Расул Ғамзатов дар бораи истеъдод. Бахши 2

Дагестан. Дахадаевский район. Люди в национальных костюмах встречают туристов у подъема к Кала-Корейшу.

Он солҳо бедаҳанҳое ёфт шуда овоза карданд, ки гўё Расул Ғамзатов ба аварӣ умуман шеър навиштан наметавонад, ўро шоирони боистеъдоди рус кўшиш карда, ба рўйи об бароваранӣ мешаванд ва ў шеърро якбора ба табъи хонандаҳои рус мувофиқ карда менависад.

Ба ҳамин муносибат ҳар дафъа як шоири Доғистонӣ ба ёдам меояд. Тот ном қавми камшуморе вуҷуд дорад. Ин мардум ҳамагӣ аз понздаҳ ҳазор зиёд нестанд. Вале панҷ-шаш нависандаи хуби тот ҳастанд, ки ба тамоми Доғистон машҳуранд. Китобҳои онҳо ҳам ба забони модариашон дар Махачқалъа мебарояд, ҳам ба русӣ тарҷума мешавад. Дар бораи як шоири тот ҳикоят карданӣ ҳастам. Номашро гирифтан шарт нест.

Таҳсилам дар Институти адабиёт хатм шуд ва ба Махачқалъаи худ баргаштам. Дар худи рўзҳои аввали омаданам он шоири тот маро ба меҳмонӣ хонд. Ў маро дар рўйи ҳавлӣ зиёфат медод. Дар рў ба рўямон-баҳри беканори Хазар, дар қафо-куҳҳои фалакбарсар. Шоир шеърҳояшро ба ман ба тотӣ мехонд, сипас калима ба калима ба рўси тарҷума мекард, то ки маънояшро бафаҳмам.

Дар андешаи он, ки ман меҳмону ў мизбон; дар андешаи он, ки мумкин, ў гумон мекунад, ки ман донишҳои дар Маскав ҳосилкардаамро нишон доданӣ ҳастам; дар андешаи он ки ба ҳамаи шоирон аз танқид дида, бештар таъриф мефорад; дар андешаи он ки ҳеҷ гуна танқид аздусар ба вай кумак намекунад; ва ниҳоят, дар андешаи он, ки худаш ҳар як шеъру ҳар як мисраи маро ба осмони ҳафтум мебардошт, -дар банди чунин андешаҳо, ҳамаи шеърҳои ба ман хондаашро беинсофона таъриф мекардам. Рости гап, баъзе шеърҳояш ба ман маъқул буданд ва дар хусуси онҳо самимона сухан мегуфтам, аммо дигарҳояш маъқул набуданд ва дар бораи онҳо дурўғ мегуфтам.

Вале ҳамон лаҳза хаёлан дасти илтиҷо сўи амвоҷи Хазар дароз мекардам, ҳатто пеши пойи онҳо ба ду зону менишастам ва тавалло мекардам: «Ин дурўғи маро бубахшед». Сипас, хаёлан рў ба кўҳсорон оварда, дасти илтиҷо сўйи қуллаҳои сарсафед дароз мекардам, пеши пои онҳо ба ду зону менишастам ва таввало мекардам: «Ин дуруғи маро бубахшед!»

Муддаои табъ ба якдигар шеър хонда ва якдигарро таъриф карда, сипас муддате сокит нишастем. Ман оҳанги баҳрро гўш мекардам, аммо дўстам чунон ки баъд маълум гардид, дар банди хаёлоти хеш буд. Ниҳоят, ў гуфтугўи зеринро сар кард:

Расул, мехостам бо ту як чизи муҳимро маслиҳат бикунам. Лекин ваъда бидеҳ, ки ба касе намегўӣи.

Ман ваъда додам.

Медонӣ,-суханашро давом медод дўсти ман,-мо, тотҳо, қавми камшуморем. Ба шеърҳои ман майдон тангӣ мекунад. Кори ту дуруст аст, ки хонандаро дар Маскав меҷўӣ. Ман ба ту пайравӣ карданӣ ҳастам, мехоҳам ба Маскав кўчида равам. Аммо дар он ҷо на хешу табор дорам, на ёру ошно, на шинос. Сарпаноҳе ҳам надорам. Агар ҳаққи қалами барои китоби навам гирифтаро ба киса андохта, Маскав равам, паноҳгоҳи дурусте меёфта бошам? Чӣ гуфтӣ?

Чаро намеёфтаӣ? Пул бошад, як хонаро иҷора мегирӣ.

Ман дигар чизро мегўям. Ба худ зан ёфта метавонам ё не?

Бигзор зани пир, бадафт, ҳар хел бошаду истеъдодаш бошад, шеърҳои маро ба русӣ тарҷума кунад; маро ба руйи об барорад. Қоматамро рост кардан баъд, роҳамро ёфта мегирифтам. Набошад, дар чордевори миллӣ обу адо шуда меравам.

Ман бори дигар қиёфаи ўро аз назар гузаронидам. Ҷавони биступанҷсолаи оташмизоҷи қақозӣ, бақувват, аз ду рўяш хун мечакад. Дастонаш калон-калон аз ангӯштонаш пашмин. Пашми сари синааш, монанди мехчаҳои деворкўб, сахт. Лабони ғафсу чашмони чун оби баҳр нилгун бо чеҳраи гандумранг, балки хурмоирангаш гўё ҷанг мекунад. Мўйи сарашро хорпушт гуфтан мумкин. Дандонҳои калон-калони сап-сафед. Пойҳо сутунвор. Мушакҳои тамоми аъзои бадан дамида. Фарзанди нахустин табиат. Чунин одам дар як шаҳри чандин миллион аҳолидошта дар соли сеюми баъди ҷанг зан ёфта наметавонад магар. Ман гуфтам:

Дар мобайни кўча рост истода, як ҳўштак кашӣ, занҳо давида меоянд, кадоми онҳоро хоҳӣ, мегирӣ.

Дустӣ ман кўдаквор шодӣ кард. Ў ду даст бар замину ду по ба осмон рост шу два ҳамин тарз роҳ гашта, ба оби баҳр даромад. Пеш аз шино карда рафтанаш боз пурсид:

– Чӣ маслиҳат медиҳӣ, ба Маскав бо ҳавопаймо равам, ё бо қатор?

Ним сол гузашт. Барфи телпакамро афшонида, ба ошёнаи чаҳорум, ба нашриёти «Молодая гвардия» мебаромадам. Аз рў ба рўям ҷузвдони калоне  дар каш ҳамон шоири тот, ки маро дар соҳили баҳри Ҳазар зиёфат карда буд, мефуромад. Дафъатан чашмам ба он афтод, ки ў ҷузвдонро монанди нависандагони одӣ, аз дастааш надошта, балки чун муҳосибону кассирҳо ба каш зада буд. Инчунин пай бурдам, ки ў дар зарфи ним сол хеле дигар шудааст. Мўйи сари хорпуштмонандаш расида дароз ва фарқи сар кушода шудааст. Дар бари рўяш мисли декабристҳо фаш мондааст. Нохуни лелачааш дароз, найза барин тез. Дар даст ангуштарини нигиндор. Ба гиребони куртааш ба ҷойи галстук як порча матоеро часпонидааст, ки боли гамбуски баҳорро ба хотир меорад. Олуфта, сатанг. Баъди салому алайк ў галстуки маро, ки зоҳиран, каҷ шудааст, рост кард. Ман, албатта, ташаккур гуфтам:

Аҳмад занашро бо ману маро бо ў шиносидан.

– Хеле хуб, гуфт зан ва ба ман се ангушташро дароз кард.

Дар Доғистон мо дастбўси расм нест, бинобар ин ман дасташро фишурдаму бас, аммо вай чунон чиррос зад, ки гўё устухонҳои дасташро майда-майда карда бошад.

-Бубахшед ин кўҳистонии нодонро… Ман намехостам…

Вақташ расидааст, ки ба маданият одат кунед,- гуфт ў маъниомез ва назди оина рафта, нозҳои хунук карда истод, -гўё ки оина афти вайро дигар карда метавониста бошад.

Оре, ин зан ҳақиқатан пир, бадафт буд ва равғану упои рўяш ба андоваи деворҳои як хона мерасид. Бештар ба он афсўс мехўрам, ки Абутолиб нест, агар вай мебуд, албатта дар ҳаққи ин зан сухани обдоре мегуфт.

Мегўянд, ки маккортар аз рўбоҳ чизе нест. Аммо чӣ фиребе хўрдааст рўбоҳи тирабўр, ки пўсташ ба гардани ин пирхар афтодааст. Занак пеши дукони маҷаллафурўшӣ рафта истод ва муддате ману Аҳмад мондем.

Зиндагӣ чи тавр, аҳволат чи навъ, дўстам Аҳмад?

О, ман барзагови хирманкўб барин. Занам дар корам ба ман роҳбарӣ мекунад. Агар ту медонистӣ, ки вай чӣ саводе дорад. Хеле равшанфикр аст. Блок ва Маяковскийро шахсан мешинохтааст. Дўсти Сергей Есенин будааст. Ба Париж рафта омадааст. Забони англисиро оби равон барин медонад. Хонаи чорҳуҷрадорамон ҳаст, худамон танҳо. Фарзанд надорем. Фақат Тошик ном сагча дорем. Саги ҷопонӣ, аз гурба ҳам хурд.

-Ҳо, маълум, ки корат барор гирифтааст. Ҳоло куҷо меравӣ?

Ба «Мурзилка» шеър оварда будем. Барои бачаҳо мураккабӣ мекунад гуфтанд. Ба маҷаллаи «Колхозчиёни ҷавон» бурда доданӣ ҳастам. Он ҷо шеърро маъқул карданд, фақат ҳамин, ки як банди калимаи колхоздор илова кардан лозим. Имшаб навишта, пагоҳ боз гирифта меоям… Ҳо, Расул, ана ин хел кор ва зиндагӣ кардан даркор… Занам ба ман мегўяд, ки кўдакон ҳам пеш аз он ки роҳгардиро ёд гиранд, гаваш мекашанд. Сонӣ асарҳои ҳақиқӣ ҳам хоҳанд навишт.

Алёша, – меҳрубонона, ҳамчунин омирона гуфт занаш, наздик омада.- Биё, рафта, шиками Тошикро сер мекунем, баъд «Крокодил» ва «Работнитса»-ро ҳам хабар мегирем.

Пас аз ин мулоқот ману Аҳмад муддати зиёде якдигарро надидем. Боре ман аз ў мактуб гирифтам. Вай аз ман хоҳиш менамуд, ки як сабўи балхарӣ бифармоям бо чунин катиба: «Ба завҷаи азизаи ман». Ман сабўро фармудам ва чунин андеша варзидам: «Аз афти кор, занаш ба ў дар ҳақиқат хидмати зиёде мекунад». Шеърҳои аз тарафи занаш тарҷумашудаи ў гоҳе дар «Мурзилка», баъзан дар «Пионер» ва «Крокодил» пайдо мешуданд. Фақат дар Махачқалъамон, ба забони модарии худи ў, ба забони тотӣ намебаромаданд. Чанд бор хоҳиш кардем, ки ягон чиз фиристад, аммо ҷавобе нагирифтем. Пас аз панҷоҳ соли мулоқоти аввалин маро боз дида ба дидор афтод. Дар Маскав даҳаи санъати Доғистон баргузор шуд. Аз Доғистон ба Маскав чил нафар шоир рафта буд. Мо дар Маҷлисгоҳи Сутундор, театри Кремлӣ, заводи автомобил, дивизияи гвардиягии Кантемирӣ шеърҳои худро ба забонҳои гугогун мехондем. Дар шабнишинии хотимавии даҳа Аҳмадамон аз паси пардаи саҳна оҳиста назди мо омад.

Расул, – илтиҷо намуд ў, – маро аз Маскав ба Доғистон гирифта бар. Дунба мемонам гуфта омада будам, аз дум ҳам ҷудо шудам.

Хуллас, Аҳмад ба Доғистон баргашт. Вале ҳеҷ не, ки торҳои танбўраш ҷўр шаванд, ҳеҷ не, ки оҳанги дурустро дарёбад. Ў сабўеро мемонд, ки дар он мўяк рафта ва шароб таровида тамом шудааст.Баъди он ки сабў кафид, сад сиреш молӣ ҳам, шароб боз заҳида мерезад.

Алқисса, мутарҷим ба шахсе, ки соҳибистеъдод нест, истеъдоде бахшидан наметавонад. Баъзеҳо мегўянд, ки Афандӣ Капиев Сулаймон Сталскийро шоир кардааст. Дигарҳо мегўянд, ки Сулаймон Афандӣ Капиевро шоир кардааст. Аммо дар ҳақиқат ҳардуи онҳо соҳибистеъдод буданд. Истеъдоди Афандӣ Афандиро шоир кард, истеъдоди Сулаймон Сулаймонро.

Ман ба Изя мегўям. Қиссаи дигареро, ки ба ёдам меояд, ҳамин тавр номидан мумкин аст.

Дар иститути омўзгории Аваристон ҳамроҳи ман Муҳаммад Салимов мехонд, ки ҳоло нависандаи машҳури Доғистон аст. Ў аз хурдӣ соҳиби истеъдоди гуногуне буд: расм мекашид, рақсҳои халқиро медонист, шеър мегуфт, «Евгений Онегин»-ро беҳад дўст медошт. Ин китобро ҳеҷ гоҳ аз даст намегузошт ва қариб саропо аз бар карда буд. Вай ҳамон вақтҳо орзу дошт, ки «Евгений Онегин»-ро ба забони аварӣ тарҷума кунад. Ин китобро ў ҳатто ба ҷанг ҳамроҳи худ гирифта бурд. Дар охмрҳои ҷанг Муҳаммад бо бадани аз захми тир ғалбергашта ба госпитал меафтад. Он ҷо ба Мария ном духтараки маскавӣ шинос мешавад. Вақте ки ҷароҳатҳояш баҳам меоянд, бо Мария хонадор мешавад ва дар Маскав мемонад.

Ман Маскав хонданӣ рафта, ба воситаи хадамоти ҷустуҷў дўсти худро пайдо кардам. Ман ўро пазмон шуда будаму ў маро. Мария ба суҳбати гарму ҷўшони мо халал намерасонид. Хар се дар сари як шиша шароби баланд хеле чақ-чақ карда нишастем. Муҳаммад қиссаҳои ҷангро мекард, ман зиндагии Доғистони худамон, авули худамонро. Ман ба онҳо шеърҳои худам ва рафиқонам, шеърҳои шоирони ҷавони аварро хондам. Сипас, аз Муҳаммад савол кардам, ки ҳаёти худро ба чӣ кор бахшиданист.

– Бисёр андеша рондам, ки ба чӣ машғул шавам. Лекин Мария як холаву як Изя дорад, ки вай дар Маскав шахси хеле бообрў аст. Холааш азоби андешаронии маро дида гуфт: «Чӣ ин қадар дарунатро мехўрӣ, Муҳаммад. Ман ба Изя мегўям, ҳамаашро тахт мекунад». Дар ҳақиқат Изя ба ман аз Академияи фанҳо вазифаи хубе ёфта дод. Ман ҳозир он ҷо кор мекунам.

Рассомиат чӣ шуд?

– Аъзои баданамро ҷанг рассомӣ кард, ҳаминаш кифоя.

– Шеър чӣ шуд?

– Вай корҳо бачагӣ будааст, Расул. Акнун калон шудам, одами ҷидди ҳастам ва бояд ба худ кори ҷиддие биҷўям.

– «Евгений Огенин» чӣ шуд?

Дўстам дар андеша афтод. Зоҳиран, ман ба ҷойи дарднокаш расидам.

Чаро ба Доғистон баргаштан намехоҳӣ?

-Марияро чӣ мекунам?

-Ҳамроҳат бар.

-Ман ғайри авул истиқоматгоҳе надорам. Бо Мария ба авул рафтан наметавонам. Охир, вай ҳатто бо модарам гап зада наметавонад. Барои он ки гапи модарамро Мария фаҳмаду сухани Марияро модарам, тарҷумон гирифта барам магар.Бо мақсади қатъ намудани гуфтугўйи ба Муҳаммад душвор, ман барои ў, барои Мария ва «Евгений Онегин» қадаҳ бардоштам. Вақте ки дафъаи дигар назди дўстам даромадам, Мария ба ман гуфт, ки Муҳаммад тамоман дигар шудааст. Шабҳою рўзҳо, ҳар лаҳзаи холӣ, аз ҳисоби хобу хўр ва истироҳат чизе менависаду медарронад, боз менависад ва боз дарронда мепартояд.

Холаи Мария кори Муҳаммадро мушоҳида мекунад ва ниҳоят мепурсад, ки ў чиҳо менависад ва чаро навиштаҳояшро дарронда мепартояд.

Ман шоир шуданӣ,-ҷавоб медиҳад ба ў Муҳаммад.-Мехоҳам «Евгений Онегин»-ро тарҷума кунам.

-Хайр, ҳеҷ қисса набудааст, чӣ даркор барои ин азоб кашидан? Ман ба Изя мегўям, ҳамаашро тахт кунад.

-Не, холаи азиз, на худи Изя, на сардори ў, ҳатто зани сардораш ба шоир шудани ман ёрӣ расонида наметавонанд. Фақат худам шуда метавонам. Аз байн муддате нагузашта, Муҳаммад ба ман тарҷумаи аварии боби якуми «Евгений Онегин»-ро хонда дод. Баъди се сол ҳамаи аварҳо ин романро ба забони модарии худ дастрас карданд.

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.