Расул Ғамзатов дар бораи кор. Бахши 2

АЗ ДАФТАРЧАИ ХОТИРОТ. Он вақтҳо аз хона дида, бештар дар кўча умрам мегузашт. Мактабхон бошам ҳам, шеърнависиро сар карда будам. На дар шеърнависӣ сабру тоқат доштам, на дар китобхонӣ, на дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ. Дар сари миз бисёр нишаста наметавонистам. Аз байн фурсате нагузашта, бесаранҷом шуда, ба ҷунбиш медаромадам, аз сари миз бармехостам, фурсати боб ёфта, давида ба кўча мебаромадам. Ҳозир ҳам чандон бапуштикору тоқатдор нестам.
Рўзе падарам маро, ёд надорам, ки ба сари дарс буд ё шеър, шинонида, худ аз хона баромад. Дар қафои ў дар пўшида шуда-нашуда, ман азкурсӣ ҷаста хестам ва болои боми хона баромадам. Падарам маро дида ба модарам нидо кард:
– Ҳамон арғамчини дар мех бударо ба ман оварда деҳ.
– Чӣ кор мекунӣ?
– Ман Расулро ба курсӣ баста мемонам, набошад, вай ҳеҷ чиз намешавад.-Падарам оромона маро ба кўрсӣ сахт печонида баст, ба пешонаам оҳистакак як силӣ зад ва коғазро нишон дода гуфт:
«Ҳамаи онро ба ин ҷо кўчон!»
Кошкӣ ягон кас мо, нависандагонро, ҳозир ҳам баъзан ба пушти миз баста мемонд!
Калла шояд кор кунад, аммо калла кор кунаду даст дар ин вақт бекор истад, ин мисли осиёиест, ки дар ҷои орд кашидан бекора чарх мезанад.
Қиссаи Шангрей, писари ў ва панҷ сум пул. Чанде қабл аз ин дар Хунзах Шангрей ном шахси давлатманд ва баобрў зиндагӣ мекард. Ў ягона писар дошт ва аз ҳамин сабаб писараш эркатулфори нозпарвард буд. Падар орзу дошт, ки фарзандаш мисли дигарон кор кунад, одам шавад. Аммо писар кор кардан намехост. Хешу табор ва дўстони падараш ўро эрка мекарданд. Яке асп туҳфа мекард, дигаре чакмани черкасӣ, яке пул медод, дигаре ханҷар.
Як рўз Шангрей сахт бемор шуд. Дорую даво нафъ намекард. Хешу ақрабо, ёру дўстон, шиносу ошно ҳама ба сари бемор шуд. Дорую даво нафъ намекард. Хешу ақрабо, ёру дўстон, шиносу ошно ҳама ба сари бемор ғун шуданд.
–Чӣ чорае бикунем, ки ту сиҳат шавӣ?
-Давои дардамро худам медонам, лекин хоҳиши маро ба ҷо овардан аз дасти шумо намеояд.
-Гап зан, чист хоҳишат, ҳар коре, ки аз дастамон меояд, мекунем.
-Агар писарам панҷ сум пули худаш меҳнат карда ёфтаашро оварда, ба ман диҳаду бигўяд, ки: «Падар, бигир, ин пул аз они ту», ман сиҳат мешавам.
Пас аз ду рўз писар назди падар омада, панҷ сум пулро ба ў дароз кард:
– Падар, ин пулро бигир, дар дараи Қуйсуни Аваристон дарахтафшонӣ карда ёфтам.
Падар як ба пул нигарист, як ба писараш ва панҷсумаро гирифта ба оташ ҳаво дод. Писар аз ҷояш наҷунбид. Ранги рўяш, як тарсакӣ хўрдагӣ барин, канд.
Дар ҳақиқат панҷ сумро ба ў амакаш, хоҳиши бечора Шангрейро шунида ва ба ҷавон ёрӣ расониданӣ шуда, дода буд.
Пас якчанд рўз писар боз омада, ба падар пул дароз кард:
– Ман дар сохтмони роҳи нави Ғуниб кор карда, пул гирифтам.
Падар як ба пул нигарист, як ба писараш ва пулро гирифта ғиҷим карду аз тиреза ҳаво дод. Писар аз ҷояш наҷунбид. Ин пулро ба ў ошнои падараш аз деҳаи Госатлӣ дода буд.
Писар дафъаи сеюм назди падар омада, панҷсумаро ба ў дароз кард.
Падар ба рўи писар ҳатто нигоҳе накарда, пулро гирифта, даррронда партофт. Писар худро бар пораҳои пул қирғивор партофта, онҳоро мечид ва ба ҳам мечаспонид. Ў ба падар фарёд мезад:
– Ман на барои он дар Петровск саисхона тоза карда, ин пулро ёфта омадам, ки ту коғази нодаркор барин даронда партоӣ. Дастонам обила карданд.
– Ана, акнун мебинам, ки ин пулро худат кор карда ёфтаӣ.
Шангрей хурсанд шуда, рў ба сиҳатӣ ниҳод ва дере нагузашта тамоман шифо ёфт.
Алқисса, фақат ҳамон чиз қадру кимати ҳақиқӣ дорад, ки одам бо меҳнати ҳалоли худ ба даст овардааст.
Шояд шеър низ чунин аст. Агар онро худат ранҷ кашида эҷод бикунӣ, ҳар калимаву мисраъ, ҳар нуқтаву вергулаш барояш азиз мешавад. Вале фикреро аз роҳ ёфта бошӣ, аз он шеъри қимат ва гаронмоя намебарояд.
Гоҳҳо дидаам ба чашми худам:
Ин ки ҳамсояҳои заргари мо
Бо маҳак, бе ягон азобу ранҷ
Мис ҷудо мекунанд аз тилло.
Ой хонандаи гуҳарсанҷам!
Шеъри худро баҳо надодам дод.
Ҳоли ман сахт монда бе маҳакат,
Миси сурхам ба чашм зар афтод.
Хоҳи, ки моҳии бомаза хўрӣ, худ лаби кўл бираву моҳӣ гир. Уқоб ба муқобили бод мепарад, моҳӣ ба муқобили ҷараёни об шино мекунад. Шоир аз рўи эҳсосоти пурзўри худ, агарчи он на шодӣ, балки андуҳро илқо мекунад, шеър мегўяд. Қиссаеро монанди ин боре ба ман Абўтолиб низ ҳикоят карда буд.
Қиссаи кўзагарони балхарӣ, кўзаҳои онҳо ва кўзахарони нобакор.
Кўзагарони балхарӣ маснуоти худро ба сабадҳои калон ҷо ва сабадҳоро ба хару хачирҳо бор карда, роҳи бозори шаҳрро пеш гирифтанд. Аз роҳашон наврасони шўхи авули сари роҳ баромаданд.
–Куҷо равонед, кўзагарҳо?
-Кузафурўшӣ.
-Кўзаҳотон чандпулӣ?
-Майдааш-бисттинӣ, калонаш-панҷтинӣ.
-Чаро ин хел?
-Чунки калонаш дида майдаашро сохтан душвор.
Наврасон ҳамаи кўзаҳои балхариҳоро хариданд.
– Аз моли мо баракат меёбед.-мегуфтанд кўзагарон ҳангоми хайрухуш, сари хару хачирҳошонро сўйи хона гадонидани.-Аз рўйи инсоф сохтаем. Кўзаҳои мо ба набераҳотон ҳам мерасад.
Кўзагарон болои тале баромада, дамгирӣ нишастанд. Онҳо аз баландӣ роҳи кўҳистонро тамошо мекарданд ва банохост чашмонашон ба наврасоне афтод, ки навакак кўзаҳои зебои ҷарангосиашонро харида буданд. Наврасон кўзаҳоро дар лаби ҷар қатор гузошта, худ бист қадам дуртар истода, санг меғурронданд. Зоҳиран, онҳо байни худ мусобиқае мекарданд, ки кадоме зиёдтар кўза мешиканад. Кўзаҳо ҷарангосзанон мешикастанд, сафолпораҳо ба ҷар мепариданд. Аз ин кор наврасон завқ мебурданд.
Кўзагарон, гўё касе фармонашон дода бошад, ҳамагӣ аз ҷо ҷастанд ва ханҷар аз ғилоф кашиданд ва сўйи авбошон давиданд.
– Ҳой, нобакорҳо, ин чӣ кори кардагиатон! – фарёд заданд онҳо.
– Мо ба шумо кўзаҳои беҳтарини худро фурўхтему шумо… Виҷдон доред?
– Барои чӣ меранҷед? – мутаҳаййирона пурсиданд наврасон. – Шумо молатонро фурўхтед, мо ба шумо пули нағз додем, акнун кўзаҳо аз они мо, ҳар коре бикунем, кори мо, шуморо чӣ? Хоҳем, зада мешиканем, хоҳем, ба хона мебарем, хоҳем ба сари роҳ партофта меравем.
– Охир, ин кўзаҳоро мо сохтем. Мо меҳнати бисёре сарф кардем, то ки ин кўзаҳо зебо шаванд, мардум ба ҳавас тамошо кунанд. Мо гумон карда будем, ки кўзаҳоямон ба одамон хурсандӣ меоранд. Рўзгори касеро обод мекунанд. Ин чизҳоро ба шумо фурўхта, умед доштем, ки ба яке бўза андохта, меҳмонатонро зиёфат мекунед, ба дигаре оби зулоли чашма пур карда мемонед. Дар чандтояш гулҳои хушрангубў парвариш мекунед.
Лекин шумо шавқу ҳавас ва орзуҳои моро ба лаби ҷар оварда, сангборон кардед. Шумо, мисли бачаҳои беақле, ки сўйи парандаҳои зебою хушхон санг мепарронанд, ба кўзаҳои мо санг ғуррондед.
Кўзагарон кўзаҳоеро, ки аз дасти бачаҳо ҳанўз нашикаста монда буд, базўр кашида гирифта, хона баргаштанд.
Ҳар он кас, ки худ бо меҳру муҳаббат меҳнат кардааст ва натиҷаи меҳнаташро дида ҳаловат бурдааст, ранҷиши кўзагаронро мефаҳмад. Абўтолиб ҳикояти худро ҳамин тавр анҷом дод.
Ҳангоме ки дар Ҷопон духтарони ғаввоси гавҳарҷуйро медидам, сабаб чӣ бошад, ки ин ҳикояти Абутолиб ба хотирам мерасид. Духтарони ҷавон, бақуввату зебо ба қаъри ғўта зада, қариб нафасгардон шуда, чанд дона садаф бар халтачаи дар миён бастаи худ андохта мебаромаданд. Шояд яке аз ин садафҳо садафи марворид мебаромад. Вале барои ёфтани ҳамон як садафи бахосияти марворид бояд ҳазорон дона садаф берун оварӣ. Баҳри он ки шаддаи ҳақиқии марвориде ба даст ояд, чанд бор ба қаъри баҳр ғўтавар шудан ва чанд ҳазор садаф ёфта баровардан лозим аст?
Лекин аз ҳамаи суханҳое, ки одамон дар гуфтугўйи одӣ истифода мекунанд, суруде чун шаддаи марворид офаридан магар осонтар аст!?
Ҳамаи суханҳои муқаррарӣ, ҳамаи воқеот, тамоми ҳиссиёт ва таҷрибаи ҳаёт-уқёнусест пури садаф. Аммо бузургу вазнин аст меҳнати ғаввоси гавҳарҷўй, ки бояд ҳамеша ба пурасрори уқёнус ғўта задан! Басе маҳорат, бардошту тоқат, тани сиҳат ва кўшишу ғайрат лозим аст. Барор ҳам даркор. Сабру тоқати ғаввосони гавҳарҷўй, сабру тоқати зиреҳгар, ки ба рўйи нуқра нақш мепартояд-ин ҳама қарини истеъдоданд, ки ҳама дар айни ҳол ҳам истеъдод, ҳам меҳнатанд.
То ки умри шеъри ман бошад дароз,
Дар сари ҷаҳду талошам, дўстон-
То биомўзам зиреҳгарвор сабр,
Ҳам назокатсанҷиш он сонеон.
Қоидаҳое, ки ҳар як кўҳистонӣ медонад.
Духтаратро, то ба балоғат нарасад, ба шавҳар надеҳ!
То ба лаби об нарасӣ, чоруқ аз по накаш!
То сайд дар беша асту онро ҳанўз нагирифтаӣ, ба нияти гўшташ дег бар оташдон манеҳ!
Рўбоҳи бўри сиёҳтоб аз они касе нест, ки онро дидааст, моли шахсест, ки онро ба даст овардааст!
Ёддошт. Намехостам воқеаеро ба одамон ҳикоят бикунам, зеро ки онро воқеаи хуш гуфтан наметавонам. Вале кори шуданӣ шуд, модом ки аз як сар ҳикоят кардам-инашро партофта рафта намешавад. Дар кўҳистон бекора намегўянд: «Модом ки ба об то миён даромадӣ, ғўта задан гир», «модом ки даҳони халтаро кушодӣ, бирез ҳар чӣ дар он ҳаст».
Агар он ҳодисаи бемаъние, ки ҳоло ҳикоят карданиям, рўй намедод, китоби ҳоло менавиштаамро кайҳо навишта тамом мекардам.
Одатан, навиштани китобро сар карда бошаму сафаре пеш ояд, дастнависиро ҳамроҳи худ мебарам. Дастнависҳои ман ба ҳамин минвол ҳамроҳам ба мамлакатҳои гуногун сафарҳои дуру дароз кардаанд. Ман онҳоро ҳамроҳи худ, албатта, бекора намегирам: ҳама вақт дар меҳмонхона субгоҳон фурсате мешавад, ки кас ба сари дастнавис нишаста, саҳифаи наве эҷод мекунад. Китоби мазкурам низ ҳамроҳи худам аз баҳру бар гузашта, қитъаҳои дигарро дида омад.
Боре аз Брюссел баргашта, дар меҳмонхонаи «Маскав» дар ошёнаи ҳаштум манзил кардам. Модом ки сухан аз ҳамин хусус рафт, бояд бигўям, ки меҳмонхонаи «Маскав» меҳмонхонаи одӣ нест, балки гўё хонаи дуюми ман аст. Агар солҳои нависанда шуда, бо корҳои гуногун ба пойтахт рафтанамро ба ҳисоб гирем, гуфтан мумкин, ки қариб ними умрам дар ҳамин меҳмонхона гузашт. Ҳамаи маъмурон, ҳамаи навбатдорони ошёнаҳо, ҳамаи хизматгорзанон маро хуб мешиносанд, ман ҳам-онҳоро. Ҳамеша дар меҳмонхонаи «Маскав» манзил кардани маро дўстони маскавиам низ медонанд; дуруст аст, дар байни онҳо касоне ҳастанд, ки «Расул дар Маскав» гуфтан ба эшон маънии онро дорад, ки аз бекорӣ як сари қадам даромада, меҳмони ман шаванд.
Ман ҳанўз дасту рў нашуста, ҷирингоси телефон, тиқ-тиқи дар сар мешавад ва дере нагузашта, дар хонаи ман ҷойи нишаст ё тоб хўрдан ҳам намемонад. Чӣ илоҷ, харчанд ҳуҷраи меҳмонхона бунаи кўҳистон нест, мо мардум, аз рўи одати қадимӣ номи меҳмонро фақат рўзи сеюм мепурсем. Азбаски ҳеҷ кас дар меҳмонхона се рўз меҳмон намешавад, номи аксари онҳое, ки ба ҳуҷраи ман меоянд, номаълум мемонад.
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.