Равандҳои маърифатӣ ва диққат дар фаъолияти меҳнатӣ. Идрок
Ҳангоме, ки ронандаи навомўз бо суръати баланд автомобили дар пешбударо мегузарад, ба назари ў чунин мерасад, ки хати марказӣ нисбат ба аслаш бисёр наздиктар аст. Танҳо 35% ронандагон мутаносибан ҳаракати автомобилро дуруст муайян мекунанд. Дигарон хато карда, аксаран дар роҳ вазъияти фавкулода эҷод карда, ба садама дучор мешаванд.
**** **** ****
Идрок раванди мураккаби қабул ва табодули иттилоот, таъмини инъикоси воқеияти объективӣ дар муҳити атроф мебошад. Ҳамчун як шакли инъикоси ҳиссиёти предметӣ, дар маҷмўъ ошкор кардани объект, фарқи байни нишонаҳои алоҳидаи объект, ҷудо кардани мазмуни иттилоотии он, амали муносибати мақсаднок, ташаккули образи ҳиссиётро дар худ ҷой медиҳад.
Идрок инъикоси мақсадноки предметҳо ва падидаҳои олами объективиро дар ҷараёни таъсири бевоситаи онҳо ба увзҳои ҳис меомўзад. Идрок натиҷаи фаъолияти низоми анализаторҳо мебошад. Идрок барои ҷудо намудани маҷмўи аломатҳои таъсиррасонандаи асосию аз ҳама муҳим ва дар айни замон дур шудан аз нишонаҳои ғайриаслӣ мусоидат мекунад. Он тақозо мекунад, ки нишонаҳои асосӣ якҷоя ва нисбат ба таҷрибаи гузашта муқоиса карда шаванд. Ҳар гуна идрок ҷузъи фаъоли ҳаракат ва фаъолияти мураккаби таҳлилӣ-синтетикии мағзи сарро ҷоннок менамояд.
Қонунияти эҳсосоти субъективӣ – ҳамон як маълумоте мебошад, ки одамон бо роҳҳои гуногун, субъективона, вобаста ба талабот, манфиатҳо, қобилияти худ ва ғайраҳо дарк менамоянд. Вобастагии идрок аз мазмуни ҳаёти психикии одам, аз хусусиятҳои шахсияти ў, номи апперсепсияро мегирад.
Идрок дорои хосиятҳои зерин аст:
- Яклухтӣ – идрок ҳамеша образи яклухти предмет мебошад. Одатан, аввал яклухт идрок карда мешавад ва сипас қисм ба қисм. Баъзе коргарон, махсусан онҳое, ки ақли босуръат (тез) доранд, мехоҳанд моҳияти он чиро донанд ё бишнаванд, ки ҳоло дарк накардаанд ва албатта онҳо хулосаи нодуруст мебароранд. Сипас, даъво мекунанд, ки маҳз ба онҳо чунин гуфта буданд. Агар ҳамаи объект ё падида ба пуррагӣ бо тамоми хусусиятҳояш дастрас набошад, пас шахс он ҷузъиёти норасро бо фаҳмиши худ фикр мекунад.
- Константӣ (бетағйир) – объектҳои гирду атроф доимо мутаносибан дар шакли ранг, андоза ва ғайраҳо идрок карда мешаванд. Манбаи константии идрок амалҳои фаъолонаи системаи персептивӣ мебошанд. Мо аз дахолатҳо худро дур мегирем ва диққатамонро ба муҳимтаринаш ҷалб менамоем, ба тағйироти хурд, ки баъдан метавонанд ҷамъ шуда, боиси ҳолати садомати сахт (шок) гардад, беэътиноӣ мекунем. Масалан, волидон ногаҳон пай мебаранд, ки писарашон калон шуда истодааст, директор шояд ошкор намояд, ки муовини ў аллакай аз ҷиҳати касбият аз ў бартарӣ дорад. Ин тамоюл ба он оварда мерасонад, ки роҳбар мавҷуд будани вазъияти низоъро дар коллектив то даме ки ҳодисаи дахлдор рўх надиҳад, пай намебарад.
- Сохторӣ – идрок ҷамъи одии эҳсосот нест. Мо дар ҳақиқат аз ин эҳсосот сохтори умумияшро ба назар мегирем: калима ва ибора, якҷоя садоҳои алоҳида, имову ишора ба ҷои ҳаракатҳои алоҳидаи инсон, ҳаракати объектҳо ба ҷои тасвирҳои алоҳида. Масалан, роҳбари сех барои дидани коллективи меҳнатӣ кўшиш менамояд, вале дар он одамони алоҳидаро пай намебарад.
- Фаҳмидашавандагӣ – идрок бо тафаккур бо фаҳмиши моҳияти предметҳо сахт алоқамандӣ дорад. Мо предметҳоро фаҳмида номбар мекунем ва моҳияти онҳоро барои худ муайян мекунем. Ҳар як предмет ба категорияи муайян дохил мешавад, ки хосиятҳои худро дорад ва вазифаи муайянро иҷро менамояд. Агар мо ягон объектро дарк карда истода, асосан ягон чизро хато кунем, мумкин аст ягон ҷузъиёти онро нодуруст тавсиф намоем. Шояд дар асоси шарҳу эзоҳ ба хулосаҳои калон расем. Масалан, як коргар ба шарҳу эзоҳ дода шуда, роҳбарашро ба ҷои Сафар Ҳасанович Сафар Сангинович номид. Сардор мумкин аст, инро ҳамчунин беэҳтиромӣ нисбат ба худ шуморида, коргарро барои тағйир додани ҷойи кор таъкид намояд.
- Интихобӣ – дар тақсимоти бештари як объект дар муқоиса бо дигар объектҳо ба вуҷуд меояд. Он чӣ, ки ҳангоми идрок дар маркази диққати инсон аст, объекти (симои) идрок номида мешавад, ҳамаи боқимонда – замина мебошанд. Барои он, ки сари вақт ба дарсҳо иштирок намоянд, дар шуъбаи техникии таълим бо мақсади ба даст овардани дараҷаи олӣ, исбот, формулаҳо, хулосаҳои омўзгор объект мешаванд ва мисолҳои овардаи онҳо – заминаи идрок. Объект нисбат ба замина пурмазмунтар, бойтар мебошад. Он беҳтар фаҳмида ва дар хотир нигоҳ дошта мешавад. Инсон дар бораи объект фикр мекунад, на дар бораи замина. Аммо объект метавонад ба замина табдил ёбад ва замина одатан кўшиш менамояд, ки ба объекти идрок табдил ёбад. Аз ин рў, дар ҷаласаҳо, дастурдиҳӣ, суҳбатҳои ҷиддӣ дар бораи ҳолатҳои шавқовар бо зердастон бояд бениҳоят эҳтиёткорона, далелҳо, мисолҳои равшанро овардан лозим аст. То ин ки онҳо ҳамчун замина бимонан, ба онҳо диққати худро нигоҳ доштан зарурат надорад ва дар бораи онҳо тезтар ва пасттар сухан кардан лозим аст. Объекти идрокшавандаро бо интонатсия, такрори якчандкарата, бо муаррифии саволҳо ва муколама бо кормандон, бояд ҷудо намуд.
Идроки предметҳо метавонад хато бошад. Хатогиҳо дар фаъолияти анализаторҳои гуногун ошкор мегарданд. Бештар дар дараҷаи хатогиҳои биноӣ (иллюзия) маълум аст. Иллюзия сабабҳои гуногун дорад: таҷрибаи амалии инсон, хусусиятҳои хоси анализаторҳо, тағйири шароитҳои идрок ва ғайраҳо.
Масалан, ҳангоме, ки ронандаи навомўз бо суръати баланд автомобили дар пешбударо мегузарад, ба назари ў чунин мерасад, ки хати марказӣ нисбат ба аслаш бисёр наздиктар аст. Танҳо 35% ронандагон мутаносибан ҳаракати автомобилро дуруст муайян мекунанд. Дигарон хато карда, аксаран дар роҳ вазъияти фавкулода эҷод карда, ба садама дучор мешаванд. Шабона роҳи асфалти ҳамвор нисбат ба ноҳамвор хеле бад намоён гардида, дар ҳамаи самтҳо нур инъикос мекунад. Ҳангоми муайян намудани кунҷи равшани асфалти хушк, тар метобад. Пас аз нишебии пурмашаққати тўлонӣ минбаъд ба баландӣ баромадан нисбат ба асл дароз ба назар мерасад. Баъди баландии пурмашаққат нишебии минбаъда ба назар тўлонӣ мерасад. Ҳангоме, ки чароғҳои асосии пеши мошин роҳро ба масофаи наздик равшанӣ медиҳад, чунин ба назар мерасад, ки гўё автомашина яктарафа ва баръакс роҳ рафта истодааст. Агар аз тарафи дигар автобус бо чароғҳои андозааш калон дучор ояд, ронандаро иллюзияи бениҳоят сахт фаро мегирад, ба назар чунин мерасад, ки аз рў ба рў ду автомашина ҳаракат карда истодааст ва роҳ боло меравад.
Ба корҳои дигар диққат дода, инсон метавонад ҳар як садои шунидаашро ба садои сардораш монанд кунад. Дар кинофилми «Садоқат» старшина амри пешакӣ дод: «Рота аз ҷой, бо суруд ба пеш…» дар ҳамин лаҳза аз ошхона дўстдоштааш баромад. Старшина ба ў нигоҳ карда, бо имову ишора ба ў сухан намуд ва саги дар наздаш хобида аккос зад. Рота ҳамчун як одам бо суруд ба пеш ҳаракат намуд.
Идрок бояд ташкил карда шавад. Вобаста ба ин равандҳои асосии дарки оқилонаи иттилоотро таҳлил менамоем:
- Возеҳу равшан тасвият додани мақсадҳои маърифатӣ, интихоб намудани иттилооти аниқ. Мо бояд худро ба он одат кунонем, ки фаъолиятро бо тасвият – агар имконият бошад, дақиқ ва равшан – мақсаднок оғоз намоем. Бояд ба худ савол диҳем: «Бо дарки ин иттилоот ман ба чӣ ноил шудан мехоҳам?» Сипас бояд муайян намоем, кадом маълумот метавонад ҳангоми расидан ба мақсадҳо нақши муҳимро бозад.
- Анализаторҳо ҳамаҷониба ва пуршиддат истифода бурда шаванд. Дар ҳама ҳолатҳо, вақте ки он мувофиқ аст, бояд пеш аз ҳама барои дарки иттилоот, кўшиш намоем, ки анализатори бартаридоштаро (биноӣ ё шунавоӣ) истифода барем. Ба ҳар андозае, ки анализаторҳо васеъ истифода бурда шаванд, бо ҳамон андоза раванди идрок пуршиддатар мегардад. Аз ин рў, ҳангоми кор бо матн на танҳо барои фаҳмидани маънои он, балки барои фаҳмидани он дар шакли образ низ кўшиш намудан лозим аст. Ҳамчунин метавонед, агар он кўмак кунад, фикрҳои муҳимро қайд намоед. Матнро бо овози баланд хонед, кўшиш намоед, ки ба вай ҷилои эмотсионалӣ ва ритми муайян диҳед. Санҷед, ки оё он ба дарки ҳаракат таъсири мусбӣ намерасонад. Дар он ҷое, ки он мувофиқи мақсад аст, кўшиш намоед, ки анализатори бўй, мазза ва ломиса истифода шаванд.
- Шавқу завқро ба вуҷуд оред. Кўшиш кунед он маълумотеро, ҷолиб аст ва мехоҳед ба хотир гиред, ҳамонро ташкил намоед. Барои ин бояд аҳамияти онро (барои кор) сарфаҳм равед. Тамоми донишҳоро ба кор баред, то ин ки раванди идрок боз ҳам бештар шиддат гирад. Барои ин муфид аст, то мулоҳиза намоед, ки доир ба иттилооти идрокшаванда чиро медонед, вай ба дониш чӣ муносибат дорад ва он чӣ гуна барои боз ҳам хубтар ба хотир гирифтан, кўмак мерасонад.
Бознашр аз китоби “Психологияи идоракунӣ”. Китоби донишманд, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзализода Ҷумахон Хол, соли 2018, дар матбааи “ЭР-граф” ба табъ расидааст. Дар китоб масъалаҳои методологӣ ва умуминазариявии идоракунии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳои идоракунии давлатӣ инъикос гардидааст. Воситаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омода намудани ихтисосҳои «Иқтисод ва идоракунӣ» таҳия гардида, барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод шудааст. Аз он олимон, омўзгорон, муҳаққиқон инчунин дигар мутахассисоне, ки нисбат ба назарияи психологияи идоракунӣ ва психологияи иҷтимоӣ тавваҷуҳ доранд, истифода бурда метавонанд.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши
забонҳои хориҷӣ