Рисолати Хайрандеш  (Тақризи мавзун)

 

Миёни чанд асари шоистаи шоирони ватанӣ имсол девони ғазалҳои шоири маҳбуби мардум Хайриддини Хайрандеш бо номи «Ҳамешабаҳор» (Хуҷанд, “Ношир”, 2020)  низ барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи устод Мирзо Турсунзода пешниҳод ва ба муҳокимаи умум гузошта шудааст.

 

Бо арзёбии ин китоби сазовор, метавон гуфт, ки дар он хонанда бо шеъри зулол ва шоири баркамоле рўбарў меояд, ки марҳилаҳои таҳаввулро гузаштаву ба маснади камол нишастааст. Яъне асаре аз ҳар назар сазовори ин ҷоизаи адабӣ.

Ва некўст, ки дар ҳошияи ин дурахш ба корномаи шоирии устод Хайрандеш ва сарнавишту рисолати хосаи шеъри ў дар солҳои буҳрони маънавии ҷомеа ишорате дошта бошем. Масире, ки дар он шоир худро, шеърашро, хонандаашро, маҳфилашро ва ҷомеаашро зина ба зина парвариш дод.

Бо ҳамин мазмун назме ҳиҷоӣ бо рўҳу сабки шеърҳои мардумии худи Хайрандеш пешкаш мешавад.

Бо ин таъкид, ки расидан ба сатҳу сабки содаи ў осон нест, зеро танҳо худи Хайрандеш метавонад чун Хайрандеш нависад.

***

Дар замоне, ки шоирӣ мемурд,

Ӯ зи тобути шеър исён кард,

Дар замоне, ки тир меборид,

Ӯ барошуфту шеърборон кард.

 

Дар ҳамон соате, ки аз қисмат,

Шоири шоирон ба зиндон буд,

Дар ҳамон даврае, ки аз фитна,

Миллату шеъри мо парешон буд.

 

Дар замоне, ки хунчакон мекард,

Тири тоҷик синаи тоҷик.

Дар замоне, ки чун алаф месўхт,

Шеъру ганҷу хазинаи тоҷик.

 

Дар замоне, ки дар ҳама Қурған,

Илму фарҳангу шеър ҷон медод,

Дар замоне, ки дар ҳама Кӯлоб,

Ҳеҷ маҳфил намонда буд обод.

 

Ӯ ба таъсиси мактаби худ шуд,

Тоҷики аввалини мактабдор,

Ва ба рағми хазони шеър он рӯз,

Кошт ў маҳфили «Ҳамешабаҳор».

 

Он қадар сода гуфту фаҳмо гуфт,

Дару девор низ мефаҳмид.

Ин қадар сода гуфту фаҳмо гуфт,

Ҷангсолор низ мефаҳмид.

 

Он чуноне, ки Акбари Саттор,

Бо ду-се рӯзномаи сода,

Қаҳрамонона боз барпо монд,

Матбуоти зи пой афтода.

 

Инчунин як рисолати миллӣ,

Хайрандеш низ иҷро кард,

Бо ҳамон шеърҳои дедонӣ,

Завқро андак-андак эҳё кард.

 

Гоҳ бо ширрӯгану қуртоб,

Шеърро дар гӯлӯи мардум рехт.

Гоҳ монандаи доруи кӯдак,

Шеър бо ширбиринҷ меомехт.

 

Бо ҳама роҳу ҳиллаву тадбир,

Ҳазми онро чу маска осон кард.

Дар замони «пуф»-и қумандонҳо

Шеърро оқибат қумандон кард.

 

Шеъри ӯ васфи «ҷом»-у «соқӣ» не,

Косаи чинии мураббо буд,

Ё фатирмаскаи Сарихосор,

Ё Имомаскарии зебо буд.

 

Шоири даштҳои кокутӣ,

Накҳати зираву гули гандум.

Мазҳари зиндаи ватандорӣ,

Ғаму шодии зиндаи мардум.

 

Номаи байни ошиқу маъшуқ,

Гули ҳар базму сур – Хайрандеш.

Ба лаби ҳар ғарибу ғамдида,

Сари ҳар санги гўр – Хайрандеш.

 

Шеъри ӯ васфи «сарв»-у «тубо» не,

Балки пӯдинаи лаби ҷӯ буд…

Бо ҳамин мардумӣ навиштанҳо,

Шоири мардумитарин ӯ буд.

 

Тайи чил соли мактабу маҳфил,

Шерърро суфта-суфта гавҳар кард.

Худу шогирду мухлисонашро,

Парвариш доду тоҷбарсар кард.

 

Дар «Ҳамешабаҳор»-и худ инак,

Шоири баркамолу устод аст.

Нақди кўтоҳи ин асар ин аст:

Ба Худо, шоири худодод аст!

 

Беҳтарин шарҳи вожаи Шоир,

Дилу эҳсосу хомаву эҷод…

Ҳам камолоти зиндагӣ табрик,

Ҳам камоли сухан муборак бод!