Равшанҷони хурдакак бо ҳадафҳои бузург
Равшанҷон Тоҳирзода хонандаи синфи 1-и МТМУ рақами 15-и шаҳри Панҷакент довталаби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон аст. Ӯ аз синни шашсолагӣ ҳамроҳи падараш Саид Тоиров хондану навиштанро аз бар намуда, ба хондани афсонаву ҳикоя ва шеърҳо шавқу рағбат пайдо намудааст.
Барои омодагӣ ба Озмун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва тоторӣ шеърҳо аз худ намудааст. Зимни суҳбат ин довталаб гуфт,ки 1501 мисра шеър, 2 повест, 30 ҳикояву афсона ва чистону зарбулмасалу тезгӯякҳо мутоилаву аз бар кардаам. Нависандаҳои рус ва англисро хеле дӯст медорам. Аз ашъори Лермонтов ва Пушкин шеърҳои зиёде аз худ кардаам.
“Гарчи хурд бошам ҳам, қалби бузург дорам ва бо муҳаббати зиёд китоб мехонам”,– бо ифтихор мегӯяд Равшанҷони хурсол.
Ӯ аз суолҳои ҳакамон ва адабиёти мутолиа кардааш розӣ аст. Мегӯяд, ҳамаи суолҳо хеле сода ва фаҳмо буд ва кӯшиш намудам ба ҳамааш посух гӯям.
Ба Равшанҷон ва дигар довталабони “Фурӯғ…” барор мехоҳем.
Суҳбати Наргис Назарзода