“Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо: вазъ ва тамоюли рушд”

Таҳти ҳамин унвон шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографии Китобхонаи миллӣ бо иштироки мутахасисони соҳа ҳамоиш баргузор кард, ки дар он намояндагон аз Хонаи китоби Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи Индира Гандӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Китобхонаи давлатии патентию-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявиии ба номи М.Миршакар, Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ва роҳбарияту кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғози ҳамоиш муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода оид ба ин самти муҳими соҳаи китобдорӣ яъне библиографияшиносӣ суҳбат кард.

“Фаъолияти библиографӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки иттилоърасонӣ ва оммавигардонии хониш дар байни ҷомеа эътироф гардида, ҳамзамон яке аз бахшҳои асосии он ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳо ба шумор меравад. Дар ҷомеаи имрӯза ба пешрафти илму техника ва технологияи иттилоотӣ ҳар як соҳа дар ҳоли рушд ва тағйирёбии шакл қарор доранд. Фаъолияти библиографии китобхонаҳо низ аз ин раванд истисно набуда, муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти библиографии китобхонаҳо яке аз проблемаҳои муҳими назария ва амалияи он маҳсуб меёбад”- гуфт Сайфиддин Камолзода.

Равандҳои библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳо вобаста ба баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, фарҳанг, илм, ҷаҳонбинии истифодабарандагони муассисаҳои зикрёфта ниҳоят муҳим мебошад.

Дар ин масъала муовини директори Китобхонаи давлатии патентию-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Сидиқов маъруза кард. Ӯ гуфт, ки китобхонаи мазкур дар ин раванд тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои рушди инноватсионии соҳаи китобдорӣ пайваста амал мекунад.

Вобаста ба фаъолияти библиографӣ дар китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи Индира Гандӣ мудири шуъбаи библиографияи илмии китобхонаи мазкур Насиба Умарова  суханронӣ карда, ин соҳаро барои донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин доир ба дастуру китобномаҳои шарҳиҳолие, ки китобхонаи мазкур ба нашр расонидааст маълумот дод.

Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявиии ба номи М.Миршакар низ аз ҷумлаи маконҳое маҳсуб меёбад, ки дар он ҷиҳати таҳияи маводд барои дастурҳои библиографӣ бисёр муҳим мебошанд. Раванди инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаи мазкур низ чашмрас буда, он солҳои охир ба маротиб рушд ёфта истодааст. Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ, ки яке аз калонтарин китобхонаҳо дар миқёсӣ ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, дар фаъолияти библиографии он самтҳои бисёр муҳим ва саривақтӣ бояд мавриди таҳлил қарор дода шаванд.

Вобаста ба ин мавзуъ дар нишасти имрӯза Ёсуман Бобоева сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён дар ин китобхона маърӯза карда раванди мазкурро мавриди таҳлилу барасии мутахасисони соҳа гардонид.

Ҳамчунин, намояндаи Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ дар ҳамоиши мазкур доир ба равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо андешаҳои худро ира кард.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ изҳор намуд, ки раванди мазкур, яъне электронигардонӣ бояд босуръат идома дода шавад. Фаъолияти китобхонаҳо низ дар баробари тамоми соҳаҳо бояд ба замони муосир мутобиқ карда шуда, ниҳодҳои гирандагони нусхаҳо ҳатмӣ низ дар ин қарор ҳатман ҷойгир карда шаванд. Ӯ илова кард, ки имрӯзҳо баъзе аз рӯзномаву маҷалаҳо дар шакли электронӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешаванд, ки ин ниҳодҳои болозикрро водор месозад, то барои дастрасии маводди мазкур фаъолияти худро ба замони муосир мутобиқ намоянд. Маҳз ҳамин гуна равандҳо оғози пешрафт ва инноватсионигардонии фаъолияти моро дарбар мегиранд.

Дар қисмати дигари нишаст муовини директори Китобхонаи миллӣ чандин пешниҳодҳои худро дар самти пешбурди соҳаи китобдорӣ ва электронигардонии босуръат ироа карда, гуфт, ки дар ин самт бояд ҳамаи китобхонаҳо корро ҷоннок намоянд.

Қайд гардид, ки фаъолияти библиографӣ бояд низоми ягонаи таҳқиқ, муттаҳиднамоӣ ва ҳамоҳангсозии равандҳои иннаватсионии фаъолияти библиографии китобхонаҳоро таъмин ва эҳтиёҷоти иттилоотии ҷомеаро қонеъ гардонанд. Ва ин ҳамгироӣ бо вазифаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, сиёсию фарҳангии рушди ҷомеа робитаи ногусасатанӣ дошта бошад. Ноил шудан ба ин мақсад тақозо менамояд, ки:

– пайвасти муносиби усулҳои марказонидани равандҳои инноватсионии фаъолияти библиографии китобхонаҳо ба даст ояд;

– банақшагирӣ, махсусан дар таҳия ва нашр намудани маҳсулоти библиографӣ рӯшан созмон ёбад;

– ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқнамоии фаъолияти библиографии китобхонаҳо дар ҳамаи зинаҳо: ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, идоравӣ ва байниидоравӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавӣ таъмин гардад;

– сатҳи таъминоти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо дар асоси барномаҳои махсуси худкор боло равад.

Наргис НАЗАРЗОДА
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.