Редярд Киплинг ва “Маугли” — асаре, ки наслҳоро ба дӯстӣ ва инсондӯстӣ ҳидоят мекунад

Дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳон асарҳое мавҷуданд, ки новобаста аз гузашти замон аҳамияти маънавӣ ва тарбиявии худро гум намекунанд. Яке аз чунин асарҳо «Китоби ҷангал»-и нависандаи англис, дорандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт Редярд Киплинг мебошад. Машҳуртарин қиссаи адиб бо номи «Маугли» ба силсилаи асарҳои «Китоби ҷангал” шомил аст, ки бо ғояҳои инсондӯстӣ, ҷасорат ва муҳаббат ба табиат миллионҳо хонандаро тарбия ва тасхир кардааст.
Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҷаҳонбиниву маърифати хонандагони наврасу ҷавон ва тарғиби мутолиаи китоб, ба вижа, осори адибони дорандаи ҷоизаи Нобел, силсиламаҳфили “100 дорандаи ҷоизаи Нобел” идома меёбад. Ин маҳфили басо шавқовару пурмуҳтаво ва иттилоотиро кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Маҳфили навбатии «Сад дорандаи Ҷоизаи Нобел» ба ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва осори адиби маъруфи англис, барандаи Ҷоизаи Нобел Ҷозеф Редярд Киплинг бахшида шуд. Осори ин адиби маъруфи англис, ки соли 1907 ба дарёфти Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт мушарраф гардидааст, то имрӯз дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад.

Маҳфил бо ширкати хонандагони фаъоли китобхона, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва инчунин кормандон Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ки онро муовини директори муассиса Камолзода Сайфиддин ҳусни оғоз бахшид. Камолзода Сайфиддин қайд намуд, ки силсилаи барномаву маҳфилҳои тобистонаро Китобхона маҳз ба хотири хонандагони закӣ ва ҳушманду китобдустдори худ роҳандозӣ намудааст. Бояд гуфт, ки ин иқдом ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. “Тавре ки ҳама огоҳӣ дорем, номинатсияи “адабиёти ҷаҳон” дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нақши калидӣ дорад, зеро дар баробари омӯхтани адабиёти классику муосири тоҷик, хонандаи имрӯз ба адабиёти ҷаҳон низ рӯй меоваранд,” -гуфт муовини директор Камолзода. Аз ин рӯ Китобхонаи миллӣ баргузории чунин маҳфилҳоро саривақтӣ дониста, мекӯшад ташрифи хонандагони худро ба китобхона боз ҳам рангинтар созад.
Маҳфил бо қироати шеъри машҳури Редярд Киплинг “Агар…” ба кори худ шуруъ намуд. Ин шеър ба шакли насиҳати падар ба фарзанд навишта шудааст. Киплинг дар он хислатҳоеро номбар мекунад, ки инсонро ба шахсияти комил табдил медиҳанд. Лозим ба зикр аст, ки иштирокдорони маҳфил дар атрофи ин шеър андешаҳои худро гуфта, ҳар яке бо се калима асарро, аниқтараш сифатҳои омӯзандаи онро номбар намуданд: сабурӣ ва таҳаммул; боварӣ ба худ, аммо бе такаббур; ростқавливу меҳнатдӯстӣ; ба нокомиҳо нигоҳ накарда, ба роҳи худ, ба сӯи мақсади худ ҳаракат кардан; истифодаи босамари вақт; эҳтиром нисбат ба одамон ва эҳсосоташон, ва албатта идора намудани эҳсосоти худ.
Сипас иштирокчиён доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Редярд Киплинг, муҳтавои тарбиявии яке аз қиссаҳои машҳури “Маугли”, бахусус шоҳасари чаҳонии ӯ “Китоби чангал” ва аҳамияти он дар адабиёти ҷаҳон андешаҳои худро иброз доштанд. Доир ба қаҳрамонон, ғояи асосӣ ва арзишҳои ахлоқии он мубодилаи афкор намуда, лаҳзаҳои барои худ хотирмону писандидаи асарро нақл карданд. Маврид ба зикр аст, ки адиб тавонистааст сеҳру ҷозибаи Ҳиндустони афсонавиро бо одоби ҷиддии Англияи пуриқтидор муттаҳид созад.

Ҷозеф Редярд Киплинг яке аз маъруфтарин нависандагон, шоирон ва рӯзноманигорони адабиёти англис ба шумор рафта, соли 1907 сазовори Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид. Ӯ нахустин нависандаи англисзабон буд, ки ба ин ҷоиза шарафёб шуд ва дар ҳамон давра ҷавонтарин барандаи Нобел ба ҳисоб мерафт. Кумитаи Нобел эҷодиёти ӯро барои қудрати мушоҳида, тахайюли ғанӣ, навоварӣ ва маҳорати баланди ҳикоянависӣ арзандаи ҷоиза донистааст.
Дар зимн, асар ба башарият на танҳо таърихи писарбачаи дар миёни гургхо калоншударо тӯҳфа намуд, балки кодекси универсалии номусу чавонмардиро ба вучуд овард, чун дар ин кодекс Қонуни Чангал гоҳо ба таври аҷиб аз қонунҳои ҷомеаи башар одилонатару бошарафтар аст!
Ҷозеф Редярд Киплинг на танҳо адиби Ҳиндустон, ки дар онҷо таваллуд шудааст, ё адиби англис, ки дар Англия таҳсили илму фаъолият кардааст ё худ адиби Амрико аст, ки он ҷо умр ба сар бурдааст, балки адиби ҷаҳонист.
Боиси хушнудист, ки бачаҳо на танҳо дар мавриди асари машҳуру шинохта суҳбат карданд, балки аз эҷодиёти адиб шеърҳои азбар кардаи худро низ пешкаши ҳозирин намуда, маҳфилро дар ҳамин мавҷи зебову лирикӣ ва умед ба вохӯрии оянда пушида хонданд.
Силсиламаҳфили «Сад дорандаи Ҷоизаи Нобел» миёни хонандагони наврас ва дӯстдорони адабиёти ҷаҳон бо истиқболи гарму самимӣ рӯ ба рӯ гашта, зикр шуд, ки дар маҳфилҳои минбаъда низ ҳаёт ва осори дигар барандагони Ҷоизаи Нобел мавриди суҳбати самимиву ҷолиб қарор хоҳанд гирифт.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа