Расул Ғамзатов дар бораи сабки эҷод. Бахши чорум
ЁДДОШТ. Падарам солҳои охири умраш сахт бемор буд. Ў барои вохўрӣ бо интихобкунандагон ба кўҳсор рафта меомад. Зеро интихоботи Шўрои Олии Иттиҳоди Шўравӣ наздик мешуд ва Ғамзат Садасаро номзад пешбарӣ карда буданд. Дар яке аз чунин сафарҳо ба вай нахост дард расид. То маркази район бо мошин расидем, аммо аз онҳо то авулҳои кўҳӣ аспакӣ рафтан лозим буд. Падарам аспи ором, явошро меписандид. Вай аспро оҳиста ҳай мекард, аксаран аз ҷилаваш дошта этак мекард.
Ғамзат бештар ба пиёдагардӣ хуш дошт. Роҳбарони маҳаллӣ хуб кўшиданд ва ба вакили оянда аспи ҷавони шўхеро овардаанд. Аз онҳо гила кардан нашояд, чунки онҳо некӣ карданӣ буданд ва мепиндоштад, ки ба чунин меҳмонони азиз беҳтарин аспи ноҳияро пешкаш намудан лозим аст. Пирамарди ҳафтодудусола, мизбонон наранҷанд гўён овони ҷавонии худро ба ёд оварда, бо як ҷаҳиш аспро савор шуд. Шоири мўсафед дар ҳалқаи ҷавонони аспсавор имомеро мемонд, ки ноибонаш иҳота кардаанд. Ҷавонон аспҳои худро қамчин зада, сўйи авулҳо шитобиданд, то ки омадани Ғамзатро ба мардум пешакӣ хабар диҳанд. Аспи Ғамзат ҳам ба аспҳои дигар таассуб карда юрға бардошт. Пирамард сари аспашро дошта натавонист ва пойгаи сахте бархост. Ғамзат аз бардорузани асп хаста ва дилбеҳузур шуд, аҳволаш то рафт бадтар мегашт ва оқибат аз рўйи зин парида рафт. Ба Махачқальа бемор баргашт ва ин дард то дами вопасинаш аз тани ў рафт.
– Шеър ҳам чунин аст,-мегуфт падарам, сулфида-сулфида.-Шоир бояд аспи муқаррарии худро савор шавад, на ин ки саманди бегонаи ноозмударо. Саманди бегона касро аз зин бардошта мепартояд.
Дар бораи падарам ҳикоятҳои зиёде гуфта метавонистам, вале акнун мехоҳам каме дар ҳаққи дўсташ Абутолиб бигўям. Дирўз ман аз пагоҳ то бегоҳ ҳамроҳи ў будам.
Рўзе, ки дар суҳбати Абутолиб гузашт.
Ба сари шеъре, ки бо сабабе дар вақташ нотамом мондаасту акнун бояд навишта ба охир расонам, нишастани ман хеле душвор. Мардуми кўҳистон мегуянд: ғук ба он сабаб бе дум мондааст, ки дар вақташ часпонидани онро ба фардо гузоштааст.
Аз пагоҳӣ азм намудам, ки як шеъри дуру дарози ду ҳафта пеш сар кардаамро навишта ба итмом расонам. Кори душворе маро дар пеш буд, бинобар ин ба дояамон Фрося гуфтам:
– Агар касе маро пурсад, бигўй, ки дар хона нест. Ба ҳар кӣ лозим бошам, пас аз пешин ояд. Чунин супориш дода, ба болохонаи худ баромадам ва бо хотири ҳамъ ба кор шурўъ намудам. Вале азбаски садоҳои берун ба гўшам расида меистод, ғиҷирросзанон кушода шудани дари кўчаро шунидам. Баъди муддате занги дари хона ҷирингос зад. Ман овози Фросяро нашунидам, лекин садои Абутолиб ба гўшам расид. Курсии нишастаам ҳамон лаҳза гўё тобаи тафсон ё хори мағелон гардид, ки бетоқат шудам. Ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки дар хонаи Ғамзат Садаса, ё ки акнун хонаи Расул Ғамзатов, ба Абутолиб ҷавоби рад дода бошанд ва ў аз таки дар гашта рафта бошад. Чунин ҳол нашудааст ва шуданаш ҳам мумкин набуд. Вале ман ин дам ба ҳолати ногуворе афтодам: аз як тараф, ба он роҳ додан мумкин нест, ки Абутолиб равад, аз тарафи дигар, Фросяро, ки хоҳиши маро софдилона ба ҷо оварда, ба Абутолиб маро «нест, пас аз пешин меояд» гуфт, дурўғгўй кардан хуб нест.
Ман ба фармони дил амал кардам, на ба илқои хирад. Сар аз тиреза берун оварда, ба дўсти деринаи падарам хитоб намудам:
-Даро, Абутолиб, ман ин ҳо!
-О, Худои карим! Наход, ки писари Ғамзати садагӣ аз қарзҳоҳонаш гурехта, пинҳод шуда бошад? -Абутолиб инро гуфта, зуд попохашро ба даст гирифту аз бари Фрося гузашта, сўйи ў як теғ кашида нигарист.
– Расул, ба ин зан бигўй, ки вақти омадани Абутолиб дари ин даргоҳ худ аз худ кушода мешавад ва Расул он дам албатта дар хона аст. Худат дар хона набошӣ ҳам, ин ҷо барои Абутолиб ҳамеша обу ош ва агар лозим шавад, ҷойи хоб ҳам ёфт мешавад.
– Айби Фрося не. Фотима вақти кор рафтанаш ба ў фармудааст, ки касе маро пурсад, дар хона нест бигўяд.
Бечора завҷаам ғами маро мехўрад.
– Хайрият ки завҷа дорию ҳамаи гуноҳҳоятро ба гардани ў бор мекунӣ.
Магар Фотима фаромўш кардааст, ки имрўз панҷшанбе, – мегуфт Абутолиб, кулоҳи сермўи таршудаи худро афшонда.
– Рўзи панҷшанбе чӣ хосият доштааст?
– Рузи ҳаммомравии ман аст. Оё ту пай набурдӣ, ки ҳар панҷшанбе ман ҳаммом меравам ва модом, ки ҳаммом дар паҳлуи хонаи туст, чашмдор шуданат мумкин, ки ман назди ту ҳам даромада, фурсате тамоку кашида, чақ-чақ карда мешинам.
– Ба ту ҳаммом чӣ ҳоҷат, Абутолиб? Дар хонаат ванна ва ҳатто оби гарм дорӣ.
– Ваннаю душ-як пора нони сиёҳ барин. Ҳаммом зиёфати тўёна.
Ман ба боғ ва ҷуйчае дорам, ки он ҳазорҳо сол боз аз ҷониби кўҳҳо ҷорист. Ман аз ин ҷўйча ба бехи ҳар дарахти боғ об мемонам. Оё бо кафлесу обпошак ман ҳамаи дарахтони боғро об дода метавонистам? Ҳаммомро ман ба дарёчаи сероби кўҳӣ ташбеҳ медиҳам, душу ваннаи туро-ба кафлесу обпошак. Не, Расул, ин бозичаҳоро ба шоири бачаҳо Нуриддин Юсупов вогузор. Мегўянд, ки вай ҳоло барои бозии зочаҳо намоишнома нависта истодааст. Ин чизҳо барои зочаҳои ў айни муддао мешаванд.
-Баъди ҳаммом чой бошад, хуб мешавад, – таклиф кардам ба Абўтолиб, ҳангоме ки аз роҳрав ба хона ворид шудем.
-Валлоҳ, ки чой ҳам мешавад, биллоҳ, ки дами гарм ҳам-бад нест, таоллоҳ, ки шароб ҳам-зарар надорад. Аммо баъди ҳаммом аз ҳама беҳтараш-арақҷон.
– Дами гарм дорем, лекин шабмонда. Ҳоло барвақт, хўроки нав напухтаем.
– Аз шабмондааш сар мекунем, ана-мана нагуфта, нашав ҳам тайёр мешавад.
Фрося дастархон меорост, ман дар ин миён машруботи хориҷии худро таъриф мекардам. Ман аз мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон рому коняк, ҷину виски, калвадосу абсент, вермуту уникуми венгерӣ барин шаробҳои шишаҳошон рангини зебо овардаам. Коняк ҳам бо навъҳои гуногунаш буд: мартини, камю, плиска ва ғайра.
– Дилхоҳатро интихоб кун, Абутолиб.
Ин чизҳои бемаъниятро бардор, Расул. Агар маро зиёфат карданӣ бошӣ, арақи сафеди одӣ рехта деҳ. Арақи сафед на фақат барои он хуб, ки мо онро медонем, балки аз он ҷиҳат низ хуш аст, ки он ҳам моро медонад. Он чӣ ту ба ман нишон медиҳӣ, шояд, басе хушхўр бошад, аммо ҳамаи ин шишаҳо аз ҷойи дур омадаанд, ба забони дигари ба ман номафҳуме гап мезананд, ман низ ба забоне ҳарф мезанам, ки онҳо намефаҳманд. Хислату одат, феълу хў чӣ мешавад? Не, мо якдигарро тамоман намешиносем. Ин шишаҳо ба меҳмонони ношиносе мемонанд, ки бо онҳо аввал забон ёфта гап задан, шиносо гардидан ва нону намак шудан лозим. Метарсам, ки мо гапи якдигарро фаҳмидан наметавонем. Инҳоро барои дўстони худат-нависандаҳои маскавӣ гирифта мон. Барои онҳое, ки тамъи хўроки хонагии модарашон пухтаро фаромўш кардаанд.
Дар байни шишаҳои машруботи ман ягонто арақ ёфт нашуд. Худро чунин вонамуд кардам, ки ҳозир хеста мағоза меравам. Дар айни ҳол умед доштам, ки Абутолиб маро аз роҳ гардонида, мегўяд: чӣ даркор, берун-борон, шамоли сахт, дар хона ин қадар машрубот ҳаст. Аслан, дар рўйи миз беҳтарин конякҳои франсавӣ истода, арақ биёр гуфтан, худ нозу нуз кардан аст.
Абутолиб дар ҳақиқат маро аз роҳ гардонида, гуфт:
– Не Расул, маълум, ки ба сарат сафедӣ афтода бошад ҳам ҳанўз ҷавонӣ. Ба арақ худат меравӣ? Оё аз ту ҷавонтаре нест? Берун баромада, писарчаи ҳамсояро гап зан, оварда медиҳад. Ман саросема нестам, то баргаштанаш баҳузур мешинам.
Маҳбур шудам гуфти Абутолибро бикунам. Ба писарчаи ҳамсоя пул додам, ба мағоза тохта рафт. Дар ин мобайн Абутолиб ба атроф назар меафканд.
-Дар хонаат аз кўҳистон меҳмон наменамояд. Находя гон кас набошад?
-Имрўз ҳеч кас нест.
-Вақти зиндагии Ғамзат, ки дўсти ману падари ту аст, дар ин хона ҳамеша меҳмон буд. Меҳмон аз он ҷиҳат хуб аст, ки ҳвақт тамокуяш ҳамроҳаш.
–Чизи кашиданӣ ҳам дорам, -гуён аз қуттӣ навъҳои гуногун сигору папиросро бароварда мондам.
– Ин найчаҳои суфтаи сафед ба ман намешавад. Ин кашиданиҳои маскавии шумоҳо, ба ман фақат тамокуи баланди ҷойдории худамон маъқул. Халтачаи худамро набарорам, намешудагӣ барин.
Абўтолиб аз бағал халтачаеро бароварда, таку рў карду як кашиданӣ тамоку ёфт ва онро моҳирона печонида, бо забонаш тар карда часпонид.
– Оё чўбчаҳои суфтаи тамокуи туро бо ин чиз баробар кардан мумкин аст? Папироси худпечонидаи ман симое дорад, ки ба чизи дигаре монанд нест, сигорҳои ту ҳама як себи дукафон барин, нусхаи якдигаранд. Акнун ба ман бигў, кадоме бештар кайф дорад-аз қуттӣ сигори тайёрро гирифта кашидан ё чунин папироси аҷибро бо дасти худ печонидан? Охир, ман ҳангоми тамокуро печонидан, ҳанўз накашида, лаззат мебарам, пас, чаро худро аз чунин кайф маҳрум кунам?
Ман зажигалкаро (фандакро), ба ёдам нест, швейтсарӣ буд ё белгиягӣ шартӣ даргиронда, доштам, вале Абўтолиб дасти маро ба ишораи рад як сў кард. Аз кисааш чақмоқ, қав ва санги чақмоқро баровард. Қавро ба лаби санг дошта, чақмоқ зад ва оташ баровард. Баъд қавро бод дода, даргиронд ва онро ба нўги сигораш дошт. Сипас, қави даргиронро ба таги бинии ман оварда дошт.
– Бўй каш, чӣ хел. Хушбўй? Гап ҳам дар ҳамин аст. Зажигалкаи ту чӣ бўй дорад?
Чеҳраи Абутолиб лаҳзае дар қабати дуди тамоку нопадид гардид.
Баъд дуд андаке парешон шуд ва Абутолиб пурсид:
-Расул, ба ман бигў, чаро сарат аллакай сафед шудааст?
-Намедонам Абутолиб.
-Масалан, ман медонам, ки чаро сарам сафед аст.
-Гап зан, шунавем.
– Сари ман аз он сафед шудааст, ки то мағоза рафта арақ овардани ин бачаҳои лаънатӣ чашмам канда мешавад. Ҳа, Расул, бачаҳо, то худашон фарзанддор нашаванд, ба қадри падару модар намерасанд. Онҳое, ки худ наменўшанд, айнан мисли ҳамин ба қадри падару модар намерасанд. Онҳое, ки худ наменўшанд, айнан мисли ҳамин, ба қадри нўшидан намерасанд. Шахсеро ба арақ фиристодан лозим, ки худ ба нўшидан хуше дошта бошад, он гоҳ муаътал намекунад.
Дар ин асно Фрося дастархон орост. Каме дер ҳам бошад, дар миёнаҳойи дастархон як шиша арақ пайдо шуд.
-Уф,-гуфт Абўтолиб.- Ин ҳам дар байни колхозчиҳои одӣ пайдо шудани раиси Сурхин барин шуд.- Ў чунин гуфту шишаи арақро гирифта ҷунбонид, гўё он тифлаке бошад.- Ҳай- ҳай-ҳай, чӣ шишаи хуб! Писараке, ки инро овард, мумкин аст, одами хуб шавад!
КУЛЛИ МАТОЛИБИ ИН БАХШ:
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ АВВАЛ
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ ДУЮМ
- РАСУЛ ҒАМЗАТОВ ДАР БОРАИ САБКИ ЭҶОД. БАХШИ СЕЮМ
МАНБАЪ: Расул Ғамзатов: “Доғистони ман”. Душанбе, 2018. Тарҷумаи Абдулло Зокир. Бо таҳрир ва тасҳеҳи Гулназар. Муҳаррир Меҳрӣ Саидова. Нашри чаҳорум.
Хоҳишмандон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Рисолат Шералиева,
мутахассиси пешбари хизматрасонӣ
ба шахсони имконияташон маҳдуд.