Равандҳои маърифатӣ ва диққат дар фаъолияти меҳнатӣ. Эҳсос

Равоншиносони бачагон муқаррар намудаанд, ки 61,3% миёни автомобилҳои рангҳои торик, 32,6% – сиёҳ бо сафед ва танҳо 6,1% – сафед бо сафед ба якдигар бархўрдаанд. Яъне таассуроти ғайривоқеӣ ба вуҷуд меояд, мошини сиёҳ ба пеш ва бо суръати сусттар ҳаракат мекунад ва табиист, ки аз он камтар меҳаросанд. Эҳтимол меравад, ки мошинҳои зард камтар ба садама дучор шаванд. Зеро дар торикӣ ё туман, вақте ки садама аз ҳама бештар рўй медиҳад, ранги зард ҳамчун сурх ба назар мерасад.

*****    *****     *****

Эҳсос чист?

Эҳсос – инъикоси ҳақиқии хосиятҳо ва натиҷаи таъсири онҳо ба узвҳои ҳис ва ҳаяҷони марказҳои асабии майнаи сар мебошад ва бо сифат ва гуногуншаклии худ рангорангии муҳими муҳити зистро барои хислатҳои инсон инъикос менамояд. Нақши ҳаётии эҳсосот аз он иборат аст, ки вай дар айни замон ва зуд ба системаи марказии асаб оид ба ҳолати дохилӣ ва берунии муҳити зист, мавҷуд будани омилҳои назаррас маълумоти биологиро мерасонад.

Ба гурўҳҳо ҷудо кардани эҳсосот

Аз қадимулайём фарқияти панҷ намудҳои асосии (модалӣ – категорияи граматикӣ, к мазмуни нутқро ба воқеият бо воситаи сиға, оҳанг, ибораҳои туфайлӣ ифода мекунад) эҳсосот қабул гардидааст: бўй, мазза, ламс, биноӣ ва шунавоӣ. Ин таснифоти эҳсосот ҳарчанд мукаммал нестанд, аммо бо асосҳои модалӣ дурустанд. Психологи машҳури рус А.Р. Лурия чунин мешуморид, ки таснифоти эҳсосотро бо ду принсипи асосӣ – системавӣ ва генетикӣ (бо ибораи дигар бар раванди модалӣ аз як тараф ва бо принсипи мураккабӣ ё дараҷаи сохти он аз тарафи дигар) гузаронидан мумкин аст.

Таснифоти эҳсосоти системавӣ. Гурўҳҳои эҳсосотро ба калонтарин ва муҳимтарин, инчунин ба се намуди асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: дохилӣ (интеросептивӣ), шахсӣ (проприосептивӣ) ва беруна (экстросептивӣ)-и эҳсосот. Дар аввал, сигналҳое, ки бо мо аз муҳити дохилии организм омада мерасанд, муттаҳид месозанд; дуюм, дар бораи вазъи бадан дар фазо ва вазъи механизми такягоҳӣ-ҳаракатӣ маълумот дода, танзими ҳаракатҳои моро таъмин менамояд; дар охир, сеюм, сигналҳои аз олами беруна омадаро таъмин намуда, барои рафтори бошууронаи мо замина мегузаронад.

Намудҳои асосии эҳсосотро дар алоҳидагӣ таҳлил менамоем.

Эҳсосоти дохилӣ, оид ба вазъи равандҳои дохилии бадан сигнал дода, то ба мағзи сар ва меъда нороҳатии деворҳои меъда, дил ва системаи хунгузар ва дигар узвҳои дохилӣ бурда мерасонанд. Ин гурўҳи бештар қадима ва гурўҳи содаи эҳсосот мебошад. Эҳсоси дохилӣ ба эҳсоси камтар фаҳмидашаванда ва бештар паҳншавандаи шаклҳои ҳамеша нигоҳдорандаи ҳолатҳои эмотсионалии бо ҳам наздик, дохил карда мешавад.

Эҳсоси шахсӣ сигналҳои вазъи баданро дар фазо таъмин намуда, торҳои асабии ҳаракатҳои инсонро ба вуҷуд оварда, дар танзими онҳо нақши муҳим мебозад. Ретсепторҳои ғайримарказии ҳиссиёти шахсӣ дар мушакҳо ва буғумҳо воқеъ буда, ресептори мураккаби асабӣ (зарраҳои Паччинӣ)-ро ба вуҷуд меорад. Ҳаяҷоне, ки дар ин ресептори мураккаби асабӣ ба вуҷуд меояд, эҳсоси кашида шудани мушакҳо ва тағйирёбии ҳолати буғумҳоро инъикос менамоянд. Дар физиология ва психологияи муосир нақши эҳсоси шахсӣ ҳамчун асоси ҳаракати марказшитоб дар ҳайвонот ба таври муфассал аз тарафи олимони рус А.А.Орбели, П.К.Аноҳин ва дар одамон аз ҷониби – Н.А.Бернштейн омўхта шудааст. Тасвири гурўҳи эҳсосот, ки намуди махсуси ҳассосиятро ба вуҷуд меорад, эҳсосоти баробар ё эҳсосоти оморӣ номида мешавад.

Сеюм ва аз ҳама гурўҳи калонтарин эҳсосот ин эҳсоси беруна (экстеросептивӣ) мебошад. Онҳо ба инсон маълумотҳоро аз олами беруна мерасонанд ва гурўҳи асосии эҳсосотӣ ба шумор рафта, пайвасткунандаи одам бо муҳити беруна мебошад. Ҳамаи гурўҳҳои берунаро шартан ба ду гурўҳи калон тақсим кардан мумкин аст: васлкунанда ва фосилавӣ.

Эҳсоси васлкунанда таъсири бевоситаро ба сатҳи бадан ва узвҳои дарккунандаи дахлдор мерасонад. Намунаи эҳсоси васлкунанда маза ва ломиса мебошад.

Эҳсоси фосилавӣ дар масофаи муайян дар узвҳои ҳис ангезишро ба вуҷуд меорад. Ба чунин эҳсос буй, шунавоӣ ва биноиро нисбат медиҳанд.

Тавсифи генетикӣ, ки неврологи англис Х.Хед пешниҳод намудааст, имкон медиҳад, ки ду намуди ҳасосиятро ҷудо намоем:

1) протопатикӣ (исроркорона) (бештар соддалавҳона, пурҳаяҷон, камтар фарқкунанда ва маҳдудшавада), ки ба ҳиссиёти органикӣ (гурўснагӣ, ташнагӣ) дохил карда мешавад;

2) эпикритикӣ (моҳирона (бештар) фарқкунанда, объективӣ ва оқилона), ки ба узвҳои ҳиссиёти одам дохил мешавад.

Ҳассосияти эпиктрикӣ аз нигоҳи генетикӣ ҷавонтар буда, аз болои ҳассосияти протопатикӣ назорат мебарад.

Хосиятҳои эҳсосот

Намудҳои гуногуни эҳсос, на танҳо махсусияти худро, балки хусусиятҳои умумиро низ нишон медиҳанд. Ба ин хосиятҳо дохил мегарданд: сифат, сермаҳсулӣ, давомнокӣ ва маҳдудияти фазоӣ.

Сифат – ин хусусияти хоси эҳсоси мазкур буда, аз дигар намудҳои эҳсосот фарқ мекунад ва дар доираи ҳамин намуди эҳсосот тағйиротро ба вуҷуд меорад. Сифатҳои гуногуни эҳсосот шаклҳои беохири ҳаракати материяро инъикос менамоянд.

Сермаҳсулии эҳсосот тавсифи миқдории он мебошад ва қувваи амалкунандаи ангезанда ва ҳолати функсионалии ресепторро муайян мекунад.

Давомнокии эҳсосот ин тавсифи муввақатӣ аст. Вай ҳамчунин ҳолати функсионалии узвҳои ҳисро муайян менамояд, вале бо ҳамин ҳол замони барангезандагӣ ва сермаҳсулии он низ муайян мешавад. Ҳангоми таъсири ангезандаҳо ба увзҳои ҳис эҳсос дарҳол пайдо намешавад ва баъд аз чанд муддат – ба ном зоҳирнашаванда (пинҳонӣ)-и давраи эҳсос зоҳир мешавад. Давраҳои пинҳонии намудҳои эҳсосот якхела нестанд: масалан, барои эҳсоси тактилӣ 130 мс, барои эҳсоси дард 370, барои эҳсоси мазза – ҳамагӣ 50 мс мебошанд.

Эҳсосот – инъикоси хосиятҳои ҳақиқест, ки дар натиҷаи таъсир расонидан ба узвҳои ҳиссиёт ва ҳаяҷони маркази майнаи сар ба вуҷуд омадааст.

Эҳсосот – аз ҳама падидаи одитарини психикӣ мебошад, ки дар худ ҳолатҳои дарккардашуда ва даркнакардашуда, аммо дар рафтори шахс амалкунандаи маҳсули ангезандаҳои марказҳои системаи асабро, ки дар муҳити беруна ё дохила пайдо мегардад, ифода менамояд.

Эҳсосот объективӣ ва субъективӣ мешавад. Аз як тараф, дар онҳо ҳамеша ангезандаи беруна инъикос меёбад. Аз тарафи дигар – инъикоси ҳақиқат аз ҳолати системаи асаб, хусусиятҳои хоси инфиродӣ ва аз таъсири байниҳамдигарии эҳсосоти гуногуни модалӣ вобаста мебошад.

Масалан, дар яке аз сехҳои васлгарӣ коргарон корро қатъ карданд, чунки ҳавои он ҷо дам ва нафаскашӣ душвор буд. Ҳавотозакунаки иловагӣ кўмак намекард. Психологи даъватшуда пешниҳод кард, ки ба гирди занҷираи ҳавотозакунакҳо раҳи қоғазӣ кашанд. Пагохӣ ҳангоми ба кор омадан, коргарон диданд, ки чӣ тавр фаввораи ҳаво рахҳои қоғазиро алвонҷ дода истодааст, онҳо лабханд заданд: акнун ҳама ҷо салқин. Тавре, ки М.И. Станкин қайд менамояд, вақте ки яке аз анализатор эҳсоси заруриро фароҳам намеорад, анализатори дуюм ба кор медарояд.

Эҳсос талабот дорад – асосҳои рушди зеҳнӣ ва эстетикии шахсият. Дар сурати набудани онҳо, ҳиссиёти афсурдаҳолӣ, ташнагии иттилоотро ба вуҷуд меорад, ки он ба хоболудшавӣ, гум шудани шавқу завқ нисбат ба кор, ба одамон, асабоният, бадҷаҳлӣ, заифӣ, бепарвоӣ, ҳасрат ва баъдтар – вайроншавии хоб ва невроз оварда мерасонад. Беҳуда нест, ки аз ҳама ҷазои сахт дар корхонаҳои калони Ҷопон аз кор ҷавоб додани коргарон ба ҳисоб меравад. Ҷазогирифтаро дар ҳуҷраи алоҳида ҷой мекунанд ва ў ўҳдадор аст, ҳеҷ коре накарда, тамоми рўз дар он ҷо бимонад. «Ин бениҳоят мушкил аст», – онро, масалан, косманавтҳо шаҳодат медиҳанд. Онҳо бовар мекунанд, ки он аз паридан бо парашют ё нишастан дар сентрафуг ҳам вазнинтар аст.

Ҳассосияти системаи асаб мумкин аст дар натиҷаи машқҳо тағйир ёбад. Ин таъсир метавонад физиологӣ ё психологӣ бошад. Намунаи хоси таъсиррасонии физиологӣ – бо оби хунук шустани дасту рўй мебошад, ки ҳассосияти анализатори биноиро баланд мебардорад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки кори як узви ҳис метавонанд кори дигар узвро (ин сенсибилизатсия, яъне афзудани ҳассосии организм нисбат ба таъсири чизе, номида мешавад) ҳавасманд ё нобуд гардонад. Масалан, бўйи тези ногувор ҳассосияти биноиро кам мекунад. Ҳангоми ангезандаҳои пасти рушноӣ эҳсосоти шунавоӣ боло рафта, ҳангоми бошиддат – бад хоҳад шуд. Ангезандаҳои сусти дардовар ҳассосияти биноӣ, бўй ва тактилиро зиёд мекунад. Турушӣ ҳассосияти биноиро зиёд мекунад.

Мусиқӣ ҳама гуна эҳсосотро фаъол мегардонад. Тасодуфи нест, ки дар як қатор ширкатҳои Ҷопон, Фаронса, Дания рўзи корӣ бо машқҳо оғоз мегардад. Баъд аз ин коргарон боз ҳам зудтар ба кор «мечаспанд» ва ба осонӣ онро аниқ, дақиқ бо ҳаракатҳои ҳамоҳанг, ки махсусан барои операторони бо технологияи мураккаби муосир вобаста, васлгарони соат, бофандагон ва ғайраҳо муҳиманд, иҷро мекунанд.

Муҳаққиқи рус М.И. Станкин изҳор менамояд, ки нушокиҳои спиртӣ ҳассосияти узвҳоро якчанд маротиба зиёд мекунанд. Аммо на бештар аз 12-15 дақиқа. Баъд ҳассосият якбора то 60% нисбат ба дараҷаи аввала паст мегардад.

Эҳсосотро инкишоф додан мумкин аст. Масалан, рангмоли ботаҷриба то 200 тобишҳои ранги сиёҳро мешиносад, ҳол он ки дар оғози кор шахс, на бештар аз 4-5 – тои онро мешиносад.

Қонунияти эҳсосот мавҷуд аст, ки онро «таъсири оқибат» меноманд. Он дар касбҳои марбут бо ҳаракат ва бо суръати баланд нақши муҳим мебозад. Ҳангоми таъсири дарозмуддат ба узвҳои ҳис, образҳои предмет якбора бо қатъ гардидани ин таъсир аз байн намеравад. Инкор кардани ин қонунияти психика – сабабгори садамаҳои зиёд, махсусан дар мавзеҳои ноҳамвор – дар кўҳҳо мебошад. Садамаҳои норавшан ҳамчунин ба касоне дахл доранд, ки дар нимторикӣ, одатан берун аз шаҳр, вақте ки мошинҳо ҳангоми аз чорраҳаҳо гузаштан, бармехўранд, сурат мегирад. Ронандагон бояд аз масофаи дур якдигарро медиданд, вале танҳо дар охирин лаҳза, пеш аз бархўрд якдигарро диданд. Зеро мардумаки чашм дар холи бо ном «кўрона» ҷой гирифтааст. Агар объект ба минтақаи амали ин хол (нишона) афтад, он гоҳ он инъикос намеёбад. Аз ин рў, ронандагони мошин, ки бо суръати якхела мерафтанд, ба якдигар зоҳир нагардидаанд.

Равоншиносони бачагон муқаррар намудаанд, ки 61,3% миёни автомобилҳои рангҳои торик, 32,6% – сиёҳ бо сафед ва танҳо 6,1% – сафед бо сафед ба якдигар бархўрдаанд. Яъне таассуроти ғайривоқеӣ ба вуҷуд меояд, мошини сиёҳ ба пеш ва бо суръати сусттар ҳаракат мекунад ва табиист, ки аз он камтар меҳаросанд. Эҳтимол меравад, ки мошинҳои зард камтар ба садама дучор шаванд. Зеро дар торикӣ ё туман, вақте ки садама аз ҳама бештар рўй медиҳад, ранги зард ҳамчун сурх ба назар мерасад.

Ҳассосияти барои ҳар як шахс инфиродӣ аст. Илова бар ин, тағйирот вобаста ба синну сол аст. Ҳангоми расидан ба синну соли ҷавонӣ ҳассосият ба ҳадди баланд, сипас бо гузашти солҳо, он коҳиш меёбад.

*****   ******  ******

Бознашр аз китоби “Психологияи идоракунӣ”. Китоби донишманд, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзализода Ҷумахон Хол, соли 2018, дар матбааи “ЭР-граф” ба табъ расидааст. Дар китоб масъалаҳои методологӣ ва умуминазариявии идоракунии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳои идоракунии давлатӣ инъикос гардидааст. Воситаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани ихтисосҳои «Иқтисод ва идоракунӣ» таҳия гардида, барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод шудааст. Аз он олимон, омўзгорон, муҳаққиқон инчунин дигар мутахассисоне, ки нисбат ба назарияи психологияи идоракунӣ ва психологияи иҷтимоӣ тавваҷуҳ доранд, истифода бурда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ