди одамӣ на хурдиву бузургии давлатро мепурсад, на шумораи халқро. Истеъдод мисоли барқ, монанди рангинкамон дар осмон ё чун бороне, ки дар биёбони ташналаб ва ноумед аз оби ҳаётбахш меборад, ҳамеша нодир, ногоҳ ва аз ин рў ҳайратангез аст. Қиссаи аз як ошно ҷудо шуданам. Рўзе дар сари мизи худ менишастам, ки савораи ҷавоне назди хонаи ман омада истод:
–Ассалому алайкум!
-Ваалайкум ассалом!
-Ман ба назди ту бо як хоҳиш омадам, Расул.
-Ба хона даро, хоҳишатро бароварда, ба рўйи миз парто.
Ҷавон дар ҳақиқат аз ҷебакаш якчанд коғазро бароварда, ба рўйи миз партофт. Яке аз онҳо мактуби ошнои хуби падарам ва ошнои ман буд.
Дўсти аҳли хонадони мо чунин менавишт:
«Расули азиз, ин ҷавон-хеши наздики мо ва одами хуб. Ёрӣ деҳ,
ки вай ҳам худи ту барин шоири машҳур шавад» Қоғазҳои дигар справкаи Совети қишлоқ, справкаи колхоз, справкаи ташкилоти ҳизбӣ ва тафсифнома буданд.
Дар справкаи Совети қишлоқ таъқид мешуд, ки фалонӣ дар ҳақиқат ҷияни шоири машҳури Коҳобросоӣ Маҳмуд буда, Совети қишлоқ ўро номзади арзанда ба шоири машҳури Доғистон мешуморад.
Дар справкаи дигар нишон дода мешуд, ки ў бисту панҷро пур карда, синфи нуҳумро хатм намудааст ва сиҳату саломат мебошад.
–Кори калон, -гуфтам ман.-Биёр асарҳоятро, бинем, шояд ту ҳақиқатан ҳам истеъдоднок бошӣ вақташ ояд, шоири машҳур шавӣ. Ҳар ёрие, ки аз дастам меояд, бо ҷону дил мерасонам ва ба ин васила илтимосӣ дўстамонро иҷро мекунам.
– Чӣ хел! Маро барои ҳамин ҳам назди ту фиристоданд, ки шеърнависиро ёд диҳӣ. Ман ҳеҷ вақт нанавиштаам.
–Чӣ кор мекунӣ?
-Дар колхоз кор мекунам. Лекин аз кори ман ҳеҷ фоида нест. Рўзи меҳнат менависанду ҳеҷ чиз намедиҳанд. Оилаамон калон.
Барои ҳамин маро ба шоирӣ фиристоданд. Медонам, ки тағоям Маҳмуд пули кам намегирифт, аз пули дар колхоз мегирифтаи ман зиёдтар. Туро ҳам пули бисёр мегирад, мегўянд, Расул.
–Метарсам, ки бо вуҷуди хоҳиши зиёдам, туро шоир кардан наметавонам.
– Чӣ хел? Охир, ман ҷияни Маҳмудам! Дар справка ҳамаашро нишон додагӣ. Совети кишлоқ ҳам, ташкилоти ҳизбӣ ҳам пешниҳод мекунанд.
– Ҳатто писари Маҳмуд бош. Маълум аст, ки падари худи Маҳмуд гулахӣ буд, на шоир.
– Ку адолат? Шумо, шоиру нависандаҳои Махачқалъа, ҷойи серавғани адабиётро байни худ тақсим карда мегиреду ба ман наход, ки ақаллан аз каллаю почааш нарасад? Ман ба каллаю почааш ҳам розӣ. Ман акнун чӣ кор кунам? Ёрӣ деҳ, ба ягон кор дароям. Справкаҳоям дар ҷояш.
Мо ба ў, чун ҷияни Маҳмуд, аз Литфонд каме ёрии пулӣ додем ва баъд бо илтимоси ман ўро директори Доғэлектромаш ба кор гирифт.
Аммо сонитар аён шуд, ки муддаии шоирӣ аз қисмати худ норозӣ будааст. Аз байн муддате нагузашта, падараш, ошнои мо, ба ман мактуби ранҷишомезе фиристод:
«Ҳамаи илтимосҳои маро падарат Ғамзат доим иҷро мекард. Ҳеҷ гоҳ суханамро ба замин намемонд. Ту писари Ғамзат шуда истода, писари маро ба шоирӣ мон, гуфта, як илтимоси ночиз кардам, рад намудӣ. Афти кор, ту мағрур шудаӣ, Расул, ба падарат нарафтаӣ. Ман ошноҳои худро ҳаргиз нав намекардам, вале акнун маҷбурам. Хайр»
Ана, ҳамин тариқ, барои истеъдод, дурусттараш, барои набудани истеъдод ман аз ошнои нағзам ҷудо шудам. Ошноям дар ҳақиқат одами хуб буд, аммо намефаҳмид, ки ҳеҷ кас: на раиси Иттифоқи нависандагон, на котиби ташкилоти ҳизбӣ, на сардори ҳукумат-истеъдодро тақсим карда дода наметавонад; истеъдод гўсфанд нест, ки мардуми кўҳистон ба гирди дастархон ҳалқа гирифта нишинанду гўшти буғаш аз мобайни дастархон баромада истодаро ба ҳозирон тақсим карда диҳанд.
Ё ки дар роҳҳои Доғистон ба фароз баромадани аробаи пурборро мебинӣ. Як одам барои боло кашидани ароба ёрӣ медиҳад, як каси дигар аз қафои он тела мекунад.
Ё мебинӣ, ки мошини калони боркаш «Москвич»-и худро бо сим аз қабати барф кашида мебарорад.
Ё мебинӣ, ки самосвали ноҳинҷори сустгард мошини сабукрави тезгардро пеш гузаштан намемонад-роҳи кўҳистон борик ва мошини сабукрав аз мошини сустгард пеш гузаштан наметавонад.
Инак, истеъдод ароба нест, ки онро ду кас тела дода ё кашола карда тавонад; истъдод «Москвич» нест, ки онро сим баста, кашида бароранд: истеъдод мошин нест, ки аз мошини дигаре гузашта, пеш равад.
Истеъдодро на аз қафояш тела додан лозим, на аз дасташ дошта кашидан. Истеъдод худ роҳ меёбад ва худ аз ҳама пеш гузашта меравад. Ҳанўз бисёр одамоне ҳастанд, ки ба умеди аз қафо тела додан ё ба пеш кашидани касе ҳастанд. Инак қиссачае, ки онро чунин ном додан мумкин аст:
Бигзор пир бошаду истеъдод дошта бошад. Вақтҳои таҳсил дар Институти адабиёти Маскав бо бисёр шоирони рус дўстӣ пайдо кардам, ки онҳо низ донишҷўйи ҳамин институт буданд. Ин дўстонам ба тарҷумаи шеърҳои ман машғул гардиданд ва тарҷумаҳо дар рўзномаю маҷаллаҳои гуногун паёпай пайдо шудан гирифтанд. Ба шарофати тарҷумаи русӣ шеърҳои маро қавмҳои дигари Доғистон низ хонданд.
Он солҳо бедаҳанҳое ёфт шуда овоза карданд, ки гўё Расул Ғамзатов ба аварӣ умуман шеър навиштан наметавонад, ўро шоирони боистеъдоди рус кўшиш карда, ба рўйи об бароваранӣ мешаванд ва ў шеърро якбора ба табъи хонандаҳои рус мувофиқ карда менависад.
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.