Расул Ғамзатов дар бораи кор. Бахши аввал

Ҳар кӣ донад кори мо-шаҳду шакар,

Дар Кубочӣ, гў, биёяд як сафар.

                          Катибаи зарфи Кубачӣ

Ман-гуломи шеъри худ. Рўзи дароз

Қоматам хам, рў арақ, ҳам чашм тар.

Соҳибамро ин ҳама ранҷам кам аст:

Ронад аз хоби шабам бори дигар.

Ман чу аспам, ҳам узангу, ҳам лаҷом

Пўстамро мехарошанд, алъамон,

Кори ман сахт аст, рўзорўз сахт,

Аз азал то оқибат бандам дар он.

Ин воқеа кайҳо рўй дода буд, аммо ҳанўз дар лавҳи хотирам равшан аён аст, гўё ки дирўз шуда бошад. Онро ҳатто дар достони худ тасвир кардаам, лекин дар ин ҷо низ ба ёд наовардан наметавонам.

Вақте ки ман чун писари шоири Доғистон Ғамзат аз авул баромада, аввал ба Махачқалъа ва сипас ба Маскав рафтам, маро касе намешинохт. Солҳо гузаштанд. Институти адабиётро хатм кардам, даҳ китобчаи шеърҳоям баромад. Ба яке аз онҳо мукофоти Сталинӣ гирифтам. Хонадор шудам. Хулласи калом, шоир Расул Ғамзатов шудам. Баъди ин ҳама боз сафари авуламонро ихтиёр кардам.

Рўзҳои дароз ҷойҳоеро, ки дар он овони бачагӣ он ҷо бозӣ мекардам, давр мезадам, шаху теппаҳо, ғору ҷариҳоро тамошо мекардам, бо одамон суҳбатҳо доштам, суруди ҷуйборонро гўш медодам, дар қабристон сар ба поён афканда, хомўш менишастам ва боз сайри саҳро мебаромадам.

Дар Амрико, дар заводи Форд талеро дидам, ки санҷишгоҳ будааст ва дар он ҷо автомобилҳои навбаромадаро месанҷиданд. Чунин санҷишгоҳи нависанда бояд зодгоҳи ў бошад.

Занҳо аз хишоваи гандум бармегаштанд. Мондаву шалпар, сарў рўҳо пурчанг, дастҳо аз теғи алаф буридаву харошида, дар сари роҳ нишаста нафас рост мекарданд. Наздашон рафтам.

Намедонам, маро дида дар ҳақиқат гап кушоданд, ё аз ин пеш ҳам гуфтугў доштанд, ба ҳар ҳол, шунидам ки зане арақи рўйи худро бо як даста алаф пок карда гуфт:

Агар аз ман пурсиданд, ки орзуят чист, мегуфтам: дили беғам ва хотири ҷамъи Расул Ғамзатов.

Расул ба ҷои дил як порча панир дорад магар, ки ҳеҷ вақт дард намекунад? – тарафи маро гирифт як хешам.

– Мумкин як порча панир набошад, аммо ба ҳар навъ гандум хишова намекунад. Занги колхоз ўро пагоҳӣ ба кор хабар намекунад ва ба хўроки пешин рухсат намедиҳад. Намедонад, ки рўзи меҳнат чист, чи хел ба даст овардан лозим ва ба ивазаш чӣ медиҳанд. Ҳараллаҷон- ҳаралла, тараллаҷон-таралла гуфта, навишта мегардад…Чӣ ғам дорад? Дилаш аз чӣ дард мекунад? Ман аз ин зиёдашро орзу намекардам!

Зани хуб аст ў! Дар бораи кори худ, бетанаффус ва гарон будани меҳнатам ман ба ў чӣ сон ҳикоят мекунам?

Ба андешаҳои ғамолуд аз саҳро ба авул меомадам. Дар годекани авул мўйсафедон сангҳои сардро гарм карда менишастанд. Онҳо байни худ дар бораи замин, ҳосили оянда, кўҳҳо, чарогоҳҳо, касаливу давоҳо, рўзҳои гузаштаи авуламон оромона суҳбат доштанд. Ман наздашон рафта, салом додам ва ҳамчунин ба рўйи санги сард нишастам.

Дар дасти як мўйсафед рўзномаи нав будааст ва дар он шеъри ман. Гап ба он шеър гузашт. Ҳангоме ки савораеро таърифи аспаш мекунанд, ўро мефорад. Ман низ умедвор будам, ки ҳоло ҳамдиёронам шеъри маро таъриф мекунанд. Ман дар Махачқалъаю Маскав таъриф шунида одат карда будам. Пирамарде, ки дар даст рўзнома дошт, гуфт:

Падарат Ғамзат ҳам шеър менавишт, ту писари Ғамзат ҳам шеър менависӣ. Охир, корро кай мекунӣ? Ё тамоми умр аз як бурида нон вазнинтар чизро набардошта зиндагӣ карданӣ ҳастӣ?

Шеърнависӣ кори ман аст, -ҳатталимкон бо тавозуъ гуфтам ман зеро аз чунин гардиши суҳбат дасту по хўрда будам.

– Агар шеърнависӣ кор бошад, пас, бекорхуҷагӣ чист? Агар суруд меҳнат бошад, пас, ҳаловату истироҳат чист?

– Барои онҳое, ки сурудро месароянд, суруд ҳаловат аст, аммо барои касоне, ки сурудро меофаранд, суруд кор аст. Кори бе хобу роҳат, бе рўзи дамгирӣ, рухсатии меҳнатӣ. Замин барои ту чӣ бошад, коғаз барои ман ҳамон аст. Ҳарфҳо-донаю шеърҳо хўшаҳои мананд.

-Биё, мон, ҳамаи ин-суханороӣ. Замин пой надорад, ки болои боми хонаи ман биёяд. Ман бояд ба саҳро рафта кор кунам. Аммо суруд худаш туро куҷое бошӣ, ҳатто дар ҷои хобат, кофта меёбад. Ҳар як сурудат гўё меҳмонест, ки даратро омада мекўбад. Пас, ҳар як суруд ид аст. Саҳрои мо зиндагии якранги ҳаррўзаи мост. Муйсафедон годекани мо ақидаҳои худро ҳамин тавр ё тахминан ҳамин тавр изҳор менамуданд.

– Охир, маънии ҳаёти ман маҳз суруд аст.

– Ин хел бошад, ҳаёти ту аз аввал то охир ид аст. Суруд кори истеъдод аст. Касе, ки истеъдод дорад, суруди хуб навиштанаш осон. Аммо одаме, ки истеъдод надорад, албатта меҳнат карданаш лозим. Лекин дар ин ҳолат меҳнат чандон фоида намебахшад.

Не гапи шумо нодуруст. Шахсе, ки камистеъдод аст, санъатро кори саҳл медонад. Вай парандавор аз сари як суруд ба сари суруди дигаре парида мегардад. Ин хел одам, агар ба ибораи мо бигўем, халтура мекунад. Вале истеъдоди бузург бо масъулият баробар пайдо мешавад ва одами ҳақиқатан соҳибистеъдод шеърнависиро кори басе муҳим ва душвор медонад. На ҳар чизе, ки месароянд, суруд аст ва на ҳар ҳикояте, ки мегўянд, ҳикоя.

-Набошад, нақл бикун, ки ту чӣ хел кор мекунӣ ва душвории касбат дар чист?

Дар атрофам барзгарҳои пир менишастанд. Ман ба онҳо нақл оғоз кардам, аммо пас аз чанде дарк намудам, ки чизҳои одитарин ва барои ман фаҳмотаринро ба онҳо фаҳмонданам мушкил аст. Бинобар ин гапамро гум кардам, шарм доштам ва лаб аз сухан бастам. Мўйсафедони годекан он рўз бар ман дастболо шуданд. Ман ба онҳо фаҳмонида натавонистам, ки чаро шеърнависӣ душвор аст ва умуман шеърнависӣ худ чӣ кор аст.

Аз он рўз инҷониб солҳои бисёре гузашт. Вале агар ҳозир ҳам аз ман суол мекарданд, ҳамоно дуруст шаҳр додан наметавонистам, ки кори ман аз чӣ иборат, чаро душвор ва аз корҳои дигар чӣ фарқ дорад. Ҷойи кори ман куҷост? Албатта, сари мизи кориам. Аммо ҷойи кори ман дар пайроҳаи кўҳӣ низ, ҳангоме ки сайр мекунам, вақте ки шеърҳоро суханҳоро андеша менамоям, садоҳо наздам меоянд, вале ман онҳоро бекор карда, як сў мепартоям. Ҷойи кори ман инчунин дар болои қатор, вақте ки ман ба мамлакати дигар сафар мекунам, зеро маҳз дар ҳамин вақт, фикри шеъри наве ба сарам ояд. Ҷойи кори ман ҳам дар болои ҳавопаймо аст, ҳам дар трамвай, ҳам дар майдони Сурх, ҳам дар соҳили дарёчае, ҳам дар бешазор, ҳам дар қабулгоҳи вазире. Дар ҳама ҷойи рўйи замин ҷойи кори ман, майдони кишти ман ҳаст.

Ман кадом вақт кор мекунам? Субҳгоҳон ё шомгоҳон? Рўзи кории ман чанд соат давом меёбад? Ҳашт, ё шаш, ё ки дувоздаҳ соат, ё худ аз ин ҳам зиёд? Агар зиёд бошад, чаро ман корпартоӣ намекунам ва барои рўзи кори ҳаштсоата мубориза намебарам?

Гап дар сари он, ки ман ҳамеша, то даме ки худро мешиносам, кор мекунам. Дар сари дастархон ва дар театр, дар вақти сафар дар болои автомобил ва дар маросими тўй. Ҳатто ба хобам мисраю ташбеҳҳо, фикрҳо ва шеърҳои қариб тайёр медароянд. Пас, рўзи кории ман ҳатто дар хобам давом дорад. Кайҳо корпартоӣ кардан лозим буд!

Ман чӣ хел кор мекунам? Ба ин суол ҷавоб додан аз ҳама душвор аст. Гоҳо ба назарам мерасад, ки кори ман ба ҳамаи корҳои дигар монанд аст. Баъзан мебинам, ки кори ман хосса корест ва онро бо ягон коре, ки одамон дар рўи замин мекунанд, муқоиса намудан мумкин нест. Гоҳо ба назарам чунин мерасад, ки ҳама мардум кор мекунанду ман муфтхўрӣ. Баъзан гумон мекунам, ки як худи ман кор мекунаму дигарон ҳама бекорхўҷаанд.

Парандаро чӣ ғам! Хониши он як умр ҳамон, ки падару модараш ёд додааст. Дарёчаро чӣ ғам! Ҳазорҳо сол ҳамон як оҳанги шилдиросро ба такрор мехонад. Вале ман дар умри кўтоҳи худ бояд кўшида сурудҳое офарам, ки ба солҳои зиёде расад. Одаме, ки нахустин бор дар олам як порча заминро шудгор кардааст, шояд хеле мушкилӣ кашидааст. Одаме, ки дар ҷаҳон суруди аввалинро офаридааст, инчунин хеле машаққат дидааст. Модоме ки ҳазор кас замин рондаанд, кори ҷуфтрони ҳазору якум осонтар аст. Вале модом ки ҳазор кас шеър навиштааст, кори шоири ҳазору якум басе душвортар аст.

Оре, барзгар, кори ман ҳам ба кори ту шабоҳате дорад. Бинобар ин, лутф намо ва ба ман чун ба бекорхўҷае, ки як умр кораш кайфу сафо ва роҳату фароғат аст, нанигар. Дар шабҳои дарози бехобӣ ман ҳам, мисли ту, мазрааи худро фикр мекунам. Ту барои кишт тухмии сараро ҷудо мекунӣ, ман аз тамоми суханҳои мавҷуда беҳтаринро интихоб менамоям. Ман бояд аз ҳазор калима якеро интихоб бикунам. Ман низ мазрааву майсазор дорам, ки аз диданаш дилам меболад, меҳнати ман ҳам ҳосил дорад. Ман низ нарму хишова мекунам, зеро дар киштзори ман ҳам хосса алафҳои бегона ҳастанд. Ҳатто ба воситаи мошин ғаллаи сароро аз бомус фарқ кардан душвор аст. Аммо калимаҳои бегонаро аз суханҳои муфид, саҳеҳ ва салис фарқ намудан аз ин ҳам душвортар аст.

Ту киштзори худро аз жолаву сармо ва аз боди гармсел муҳофизат мекунӣ. Ман бояд сурудҳои биофарам, ки ҳатто аз ҳукми душмани ашадддитарини худ-замон натарсанд, зеро ман сурудҳое эҷод карданиям, ки асрҳо бояд вирди забонҳо бошанд.

Киштзори ман низ ширинчаю малах ва хоянда барин заррарасон дорад. Онҳо метавонанд ҳосили маро дуздида баранд, ё тамоман нобуд созанд, ё ки онро нохўрданӣ кунанд, дар он сурат одамон аз ҳосили ман рў мегардонанд.

Аммо хояндаҳои ман аз мушу юрмонҳои ту калонтар ва хавфноктаранд, ба онҳо мубориза бурдан душвортар ва баъзан тамоман бефоида аст.

Дар оташдон алову дуд печон,

Вале чун сўзани девор рахнаст.

Чу боде сар барорад мисли уштур,

Шавад гармии хона аз дамаш паст.

Чунин ҳолат диҳад бо шеъри ман рў:

Барои гармаш сўзам дилу ҷон,

Вале бодаш бисозад сард гоҳе,

Дароварда саре аз рахнаи он.

Сипас ман бояд меваи худро ба одамон тақсим карда диҳам. Ҳам дар Доғистон, ҳам кишварҳои дигарон ширинӣ ва талхии онро, таъми хоси онро чашида бифаҳманд. Меваи ман набояд таъми меваҳои дигаронро дошта бошад.

Ба хотир дорам, ки дар бачагиам падарам дарзабандиро ёд медод. Ҳангоме ки ба зону болои дарза фурў шуда, зўр зада бандро мекашид, падарам насиҳат мекард:

– Бохабар шав, Расул, дарзаро буғӣ накунӣ.

Акнун, вақтҳое ки шеър намебарояд, ҳангоме ки мисрае беҷо меафтад ва ҳарчанд ҷой мекунамаш, ҷой намегирад, зўр мезанам, то ҳар навъе бошад, шеърро навишта буд кунам. Аммо дар чунин ҳолатҳо аксаран насиҳати падарам, ки: «Бохабар шав, Расул, дарзаро буғӣ накунӣ» мегуфт, ба хотирам мерасад.

Ҳосили кишт ҳар сол ҳар хел мешавад. Соле меояд, ки ғалларо дар анборҳо ғунҷонидан наметавонӣ, баъди ин се сол пайи ҳам чизе намерўяд. Кори ман низ чунин аст-ҳама вақт як хел намеравад. Ба ақидаи худам, нурӣ мепошам, хуб шудгор мекунам, тухмии сара мекорам, аммо ғалла намерўяд. Маҷбур мешавам ба тарҷума рў оварам, аз кадом Астралияю Канада ғалла бихарам. Дар ҳолатҳое, ки оташи назмам муваққатан хомўш мегардад ва шеър аз дилам ба рўйи коғаз омадан намехоҳад, ба ман ҳеҷ гуна химия-на калонаш ёрӣ расонида метавонаду на хурдаш.

Охир, чӣ метавонад кард? Агар ҳар иқдом ва ҳар кор зафару барор меовард, ҳама шоду хушнуд набуданд. Агар замин ҳар сол ҳосили фаровон медод, одамони рўйи замин ҳама сер мебуданд. Агар ҳамаи навиштаҷоти рўйи коғаз суруд мешуд, мардум кайҳо ба забони муқаррарӣ гуфтугў накарда, балки суруд мехонданд. Аммо суруд эҷод кардан басе душвор аст.

Ман заводҳои винои Доғистон, Гурҷистон, Арманистон, Булғористон, заводҳои пивопазии Пилзенро дидаам. Ба назарам, байни шоирон ва шаробсозон умумияти зиёде ҳаст. Ҳар кадом асрор ва нозукиҳои худро доранд. Шеър, монанди шароб, бояд дар дил ба ҷўш омада расад. Шеъри хуб кайфияти пурасрори дилпазире дорад. Аз ин ҷиҳат шаробу назм ба ҳам хеле қаринанд.

Баъзан ба ягон авули кўҳие, ки мағоза дорад, автомобили пур аз чалакҳои шароб меояд. Як чалак ба ин авул, як чалак ба авули дигар -ронандагон шаробро аз Буйноқ ҳамин тариқ ба авулҳои кўҳи мекашонанд. Ҷавонон чунин мошинҳоро дидан ҳамон, дар назар нашитофта ва оҳиставу аммо дар амал бесаброна аз чор тарафи авул сўйи мағоза меоянд. Онҳо чалаки шаробро ҳалқавор печонида мегиранд, чунон ки гўсфандон ба атрофи лўндаи намак ғун мешаванд.

Шаробро ба сабўҳо мекашанд, ҳама мечашанд ва якбора ҳавсалаҳошон мегардад. Нидоҳои зерин ба гўш мерасанд:

Ҳамин ҳам шароб шуд! Оби холӣ!

– Оби муқаррарӣ, аз ҷўй гирифтагӣ!

– Ин шаробро худи мағозадор нўшад!

– Гуноҳи ман чӣ? – худро мудофиа мекунад мағозадор.-Худатон дидед, ки чалакҳоро мошин овард. Дар пеши чашматон фуроварданд. Ба фуроварданаш ёрӣ додед, айби ман чӣ? Чизе ки оварданд, ҳамонро мефурўшам. Нахоҳед-нагиред.

Дар анбори шаҳр одамоне буданд, ки пеш аз фиристодани шароб ба ноҳия, чалакро кушода, ба қадри дилхоҳашон шароб гардонида мегирифтаанд ва ба ҷои он оби холӣ ҳамроҳ мекардаанд, яъне мегуфтаанд: «дар ноҳия ба ҳамин ҳам шукр мекунанд!» Дар анбори ноҳия айнан ҳамин корро коркунони миқёси ноҳия такрор менамудаанд ва «Ба авул ҳамин хелаш ҳам мешавад!» мегуфтаанд. Дар аснои роҳ ронандаю борбардорҳо, дар ҳавои сард каме гарм шавем ва соатҳои дарози дилгири сафар зудтар гузарад, гўён боз чанд литрашро мегиранд ва ба ҷояш оби чашма ё ҷўйбор мерезанд.

Дар натиҷа шароби обмонанд ё оби шаробмонанде ҳосил мегардад. Мисли ҳамин, баъзе шеърҳоро хонда кас намефаҳмад, ки дар онҳо чӣ бештар аст – назм ё гапфўрўшӣ. Ин қабил шеърҳо аз нўки қалами шоирони танбал, ки ба меҳнати суботкорона сабру тоқат надоранд, иншо мешаванд. Аммо ба баҳр расидани наҳрчаи шўхоб гумон аст. Ба Макка расидани пиёдагарди танбал ҳам гумон аст. Ҳангоме, ки ду кас ба як асп саворанд, ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. Истеъдод ва кор ҳам гўё савори як аспанд.

Абутолиб мегуфт, Истеъдод ва меҳнат дар шеър бояд мисли ханҷару ғилоф ба ҳам бипайванданд.

МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.

Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.