Расул Ғамзатов дар бораи кор. Бахши охир

Алқисса, боре ман аз Брюссел баргашта, чун ҳамеша, дар меҳмонхонаи «Маскав» манзил кардам ва ҳуҷраи ман мисли ҳарвақта сермеҳмон буд. Баъзеҳо аз хориҷи баргаштани маро табрик гуфтанӣ, дигарҳо маро ба Доғистон роҳи сафед хостанӣ, сеюминҳо бе ягон кор омада буданд. Баъзеҳоро худам даъват кардам, баъзеҳо бедаъват омада буданд.
Якеро бо ҷўшу хурўш таъриф мекардем ва ба ҳамин муносибат менўшидем; дигареро бо ҷўшу хурўш танқид мекардем ва ба ҳамин муносибат менўшидем. Гап мезадему менўшидем. Механдидему менўшидем. Месурудему менўшидем. Ба замин ин ҳуҷра чунон пури дуду шуда буд, ки гўё дар таки миз ё кат гулхане аз ҳезуми тар месўхта бошад.
Абўтолиб мегуфт, ки ўро се чиз пир кардааст.
Яке: ҳамаи меҳмонон ҷамъ шудаанду як нафарро мунтазир ва таъхир мекунад.
Дигаре: завҷа таомро ба рўйи дастархон овардаасту писари ба арақ рафта ҳеҷ не, ки баргардад.
Ва ниҳоят сеюмӣ: вақте ки ҳамаи меҳмонон рафтаанду як нафар, ки тамоми бегоҳ хомўш буд, баногоҳ дар назди остона истода, даҳони халтаи гапро мекушояд, гўё қусури тамоми соатҳои хомўш нишастаашро бароварданист ва кас яқин мекунад, ки ҷоғзании вай охир надорад.
Ҳар қадар шалпар гаштаӣ, ҳарчанд чашмонат пури хоб аст, маҷбурӣ ё ва гуфтаниҳои ўро гўш бикунӣ. Ҳаракат мекунӣ, ки ба ҳар гапаш розӣ шавӣ, то ки лаққиданашро зудтар ба охир расонаду бадар равад. Аммо розишавии ту ўро ба розҳои нав ба нав илҳом мебахшад. Шабе, ки бо чунин даҳшат анҷом ёфт ва дар хусусаш ҳоло ҳикоят карданиям, ҳамин гуна меҳмоне дар ҳуҷраи ман буд. Ин меҳмон баъди рафтани ҳама монда, мастона худро ба китфи ман бор мекард, таҳсигорашро ба ҳар ҷойи ростомада хона, ба пардаи тиреза, такяи курсӣ, ба ҷомадони ман, ба коғазҳои рўйи миз пахш менамуд. Аввал ў маро таъриф кард, «хуб» гуфтам. Сипас, ба таърифи худ гузашт, «хуб» гуфтам. Баъд ба таърифи занаш гузашт, «хуб» гуфтам. Дар ниҳоят кор ба танқиди ман шурўъ карда, дар ҳаққам ҳар хел сафсата гуфтан гирифт, вале ман ин ҳам «хуб» гуфтам. «Ҳамин замон ба танқиди худ ва зани худ мегузарад», -гуфтам дар дил бо даҳшат. Аз рўйи мантиқ меҳмони ман зебоист акнун ба танқиди худ сар мекард, аммо ба ҳамин ҷо расиду якбора саросема шуда, ба ҳуҷраи худ рафт. Вале барои он ки аз рафтанаш ғамгин нашавам, ваъдаи фардо омадан дод.
Баъзан мегўянд: ҳама ҷои меҳмон зебост, лекин зеботарин ҷойи ў тахтапушташ. Ин дафъа маънии мақоли мазкурро фаҳмидам. Тахтапушти меҳмони бадаррафта хеле зебо намуд. «Хайрият, -охи сабук кашидам, – ҳамаи ташвишҳои имшаба тамом шуд, акнун оромона хоб кардан мумкин», Ҳалқаи дарро саросема гузаронида, дуздона ба ҷогаҳ даромадам ва ҳамон дам хобам бурд. Хобам бароҳат буд, чунон ки ба болоят чакман кашида мехобию аз берун садои борон меояд. Хоб дидам, ки дар ҳақиқат ба бурка печида, назди гулхан хобам, дар атрофам чўпонҳо нишастаанд. Онҳо ба гулхан дам ба дам ҳезум мепартоянд. Гулхан дуд мекунад ва чашму биниам сўзиш дорад. Сипас, гўё дар нонвойхонае бошам, он ҷо хеле гарм, лекин сабаб чӣ бошад, ки бўйи сўхта меояд. Баъд хоб ба он гузашт, ки мо ёру чўраҳо рўзи якшанбе берун аз шаҳр рафта, сихкабоб пухта истодаем.
Аз сўзиши тоқатфарсои чашмонам бедор шудам. Ҷаста хестам, чизеро дида наметавонам. Хона пури дуд, таки дар ҳатто сўхта истодагӣ барин. Худро сўи оташ андохтам ва дидам, ки ҷомадонам сўхта қариб тамом шудааст.
Рўи ҷомадонам пур аз коғазчаҳои меҳмонсароҳои олидараҷаи ҷаҳон буд. Ману ҷомадонам чандин мамлакатҳоро дида омадаем! Аз чандин боҷхонаҳо беосеб гузаштаем! Дуруст аст, ки ҳеҷ гоҳ даруни он чизи мамнўъ набуд, аммо як шиша арақе, ки ба дўстони хориҷиат савғот мебарӣ, ё як қуттӣ сигори зиёдатӣ, ё худ камзўлчае, ки ба завҷаат гирифтаӣ, гоҳо боиси норозигии амалдори боҷхона мегардад.
Инак, ҷомадони ман дар ягон боҷхона насўхта, дар ҳуҷраи осоиштаи меҳмонхонаи «Москва» сўхт.
Нимсўхтаҳои ҷомадонро саросема чанг зада ба ванна партофтам ва аз болояш об сар додам. Фағонаҳои дуд ба ҳаво печиданд. Дастам аллакай сўхта буд, ба гумонам, рўям ҳам, вале алҳол курсие, ки пеш дар болояш ҷомадон меистод, инчунин қолӣ, инчунин дарпардаро аз чанголи оташ халос карданам лозим буд. Тозон гўшаки телефонро гирифта, ба навбатдори ошёна занг задам.
–Сўхтам! – дод задам ба гўшаки телефон.-Маро наҷот диҳед!
Аммо навбатдор, зоҳиран, гумон кард, ки Расулро ба ҷуз оташи ишқ оташе сўхта наметавонад ва алҳол ман дар ишқи ў сўхтан дорам. Навбатдор оромона ва модарвор ҷавоб дод:
– Монед-э, Расул, хоб равед. То пагоҳӣ ҳамааш гузашта меравад!
Чӣ мардуме ҳастанд занон! Борҳо шўхиомез гуфтам, ки сўхтам, бовар карда, ба додам расиданд. Лекин дар умрам як бор ба оташи ҳақиқӣ афтодаму касе ба ман бовар накард.
Ман ҳамчун оташнишони ҷасур бо оташ ҷанги тан ба тан мекардам. Дар ниҳояти кор, албатта, ҳам қолӣ, ҳам курсӣ, ҳам дарпардаи оташгирифта ва ҳам фарши сўхтаистодаро хомўш кардам. Оре, ман бар оташ ғолиб омадам, вале то ба ин ғалаба расидам, ки оташ ба ман хеле зарар расонид. Эҳтимол, меҳмони маст таҳсигорашро даруни ҷомадон партофтааст ва ҳама кор аз ҳамон сар задааст. Куртаҳоям, костюмам, туҳфаҳои аз Брюссел овардаам ҳама сўхтанд. Мамурияти меҳмонхона аз болои қолӣ, кўрсӣ, дарпарда акт монд, ки тавони ин чизҳо маблағи даҳшатангезе шуда баромад. Ҳуд ба беморхона афтодам. Ба завҷаам телефон карад гуфтам, ки кори муҳимме дорам ва ин ҷо чанде таваққуф хоҳам кард. Азбаски чӣ кори муҳим буданашро ҳанўз фикр карда наёфта будам, ваъда додам, ки боз телефон хоҳам кард. Як таҳсигори сабил боиси ин қадар ташвишҳо гардид.
Аммо ба шумо бигўям, ки ин ҳама дар пеши зарари асосии ба ман расида ҳеҷ буд. Дар таки ҷомадон дастнависе мехобид, ки маҳсули меҳнати дусолаи ман буд…
Мегўянд, ки моҳии калонтарин ҳамон аст, ки аз шаст биҷаст; оҳуи мушкин ҳамон аст, ки тират нарасид; зани зеботарин ҳамон аст, ки туро тарк гуфт.
Саҳифаҳои зиёде дастнависам сўхтанд!
Ҳоло мепиндорам, ки он саҳифаҳои беҳтарин ва хубтарин буданд,
Ғайр аз ин, моҳии калоне, ки аз шаст биҷаст, аздусар, моли ман набуд. Оҳуи мушкин, ки тирам нарасид, аз они ман набуд. Ҳамчунин зане, ки маро тарк гуфт, зани ман набуд. Вале саҳифаҳои ба дами оташрафта аз они ман буданд. Ман ба сари он саҳифаҳо шабҳои бешуморро рўз ва рўзҳои дарозро бо меҳнати собирона шаб кардаам. Аз ҳамин сабаб ба сўхтани дастнависи худ месўхтам. Аз ҳамин сабаб мепиндорам, ки он китоби беҳтарини ман буд.
Ман якбора ятим шуда мондам, ҳамчун мазраае гаштам, ки ғалаашро даравида бурдаанд ё мисли дарзаи охирине, ки фаромўш кардан монда рафтаанд.
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ КОР. БАХШИ АВВАЛ
Ҳар як ҳарфи саҳифаҳои сўхта ба назарам дурдона менамуд. Он сатрҳо дар тасаввурам ба сони шаддаи марворид медурахшиданд. Чунон музтариб гашта будам, ки муддати ду сол барои аз нав барқарор кардани дастнависи аздастрафта даст зада натавонистам. Пас аз он, ки ором шуда ба сари кор нишастам, яқин кардам, ки бешак, китобро аз нав ва тақрибан дар ҳамон хусус навишта метавонам, вале барқарор кардани саҳифаҳои пештара имконнопазир аст. Айнан мисли ҳамин, агар фарзанди азизи зану шавҳаре бимирад, онҳо, вақташ ояд, боз фарзанддор мешаванд ва ўро ҳам на камтар аз он фарзанди фавтидаашон азиз медоранд, вале, дар ҳар ҳол, ин на он фарзандест, ки талаф додаанд.
Мегўянд ки шеър ба об тоб надорад. Шеър-оташу эҷодиёти шоир сўхтан аст. Оре, шеър набояд сероб бошад. Аммо шеърро Худо аз чунин оташе ҳам, ки дастнависи ман дар ҳуҷраи меҳмонхона дучораш омад, нигоҳ дорад.
ҚИССАИ ХОНАИ АБУТОЛИБРО ЗАДАНИ ДУЗД
Намедонам, чи хел шуд, кадом чапдасте баромад ва чӣ тавр хонаи Абутолиб бе одам монд, ки боре онро дузд зад. Диданд, ки: соати тиллои духтараш, ангуштарини тилло, гўшвора ва дигар зеварҳо нестанд. Палтои мўина ҳам нест, куртаҳо ҳам, туфлию пул ҳам…Зани Абутолиб қариб, ки беҳуш шавад, духтараш фарёд зада, худро рўйи кат партофт. Лекин Абутолиб хонаи дигар гузашт, ба рўи фарш нишаста сурнайнавозӣ оғоз кард.
Занаш ба Абутолиб дарафтод:
-Чи тавр ба дилат меғунҷад: ин хел фалокат ба сарамон омада аст, ба милисаю прокурор давидан даркор…
-Чи фалокат аст ин! Шеърҳои ман дар ҷояш. Нигар, ҳамаи коғазҳоям аз ҷояш беҷо нашудааст. Дуздҳо даст нарасонидаанд. Барои чӣ ғам хўрам?
-Шеърҳои ту ба кӣ даркор, боз ба забони лакӣ
– Э, ту ҳеҷ чизро намедонӣ. Одамоне ҳастанд, ки ҳатто шоир ном доранду ғайр аз дуздидани шеърҳои дигарон коре намекунанд. Худоро шукр, ки шеърҳои ман сиҳат мондаанд. Ман ба навиштани ин шеърҳо як соли дароз меҳнат кардаам ва агар дузд мебурд, кулфати бузурге ба сарам меомад. Сурнай ҳам дар ҷояш мондааст. Чаро аз шодӣ нанавозам?
Абутолиб инро бигуфт ва ба гиряву нолаи зану духтараш дигар аҳамият надода, сурнаяшро навохтан гирифт.
Афандӣ Капиев ба ман ҳикоят карда буд. Дар яке аз рўзҳои хушҳавои тобистон Сулаймон Сталский дар рўйи боми бунаи худ чашм бар осмон дўста мехобид. Дар атроф мурғон нағмасароӣ мекарданду ҷуйборон шилдиррос мезаданд. Ҳар кас ҳам гумон мекард, ки Сулаймон фароғат дорад. Завҷаи Сулаймон низ чунин пиндошт. Ў ба бом баромада Сулаймонро ба хона ҷеғ зад:
– Хинкал тайёр, дар рўйи дастархон, Вақти хўрок шуд.
Сулаймон ҷавобе надод ва ҳатто сарашро гардонида нигоҳе накард. Пас чанде Айна дубора шавҳарашро фарёд кард:
– Хинкал хунук шуд, баъд хўрда намешавад!
Сулаймон аз ҷояш наҷунбид.
Дид ки намешавад, завҷааш хўрокро ба рўйи бом овард, то ки Сулаймон, агар таъбаш ҳаминро хоҳад дар ҳамин ҷо бихўрад. Ў ба пеши шавҳар хўрокро гузошта гуфт:
– Пагоҳӣ боз намак начашидаӣ. Хўрда бин, ман ба ту чӣ хел хинкали бомаза пухтам.
Сулаймон дар қаҳр шуд. Аз ҷо барҷаста, сўйи завҷаи ғамхораш фарёд зад:
– Ҳамеша ту ба кори ман халал мерасонӣ!
– Охир, ту бекор ғелида мехобидаӣ. Ман гумон кардам…
– Не, ман кор мекунам. Дигар ба ман халал нарасон.
Дар ҳақиқат, он рўз Сулаймон шеъри наве эҷод мекардааст.
Хулоса, шоир ҳатто дар вақти ду чашм бар осмон дўхта хобиданаш ҳам кор мекунад:
Шоире бар завҷааш шеъре навишт:
«Моҳи ман, Парвини ман, эй нури ман!
Дар барам бошӣ, ҷаҳон бар ман-биҳишт,
Бе ту дўзах гардидам бар сина хашм!»
Инак, омад завҷа-моҳи арҷманд-
Як қадам бинҳод рўи остон,
«Боз ин ҷоӣ!- зи ҷояш шуд баланд,-
Мон, кунам коре ва ё ҷонам ситон!»
ПАДАРАМ ҲИКОЯТ КАРДА БУД:
Сарояндаи бузурги муҳаббат-Маҳдуд ба хонаи як шахси обрўманд меҳмон мешавад. Он ҷо ғайри ў низ меҳмонон буданд. Шоир то ними шаб табъи ҳозиронро бо сурудҳои худ шод мегардонад. Сипас ҳама хоб мекунанд. Ба Маҳдуд хонаи беҳтаринро ҷудо карда медиҳанд. Соҳиби хона барои офтобаю галан оварда мемонад ва «шаб бахайр» гўён меравад. Субҳ соҳиби хона, Маҳдуд дар хоб монда, намози бомдодаш қазо нашавад, гўён оҳиста дари хонаи Маҳдудро кушода менигарад. Мебинад, ки шоир хобро фикр ҳам накардааст. Ў ба рўйи қоли чорзону нишаста, шеър менавишт ва мисраъҳоро зери лаб такрор мекард:
Ҳеҷ гаҳ васфи биҳиштам накунам,
Ту аз ин дахмаса озодам кун.
Гир он ризвон ба худат,
Мон ба ман дилбараму шодам кун.
– Маҳмуд, вақти намоз шуд, шеъратро як сў мон, намоз хон!
–Намози ман- ҳамин, – ҷавоб мегардонад Маҳмуд.
– Хулоса, шоир ҳатто вақти намоз ҳам кор мекунад.
АЗ ДАФТАРЧАИ ХОТИРОТ. Акнун худам дар ҳаққи як шоири авар ҳикоят мекунам. Ман номи ўро намегирам. Намехоҳам, ки баъд вай ангуштнамои шумо гардад ва ба ҳолаш бихандед. Зеро ки ин ҷо чизи хандиданӣ ҳаст.
Шоир зан гирифт. Туй шуд, меҳмонон, арўсу домодро дар хонаи хосса барояшон ороста гузоштанду рафтанд. Арўс ба бистари никоҳ даромад ва ба омадани домод нигарон шуд. Аммо домод ба ҷои он, ки назди арўсаш ояд, сари миз нишаста, шеърнависиро сар кард. Ў тамоми шаб шеър навишт ва субҳгоҳон шеъри дарози ба муҳаббат, ба арўс ва шаби никоҳ бахшидаашро ба итмом расонид.
Оё мо бояд чунин хулоса барорем, ки шоир ҳатто дар шаби висол ҳам кор мекунад? Агар ман мисли он шоири авар кор мекардам шумораи китобҳоям аз ҳозира панҷоҳ баробар зиёд мешуд. Лекин ба фикри ман, он китобҳо ғайрисамимӣ мебаромаданд.
Ҳар он кас, ки оғуши гарми арўсашро монда, сари миз мешинад, ҳар он кас, ки дар ҳузури зебосанаме қаламу қоғазро як сў ғундошта намемонад, ба фикрам, риёкор асту бас. Бигзор, ў даҳ бист баробар зиёдтар нависад, аммо дар навиштаҳои ў самимият наҳоҳад буд.
Оре, кор кардан зарур аст! Хирадманде зери дарахти себ ба умеди он ки себ ба даҳонаш меафтад, хобидааст. Аммо себ наафтодааст. Аммо шоирро ҳам дар пеши тамоми мардум, ҳам дар пеши худ бештар аз кор ва шояд, бештар аз истеъдод, самимият зарур аст.
Мегўянд: шердил-ё рўйи зин, ё зери замин.
Мегуянд:
-Манфуртарин ва зишттарин дар ҷаҳон кист?
-Марде ки аз тарс меларзад.
-Аз ин ҳам зишттар ва манфуртар кист?
-Марде, ки тарс меларзад.
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.